Миннатдорӣ

Ҳам шифо ёфтаму ҳам дӯст

№131 (4081) 31.10.2019

Бузургон фармудаанд, ки «ҷаҳонро зебоӣ наҷот медиҳад». Шояд иштибоҳ намекунам, агар гӯям, ки дар зери ин мафҳум на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки ботинӣ низ бояд фаҳмида шавад. Яъне, ба назари ман, ҳама гуна кору иқдомоти нек дар гуфтаи боло таҷассуми худро ёфтаанд. Некию накукорӣ  ҳам аз ҷумлаи зебоиҳост…

Соҳиби панҷ фарзанд ва маъюби гурӯҳи 1 мебошам. Ҳиссаи хоксоронаамро дар ҳифзу барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар гузоштаам. Чанде пеш худро нотоб ҳис кардам. Барои табобат ҳам аз лиҳози иқтисодиву ҳам бо сабабҳои узрнок бемористони ноҳияи худамон — Варзобро интихоб намудам, зеро аз забони корафтодаҳо дар бобати кори хуби табибони ноҳия шунида будам. Баъди муддате дар ин бемористон табобат гирифтан худро хеле беҳтар ҳис кардам.

Дар баробари муолиҷа духтурони ҳозиқ кӯшиш менамуданд, ки ба беморон бо суханони рӯҳбаландкунанда дармон бубахшанд. Табиати зебоманзар ва обу ҳавои поку босафои ин мавзеи зебои кишвар барои мардуми гирифтори бемориҳои гуногун дармони беҳтарин маҳсуб меёбад. Хушҳолии камина, агар, аз як тараф, сиҳат ёфтан бошад, аз тарафи дигар, шиносоӣ бо инсонҳои наҷиб ва дӯстӣ бо онҳо буд.

Мехоҳам, ки миннатдории худро дар симои Суҳроб Сафаров — роҳбари  муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ  ва Баҳодур Умаров – раиси комиссияи машваратию тиббии Маркази саломатӣ ба роҳбарият ва кормандони Беморхонаи ноҳияи Варзоб расонам.

Гулмаҳмад Собиров, сокини деҳаи Харангони деҳоти ба номи Айнӣ, ноҳияи Варзоб