Ҳайфи умре, ки дар маҳбас гузарад

№72 (4022) 22.06.2019

«Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…» ва «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад… » ин ва дигар андарзҳои Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тӯли солҳо одами зиёд­ро аз хатову гуноҳҳо эмин дошта, ба роҳи ростиву некӣ ҳидоят намудаанд. Вале бо сабаби кӯтоҳандешиву тангназарӣ, ҳирси молу маблағ ва ба пули муфту ҷинояткорӣ одат кардан на ҳама ба зиндагӣ бо чашми хирад нигариставу аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифтаанд…

22 августи соли 2017 Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Норов Муқим Ҳайталиевич, соли таваллудаш 20 ноябри соли 1967, зодаи ноҳияи Варзоб, тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, уҳдадории ҳарбӣ надошта, истиқоматкунандаи деҳоти «Варзоб — Қалъа»-и ноҳияи Варзоб, ки қаблан ду маротиба суд шуда, маротибаи охир бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 15 июли соли 2013 бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои «в,г» ва 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастрасии моддаи 67 қисми 2 ба муҳлати 10 сол маҳрум кардан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колоннияи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум гардидааст, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои «а,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.

Муайян гардид, ки М. Ҳ. Норов пас аз ду маротиба маҳрум шудан аз озодӣ низ аз кирдорҳои хеш даст накашида, дар маҳбас бо мақсади ғаразнок ба ҷинояти қасдонаи дараҷаи махсусан вазнин даст задааст. Дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/4 -и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия (СРИҶҶ ВА)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳкумшудагон Саидаброр Бурҳонович Қурбонов, Олимҷон Холмуродович Холмуродов (лақабаш Ҳоҷӣ), сардори шуъбаи истеҳсолию техникии муассиса, лейтенанти хизмати дохилӣ Хушнуд Абдуқодирович Саидов гурӯҳи устувори муташаккили ҷиноятӣ созмон ёфта будааст. Пас аз огаҳӣ ёфтан аз мавҷудияти гурӯҳ М. Норов ба он шомил мегардад. Баҳори соли 2015 бо сабаби вазъи душвори зиндагӣ тавассути телефон ӯ аз яке аз дӯстон барои оилааш 400 доллари амрикоӣ қарз мегирад ва онро дар вақташ баргардонда наметавонад. Моҳи декабри ҳамон сол узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ О. Холмуродов ба воситаи телефон ба дӯсти худ занг зада, қарзи М. Норовро мепардозад. Гарчанд маблағи пардохтаи шиноси О. Холмуродов низ қарз дар гардани М. Норов буд, ин ҳолат ӯро бо аъзои гурӯҳ ва хусусан, О. Холмуродов наздиктар намуд.

Баҳори соли 2016 — ум аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ғайриқонунӣ ба муассисаи ислоҳӣ ворид намудани миқдори калони воситаи маводи мухаддири навъи «ҳашиш», ки ҷинояти махсусан вазнин ба ҳисоб меравад, забон як мекунанд. О. Холмуродов ба рафиқон мегӯяд, ки бо Комил ном шаҳрванди Афғонистон, сокини деҳаи наздисарҳадӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дӯстӣ дошта, ин марди афғон метавонистааст, барои ӯ маводи нашъадори навъи «ҳашиш» пайдо намояд. Вале барои ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафта, «бор»-ро овардан одам лозим аст. Муқим Норов изҳор менамояд, ки ин корро писари ӯ Норзода Мутриби Муқим метавонад иҷро намояд. Аъзои гурӯҳ пешниҳоди М. Норовро мепазиранд ва моҳи майи соли 2016 М. Норов бо телефони мобилие, ки аъзои гурӯҳ ғайриқонунӣ нигоҳ медоштанд, ба писараш Норзода Мутриби Муқим занг мезанад ва ҳамроҳи С. Қурбонов масъаларо мефаҳмонад. Барои иҷрои кор онҳо ба Мутриби Муқим 1000 сомонӣ ваъда медиҳанд ва ӯ овардани «ҳашиш»-ро ба зимма мегирад.

Баъд аз гирифтани ризоияти Мутриби Муқим О. Холмуродов ба шиноси афғонаш — Комил занг зада, хоҳиш менамояд, ки «ҳашиш» — ро тайёр намояд. Шиносаш моҳи июл ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафта, бо вай вомехӯрад ва онро меорад.

