Хуҷанд узви ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ гардид

№133 (3927) 06.11.2018

khudzhand_41Шаҳри Хуҷанд — маркази маъмурии вилояти Суғд ба узвияти Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» пазируфта шуд.

Гувоҳномаи узвиятро ба ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси шаҳри Хуҷанд супорид.

Акнун шаҳри Хуҷанд метавонад аз имконият ва захираҳои шаҳрҳои аъзои ин ташкилот ба таври васеъ истифода барад ва робитаҳои тиҷоратиашро таҳким бахшад.

Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» соли 2015 дар Гонконг таъсис ёфтааст ва ширкатҳои бузургтарини 36 давлати мутараққиро муттаҳид месозад.

 М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»