Ҷамолиддин Абдуллоев: «Дар табобати беморон ва тарбияи мутахассисон собитқадамем»

№88 (3882) 19.07.2018

ffffАз замони ба фаъолият оғоз кардани Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  дар шаҳри Душанбе беш аз ду сол сипарӣ гардид. Он бузургтарин муассисаи тандурустии кишвар ба ҳисоб рафта, аз лиҳози имкониятҳои хизматрасонӣ ва муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоту технологияҳои муосир беназир аст. Чанде пеш бо мақсади таҳияи мақола ба «Истиқлол» омадем. Дар он  ҷо  манзараи ҷолиб, роҳраву гулгаштҳои зебо ва роиҷ будани тартибу низом диққати касро ба худ ҷалб мекунад. Дохили биноҳои он низ тозаю озода ва салқин аст. Хостем бо директори муассиса, ҷарроҳи варзида, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷамолиддин Абдуллоев суҳбат намоем. Ӯ 27 сол аст дар ин соҳа кор мекунад ва аз ҷарроҳи одӣ то ба вазифаҳои масъули муассисаҳои тандурустӣ сабзида расидааст. Баъди оғози фаъолият дар дармонгоҳи рақами 7-и шаҳри Душанбе, солҳои тӯлонӣ дар беморхонаи шаҳрии рақами 3 ба сифати духтури одӣ, сипас мудири шуъба ва сартабиб кор кардааст. Солҳои 2014 – 2017 сардухтури беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» — и пойтахт буду моҳи марти соли 2017 сарвари МД маҷмааи тандурустии «Истиқлол» таъин гардид. Хизматҳояш бо медали «Шафқат», унвони фахрии Корманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадрдонӣ шудааст.

Ба пурсишамон роҷеъ ба фаъолияти  Маҷмааи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллоев мухтасар ҷавоб дод:

- Дар «Истиқлол» 3000 корманди гуногунихтисоси соҳа фаъолият мекунанд ва аз 1200 сомонӣ то 3500 сомонӣ маош мегиранд. Ин натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар марказ, ки дорои 38 бинои аз як то нуҳош­ёна мебошад, тамоми шароит барои ташхис ва табобати беморон мавҷуд буда, он бо 620 номгӯй таҷҳизоти муосири тиббӣ, ки дар Россия, ИМА, Япония, Олмон, Финландия ва Чехия истеҳсол шудаанд, муҷаҳҳаз аст.  Аз рӯи шакли фаъолият маркази тиббӣ бисёрсоҳа маҳсуб шуда, дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст мебошад.

Табибони даргоҳ бо истифода аз шароити мавҷуда ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд. Дар ин бора ҳамсуҳбатам чунин иброз дошт:

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи «Истиқлол» гуфта буданд: «Бовар дорам, ки ин  маҷмаа минбаъд ба маркази тақвияти неруи кадрии соҳаи тибби кишвари соҳибистиқлоламон ва муаррификунандаи сатҳу сифати хизматрасонии муосири тиббӣ табдил хоҳад ёфт». Ин суханон бароямон дастурамал шуду то имрӯз иқдомеро амалӣ кардем, ки дар ҷумҳурӣ камназир аст. Стендгузории рагҳои хунгарди дил, аортаи садрӣ ва шараёни брахиосефалӣ дар дастгоҳи нодири ангиограф, стендгузорӣ дар ҳолати алоими шадиди коронарӣ, якбора гузош­тани 5 стенд дар дил, стендгузории коартатсияи аорта дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиёт дар шараёнҳои бачадон, эмболизатсияи шараёни ғадуди простата дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Федератсияи Россия аз ҳамон ҷумлаанд.

Ба роҳ мондани амалиёти краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо плас­тинкаи титанӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Беларус, бартарафсозии масонаи нейрогенӣ бо ворид намудани маҳлули Лантокс дар навзодон ва кӯдакони то синни 17, ивазкунии буғуми сунъии тоталии зону аз ҷарроҳиҳое маҳсуб мешаванд, ки бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Дар ташхисгоҳи муассисаи зикршуда шуъбаи тибби суннатӣ фаъолият мекунад, ки бо таҷҳизоти нодири ҳозиразамон, аз ҷумла «Электрокоагулятор KLS Martin-200», маҷмӯи асбобҳо барои ҷарроҳӣ, рахти хоб муҷаҳҳаз мебошад. Хатнаи писарбачаҳо бо истифода аз таҷҳизоти зикргардида, ки истеҳсоли Олмон аст, дар сатҳи баланд гузаронида шуда, хунравӣ ба амал намеояд.

Дар шуъба гӯшсӯрохкунии духтарҳо низ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон  бемороне, ки аз дарди гурда ва узвҳои таносул ранҷ мекашанд,  ташхис ва табобат мешаванд. Зимни муолиҷа усулҳои тибби муосир ва гиёҳҳои шифобахши ватан истифода мешавад. Ба шуъба номзади илмҳои тиб Акбаршо  Ахмедов роҳбарӣ мекунад.

Таваллудхонаи «Истиқлол» низ дорои шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои як ва дунафара, толорҳои наҷот, валодат, ҳуҷраҳои беморони баъди ҷарроҳӣ, беморони преэклампсияи вазнин, навзодон ва ошхона мебошад. Дар он дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 756 тифл ба дунё омад.

Тамоми шуъбаи беморхона бо компютер, принтер, сканер, мултимедия ва дигар васоити техникӣ таъмин мебошанд.

Зимни суҳбат маълум гардид, ки маҷмаа ба муассисаи пойгоҳӣ барои омода намудани мутахассисони баландпоя  табдил ёфтааст. Дар он пойгоҳи 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, кафедраи тиббии ДМТ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ,  китобхонаи электронӣ таъсис дода шудаанд. Илова бар ин, дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷумла се гурӯҳи наҷотбахш барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.

Вақте бо Ҷамолиддин Абдуллоев суҳбат мекардем, болои мизи кориаш чашмам ба маҷаллаи тозанашри «Паёми Маҷмааи тандурустии Истиқлол» расид.

- Ин шумораи нахустини нашрияи илмӣ — амалии мо аст, ки дар он  мақолаҳои олимони соҳаи тандурустӣ ҷой дода шудаанд. Ҳоло шумораи дуюми маҷалла омодаи нашр аст, — иттилоъ дод вай ва афзуд: — Ба наздикӣ ният дорем Шӯрои илмӣ таъсис диҳем.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»