Қариб як миллион мубталои вируси COVID-19 шифо ёфт

№53 (4159) 30.04.2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба бемории коронавирус (COVID-19) 3 миллиону 138 ҳазору 413 нафар буда, аз онҳо беш аз 955 ҳазору 824 кас шифо ёфтаанд.

Дар ин бора дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар дод.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз рӯи шумораи гирифторони вирус дар ҷои аввал қарор дорад (1 миллиону 35 ҳазору 765 ҳолат тасдиқ шудааст), теъдоди шифоёфтагон 142 ҳазору 238 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 232 ҳазору 129 нафар буда, 123 ҳазору 903 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 201 ҳазору 505 нафар ва теъдоди шифоёфтагон 68 ҳазору 941 кас мебошад.

Дар Франсия 165 ҳазору 911 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, 46 886 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Олмон теъдоди мубталоён 159 ҳазору 912 нафарро ташкил дода, шумораи шифоёфтагон 117 400 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди гирифторони беморӣ ба 114 ҳазору 653 нафар расида, шумораи шифоёфтагон 38 809 нафар ба қайд гирифта шуд.

Дар Федератсияи Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон ба ҷойи 8-ум баромад, то 28 апрел шумораи сироятёфтагон ба 93 558 кас расид. Аз ин шумора 8 456 нафар табобат ёфтанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла, дар Беларус 1 993 нафар, Озарбойҷон — 1 221, Молдова — 975, Украина — 992, Арманистон — 866, Ӯзбекис­тон — 992, Қазоқистон — 774 ва Қирғизистон 437 нафар шифо ёфтанд. Дар Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистон шумораи мубталоён ба коронавирус 1 828 нафар буда, 228 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

11 марти соли равон Созмони умумиҷаҳонии тандурус­тӣ хурӯҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш додааст.

«Садои мардум»