Алӣ Бобоҷон: «Ҷавонони бомаҳоратро дастгирӣ бояд кард»

№45 (3995) 23.04.2019

Мусоҳиба бо раиси Шӯрои адабиёти кӯдакон ва наврасони Иттифоқи нависандагон Алӣ Бобоҷон бобати бурдубохт ва вазъи кунунии адабиёти бачагон

- Чанде пеш «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор шуд. Нақши ин чорабиниро дар ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу китобхонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Чунон ки маълум аст, дар даврони шӯравӣ ҳар сол моҳи апрел «Рӯзи китоби кӯдакону наврасон»-ро ҷашн мегирифтанд. Ин ташаббус бо роҳбарии устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд. Аз соли 1955  дар он иштирок мекунам. Солҳое, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ин анъана аз байн рафт. Баъдан, Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, ки котибаш шоири машҳури бачаҳо Наримон Бақозода буд, онро аз нав ташкил кард. Дар пойтахт имкон набуд, ки чорабиниро гузаронанд. Аз ин рӯ, ба ноҳияҳо рафта, вохӯриву мулоқот мегузаронидем. Мутаассифона, ҳозир таваҷҷуҳи насли наврас ба хондани китоб зиёд нест.

Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Иттифоқи нависандагон ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки ба ин самт вобастаанд, бояд ҷиддӣ кор кунанд.

- Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки адибон аз замона қафо мондаанд… 

- Ҳаргиз ин хел нест. Адибон нисбатан пеш рафтаанд, илҳомашон саршор аст ва асарҳои хуб менависанд. Солҳои охир як гурӯҳи «навқаламон» ба майдони адабиёт омадаанд, ки асарҳои суст менависанд. Дар натиҷа, ба адибони машҳур ҳам гап мерасад.

Ман дар даҳҳо мамлакати дунё будам, дар он ҷойҳо ба ин чиз диққат медиҳанд, маблағи калон сарф мекунанд. Дар мо рӯзномаву маҷаллаҳои адабӣ ҳаққи қалам намедиҳанд. Табиист, ки дар ин хел шароит кор пеш намеравад.

Яке аз жанрҳои муҳим суруд аст. Дар мо сурудҳои машҳури бачагона нест, чунки ба ин жанр диққат намедиҳем. Озмунҳо ба номаш гузаронида мешаванд. Як суруди машҳури озариҳо ба номи «Ҷӯҷаларим» ҳаст. Онро, азбаски маъқул аст, ҳатто калонсолон ҳам мехонанд. Дар мо ҳам бояд ҳамин хел сурудҳо пайдо шаванд.

- Барои беҳтар кардани вазъи адабиёти бачагон Иттифоқи нависандагон чӣ тадбир меандешад?

- Моҳи майи соли равон дар назар аст, ки Иттифоқи нависандагон Анҷумани адибони наврасону кӯдакони Тоҷикистонро гузаронад. Умед аст, ки ин масъалаҳоро баррасӣ карда, бо дастгирии устодони назму наср ва драматургони тоҷик ин соҳаро ба дараҷаи баландтар мебардоранд.

Дар Иттифоқи нависандагон шӯро ва шуъбаи адабиёти бачагон ҳаст. Кормандони он кор карда истодаанд, вале онҳоро бояд дастгирӣ кард.

- Нақши нашриёт, хоса «Адабиёти бачагона», дар чопи асарҳои бачагона чӣ гуна аст?

- Воқеан, нашриёти махсус бо номи «Адабиёти бачагона» чанд сол шуд, ки арзи вуҷуд дорад, аммо нақши онро дар рушди адабиёти бачагона намебинем.

Барои мисол, як нафар китоб дар бораи падар чоп кардааст. Онро хондам шеърҳояш ба ягон талабот ҷавобгӯ нест. Тасаввур кунед, ки ана ҳамон китоб ба дасти насли наврас мерасад. Нафаҳмида шеърҳои онро аз худ мекунад.

Дар Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагон, ки зикраш рафт, бояд ин масъаларо ҷиддӣ баррасӣ кунанд…

- Оё ҳастанд истеъдодҳои ҷавоне, ки дар оянда барои бачаҳо асарҳои хуб эҷод кунанд?

- Ҳастанд. Барои ба майдони адабиёт овардани насли нави адибон ҷавонони бомаҳоратро дастгирӣ бояд кард. Онҳоро тарбия кардан лозим. Ҷавононро бояд тавре тарбия кунем, ки аз кишвар нараванд. Ба корҳои хилофи қонун ва бадахлоқӣ даст назананд. Ба ин кор эҷодиёти адибон ёрӣ мерасонад. Адибони мо дар мазаммати дуздӣ, ғоратгарӣ, гадоӣ ва ғайра асарҳо доранд.

Зарур ва ногузир аст, ки фаъолияти ин соҳа дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда шавад. Он гоҳ фарзандони мо китобдӯсту донишманд ва дар ин замина Тоҷикистон боз ҳам ободу зеботар мешавад.

Мусоҳиб  Рӯзибойи УМАР,  «Садои мардум»