Мутриби Муқим моҳи июл бо мусофиркаш ба ҷои таъиннамудаи падару ҳамроҳони ӯ — хоҷагии ба номи С. Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ рафта, дар ин бора тавассути телефон ба онҳо хабар медиҳад. О. Холмуродов телефони Комилро ба ӯ ва дар навбати худ рақамҳои телефони ӯро ба Комил дода, мусоидат мекунанд, ки онҳо бо ҳам вохӯранд. Марди афғон пас аз шиносоӣ ва муайян намудани шахсияти Мутриби Муқим дарахтеро нишон дода, мегӯяд, ки зери онро бикобад, чизи заруриаш дар зери он пинҳон аст ва худ хайрухуш намуда, аз он ҷо ғайб мезанад. Мутриб зери дарахтро кофта, халтаи селофание пайдо намуд. Дар дохили он дар ҳақиқат маводи мухаддири «ҳашиш», ки онро мардум «чарс» меноманд, пинҳон карда шуда буд. Мут­риби Муқим онро гирифта, ба ҷониби пойтахт равон мешавад ва халтаро дар зери дарахте дар назди обанбори Чорбоғи ноҳияи Варзоб пинҳон менамояд. Охирҳои моҳ як бастаи «ҳашиш»-ро (тахминан 1 кг) ба хешовандаш Б. Б. Табаров, ки бекор ва қашшоқ будааст, медиҳад, то ки фурӯхта, рӯзгори оилаашро таъмин намояд. Боқимондаи «ҳашиш» то 7 августи соли 2016 дар зери ҳамон дарахт пинҳон мемонад. Дар ин миён М. Норов, О. Холмуродов ва С. Қурбонов чанд маротиба ба лейтенант Х. Саидов занг зада, огоҳ менамоянд, ки мавод тайёр аст ва ӯ барои ба муассисаи ислоҳи даровардани он бояд роҳ ва тадбир биҷӯяд. Соати 1600 7 август Мутриби Муқим ба Хушнуд Саидов занг зада, худро муаррифӣ мекунад. Х. Саидов талаб менамояд, ки М. Норзода ба истгоҳи назди хонааш, деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб ояд. Пас аз ним соати гуфтугӯ Мутриби Муқим бо мошини рафиқаш Назар Акобиров маводи пинҳонкардаро гирифта, ба истгоҳи деҳаи Яккачуғуз меоянд, ки дар он ҷо Х. Саидов бо мошин онҳоро интизор будааст. Х. Саидов 6 бастаи «ҳашиш» — ро ба бордони мошин мегузорад. Ният доштааст, ки рӯзи дигар «бор» — ро ба М. Норову ҳамроҳонаш бирасонад. Вале… 8 август аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ба даст меафтад.

Хуллас, кӯтоҳандешиву тангназарӣ ва ҳирси пулу мол, ҳамчунин одат кардан ба ҷинояткорӣ боис гардиданд, ки М. Норов фарзанди худро низ ба роҳи ҷиноят тела диҳад.

Муқим Норов барои ҷинояти содирнамуда бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои «а, в, г» — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, 15 (понздаҳ) сол аз озодӣ маҳрум гардид. Бо дастрасии моддаи 68 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 15 июли соли 2013 бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои «в, г», 289 қисми 2 — и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати даҳ сол таъин карда шудааст, ҷазои адонагардида бо ҳукми нав қисман зам гардида, ҷазои ниҳоӣ ба шаҳрванд Норов Муқим Ҳайиталиевич бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 (ҳабдаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колоннияи ислоҳии низомаш махсус таъин карда шуд.

Ин ҷазо ба М. Норов дар синни 50 — солагӣ — давроне муқаррар карда шуд, ки инсон бояд фарзандонро соҳиби бахту тахт намуда, дар ҳалқаи наберагон хурсандӣ дошта бошад ва ба истиқболи даврони пирӣ омодагӣ бигирад. Вале М. Норов чунин имконро нахоҳад дошт. Ӯ аз дидори наберагону онҳо аз дидори ӯ маҳрум хоҳанд буд… Ҳайфи ин айём, ки дар паси панҷара сипарӣ мегардад.

Дар ҳолати то охир адо намудани муҳлати ҷазо М. Норов соли 2034 ба озодӣ мебарояд, ки синнаш ба 67 хоҳад расид.

С. ТУРАЕВ, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»