Дар мавзӯи муҳим

52 млн. тонна партовҳои радиоактивӣ. Онҳоро чӣ кор бояд кунем?

№8 (4114) 14.01.2020

РадиоактивҲоло яке аз масъалаҳои ҳалталаб таъмин намудани амнияти фаромиллии экосистемавӣ ба шумор меравад. Давлатҳои пешрафтаи дунё, ба монанди Россия, ИМА, Хитой, Германия, Япония ва ғайра барои солимгардонии экосистемаи худ маблағҳои ҳангуфтро харҷ карда истодаанд.

Хурсандиовар аст, ки бо кӯшиши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба шароити вазнини солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ, баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист қадамҳои устувор гузошта шудааст.

Яке аз ҷузъҳои таркибии амнияти экосистемавӣ таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон, ки замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саноати тараққикардаи истихроҷ ва коркарди маъдани уран ба роҳ монда шуда буд, ба ин проблема аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мешуд.

Пеш аз ҳама, масъалаи фароҳам намудани замина барои аъзошавии Тоҷикистон ба Агентии байналмилалии неруи атомӣ — МАГАТЭ (минбаъд АБНА) ва ба имзо расонидани Созишнома оид ба Кафолатҳо дар робита бо Аҳдномаи паҳн нанамудани яроқи ядроӣ ва Созишнома оид ба минтақаи аз яроқи ядроӣ озод дар Осиёи Марказӣ ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 1999 қарор «Оид ба ташкил намудани Комиссия баҳри ҳамкорӣ бо АБНА» — ро қабул намуд. Дар заминаи фаъолияти комиссияи мазкур тӯли ин солҳо аз ҷониби парлумони ҷумҳурӣ якчанд қонуни ба таъмини бехатарӣ нигаронидашуда, аз ҷумла, «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» (1 августи соли 2003), «Дар бораи истифодабарии энергияи атом» (9 декабри 2004), «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» (22 июли соли 2013) қабул гардиданд.

Илова бар ин, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ — Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии зеридоравӣ қабул ва заминаи мукаммали ҳуқуқӣ баҳри таъмини бехатарии радиатсионӣ дар кишвар муҳайё гардид.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикис­тон ҳаҷми зиёди партовҳои радиоактивиро, ки дар натиҷаи фаъолияти саноати коркарди уран ҳосил шудаанд, мерос гирифт.

Истеҳсоли консентрати уран замони Шӯравӣ аввалин маротиба соли 1944 дар заводи таҷрибавӣ, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз гардид ва минбаъд дар вилояти Суғд 6 корхонаи истеҳсоли консентрати уран сохта шуд. Ҳамин тавр, дар давоми 50 сол дар Тоҷикистон қариб 100 ҳазор тонна консентрати уран ҳосил шудааст, ки дар ин замина зиёда аз 55 млн. тонна партовҳои радиоактивӣ ба вуҷуд омадааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2002 мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ – Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Фаъо­лияти филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 15 августи соли 2004  оғоз гардидааст. Дар ин муддат аз ҷониби филиали мазкур иқдомоти зиёде амалӣ шудаанд.

Дар тӯли 15 соли фаъолият  аз ҷониби мутахассисони он технологияи истифодаи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла, пӯчоқи зардолу, ҷалғӯзаи дарахти санавбар ҳамчун сорбент (маводи ҷабанда) бо мақсади ҷудо кардани уран аз обҳои радионук­лиддор пешниҳод гардид. Дар асоси корҳои илмӣ дар ин самт олимон соҳиби 2 патент шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар заминаи корҳои илмӣ — тадқиқотӣ аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ харитаи радиоэкологии ҳудуди вилояти Суғд тартиб дода, таснифоти он дақиқ карда шуд.

Дар ин муддат аз ҷониби кормандони филиали Агентӣ бо мақсади таъмини бехатарии радиатсионӣ шиноснома (паспорт)-и 10 маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивии вилоят омода карда шуд, ки дар онҳо мунтазам мониторинги радиоэкологӣ гузаронида мешаванд.

Дар робита ба арзёбии хавфнокӣ ва эҳтимолияти таҳдид ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014 «Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014 — 2024» қабул шуд. Мутобиқи консепсияи мазкур, маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии «Деҳмой» ва шаҳри Истиқлол ҳамчун қитъаҳои афзалиятнокиашон баланд барои амалишавии корҳои солимгардонӣ муайян ва нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои ин тасмим тасдиқ гардид.

Мутобиқи талаботи консепсияи зикршуда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд солҳои 2017 — 2018 дар маҳфузгоҳи Деҳмой дар масоҳати 20 гектар корҳои солимгардонӣ ба анҷом расиданд.

Айни замон барои гузаронидани корҳои солимгардонӣ дар маҳфузгоҳҳои минтақаҳои Деҳмой ва Истиқлол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳаи байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи якум барномаи мақсадноки байнидавлатии «Солимгардонии ҳудудҳои давлатҳо – аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), ки бо таъсири истеҳсолоти истихроҷи уран мувоҷеҳ мебошанд» аст, ки аз ҷониби Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Россия таҳия шудааст. Ҳадафи ин лоиҳа, солимгардонии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивии «Фабрикаи маъданҳои каммаҳсул»-и шаҳри Истиқлол мебошад. Лоиҳаи дуюм «Гузаронидани арзёбии маҷмӯавии таъсир ба муҳити зист ва коркарди асоснокии техникӣ — иқтисодии идоракунӣ ва солимгардонӣ дар объектҳои мероси уранӣ дар қитъаҳои Деҳмой ва Табошар, Тоҷикистон» аст, ки солимгардонии маҳфузгоҳи Деҳмой ва тоза кардани обҳои техникии шаҳри Истиқлол аҳдофи он мебошад.

Муҳим он аст, ки тайи солҳои 2004 — 2019 аз ҷониби мутахассисони филиали Агентӣ зиёда аз 700 манбаи афканишоти ионофар, ки дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Суғд мавриди истифода қарор доштанд, ошкор ва  дар ҷойи махсус гӯронида шуданд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои фаъолияти филиали Агентӣ тӯли 15 соли охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорати давлатии бехатарии радиатсионӣ дар вилояти Суғд мутобиқи талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва барои таҳкими ҳамкории судманд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ шароит фароҳам аст.

 Холмурод НАЗАРОВ, директори филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, доктори илмҳои техникӣ, профессор