23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадамҳои устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар

№23 (3817) 22.02.2018

ВазирАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоту суханрониҳояшон бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот пайваста таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас ­доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ­масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Зеро ҳеҷ як давлат бе Қувваҳои Мусаллаҳ вуҷуд дошта наметавонад. Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти кишварро таъмин менамояд.

DSC_822823-юми феврали соли 2018 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ, муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикис­тони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд. Мутаассифона, барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллӣ дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва он дар заминаи «Фронти халқӣ» — қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намуд. Даври аввал, марҳилаи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки то ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣ бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онҳоро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Ислоҳот дар Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Ҳар сол, тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ, бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандон, сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкил ва ба роҳ монда мешаванд. Танҳо дар соли 2017 дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрванди дар эҳтиёт қарордошта ба машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаи зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода гардиданд.

Баҳри ҳамоҳангсозии фаъо­лияти муштарак бо сохторҳои низомии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм, сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, дар Тоҷикистон ва берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳар сол, тибқи нақша, машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд. Дар тӯли 25 сол аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассиси соҳаҳои силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикис­тон заруранд, омода карда, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам аз ҳисоби хатм­кунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳар сол онро беш аз 200 нафар аз рӯи 17 ихтисос хатм менамоянд, қариб чор ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Илова бар ин, ҳар сол афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Франсия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.

Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон имкон фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ 700 нафар таҳсил менамоянд, ки аз ҳисоби курсантону шунавандагони академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу амалиёти гуногуни низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Вазорати мудофиа, ҳамчунин ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Ҳоло Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба дорад.

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расид, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ муайян менамояд. Ин ба он хотир аст, ки сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин ҷост, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ  муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина, дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмӯаҳои илмӣ-методӣ ба табъ расонида, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешавад. Ҳамчунин, дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд ва барои амалӣ намудани онҳо дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкориҳои судмандро бо вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони интернатсионалист, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайра таҳким бахшида, дар ин замина кори зиёду назаррасро амалӣ менамояд. Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа дар қисму воҳидҳои низомӣ пайваста суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъват, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиё ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир мегарданд, маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешаванд.

Пӯшида нест, ки солҳои аввали истиқлолият ҷузъу томҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифа ва уҳдадорӣ аз пойтахт ва дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда, дар мавзеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир карда шуданд.

Дар давоми 25 соли охир маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо бинои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати баланд мутобиқ ба талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад кори зиёд амалӣ шудааст. Ин давра дар вилоятҳо ва пойтахти кишвар наздик ба 600 нафар хизматчии ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд. Ҳоло бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо идома дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар ва масъулини дахлдор чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва фароғативу варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Соли 2018 аз сарбози қаторӣ то хизматчии ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа таҳти шиори «25-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо неруи тоза, омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем» амал намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа аз қувваю маҳорат ва дониш истифода хоҳанд бурд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супориш ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, бо сарбаландӣ иҷро мегарданд.

Шералӣ МИРЗО,

вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон