Дар арзҳои дӯстӣ

Афсонае, ки ба ҳақиқат табдил ёфт

№48 (3842) 19.04.2018

Агар шахсе солҳои 2008-2014 оид ба хубшавии муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон сухан мегуфт, суханони ӯро ҳарза мепиндоштанд.

Хушбахтона, ин дигар афсона не, балки ҳақиқати раднопазир гашт.

Месазад, ки бори дигар ба сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давомдор каф кӯфт. Зеро маҳз талошҳои пайгиронаю хастанопазири Пешвои миллат афсонаро ба ҳақиқат мубаддал гардонд. Вақт, ҳамчун довари беҳтарин дурустии оқилона будани сиёсати дурандешонаю таҳаммулпазири Сарвари тоҷиконро бори дигар ба оламиён нишон дод. Халқи тоҷик бо сабру таҳаммули азалӣ ба муваққатӣ будани сардии муносибатҳои ду ҷониб боварии комил дошт.

Аз ҷониби дигар, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ баъди ба сари қудрат омадан ислоҳоти бузургеро дар Ӯзбекистон роҳандозӣ кард, ки ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва болоравии эътибори байналмилалӣ равона гардидааст. Ӯ омодагиашро баҳри амалисозии орзую ормони мардуми ташнаи дӯстию рафоқати ӯзбек бо тасмимгириҳои дуруст собит сохт. Инак, дарахти сиёсати неки ҳамсоядорӣ ба бор омад.

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 — 10 марти соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сафаре, ки мардуми ду кишвар солҳо интизор буданд.

Зимни сафар байни ду кишвар 27 созишнома ба имзо расонида шуд. Онҳо фарогири муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин соҳаҳои мудофиа ва амният мебошанд.

Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ қайд намуданд: «Мо имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои давоми беш аз 20 сол ҷамъшударо ҳал намудем.

Мутмаинам, ки натиҷаҳои сафари таърихии муҳтарам Шавкат Мирамонович ба Тоҷикистон ба рушди босуръат ва ҳамаҷонибаи маҷмӯи муносибатҳоямон дар асоси дарозмуддат такони сифатан нав мебахшанд».

Яке аз санадҳои муҳими баимзорасида оид ба содагардонии низоми раводид байни ҷонибҳо барои 30 рӯз мебошад. Он имконият медиҳад, ки мардуми ба якдигар дӯсти тоҷику ӯзбек, ки онҳоро умумиятҳои динӣ, мазҳабӣ, таърихию фарҳангӣ ва решаҳои хешутаборӣ ба ҳам мепайванданд ва давоми солҳои зиёд муштоқи дидори якдигар буданд, бемамониат ба дидори якдигар бирасанд. Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Дар ин замина иқдомҳои муштарак ба нақша гирифта шудааст, то ки ҳар чӣ зудтар пурра барқарор намудани фаъолияти роҳҳои оҳан, мошингард ва ҳавоӣ амалӣ гардонида шавад. Барои иқтисодиёти кишварҳо истифодаи роҳҳои транзитӣ низ муҳим мебошад. Аз ин рӯ, доир ба паст намудани тарифҳо барои интиқоли транзитӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.

Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин имконият медиҳад, ки мардуми дӯсти ӯзбек бо ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои нотакрори кишвар ошно шаванд. Сохтмони роҳҳо ва рушди бомароми инфрасохтори сайёҳӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон идома дорад, бояд ба ин мусоидат намояд. Ин, аз як ҷониб, ба мустаҳкамгардии робитаҳои байни халқҳо хизмат намояд, аз ҷониби дигар, боиси даромад ба Буҷети давлатӣ мегардад. Зеро аз рӯйи ҳисоби мутахассисон аз боздиди як сайёҳи хориҷӣ ба ҳисоби миёна аз 200 то 500 доллар ба буҷети кишвар даромад ворид мешавад.

Солҳои охир дар вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нефт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шуданд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар минтақа солона то 5 млн. тонна пешбинӣ мешавад.

Масъалаи дигар нархи маҳсулоти ниёзи мардум мебошад. Имрӯзҳо аз Ӯзбекистон номгӯйи зиёди молу маҳсулот ба Тоҷикистон ворид гашта истодааст, ки боиси арзонтар шудани молу маҳсулот, аз қабили тухми мурғ, гӯшт, ­хушкмева ва либос мегардад.

Ҷалби сармоягузории мус­тақим, кушодани корхонаҳои гуногуни саноатӣ ва диверсификатсияи номенклатураи гардиши савдои дуҷониба метавонад солҳои наздик ҳаҷми савдои тарафайнро то ба 500 млн. доллари ИМА расонад. Чанд соли охир гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар тамоюли рушдро касб намудааст.

Агар ба табодули молу коло миёни ду кишвар дар чанд соли охир назар андозем, мушоҳида хоҳем кард, ки ҳаҷми он дар соли 2015-ум ба 12 млн. доллар ва соли 2017 ба 240 млн. доллар расидааст.

Зимни Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе 16 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 620 млн. доллар ба имзо расид. Дар пайи боз шудани марз эҳтимоли нархи сементи корхонаҳои Тоҷикис­тон боло равад. Зеро агар дар гузашта тоҷирони ҷудогона сементро ба Ӯзбекистон интиқол медоданд, ҳоло сементи тоҷик зиёдтар ва тавассути қатора содирот мешавад. Ин боиси муътадил шудани мувозинати савдои хориҷӣ хоҳад гашт.

Ба мувофиқа расидан дар самти демаркатсияи сарҳади давлатӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ба ҷонибҳо имконият медиҳад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳаввулоти сиёсию ҳарбии ҷаҳон ва хатарҳои рӯзафзуни сайёра бар зидди зуҳуроти номатлуб якҷо мубориза баранд. Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти энергетикӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ бунёди НБО-и «Роғун» идома дорад. Боиси хурсандист, ки оид ба ҳамкорӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил гардид.

Бовар дорем, ки сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародарро ба марҳилаи сифатан нав ворид менамояд ва орзую ормони миллати тоҷику ӯзбек ҷомаи амал мепӯшанд.

И. НЕЪМАТОВ,

декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон