Ба истиқболи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ АСПУ АРОБА ТО МОШИНҲОИ ҲОЗИРАЗАМОНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ

№74 (3554) 09.06.2016

Аз оғози фаъолияти умури ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе 90 сол пур шуд. Дар асоси фармони «Наркомздрав»-и РАСС Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1926 таҳти №109 бори аввал дар пойтахти Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе пункти (нуқтаи) ёрии таъҷилии тиббӣ дар назди Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1 ифтитоҳ ёфт. 

Як соли фаъолият ходимони ин нуқта беш аз 6400 дархостро роҷеъ ба расонидани кумаки аввалияи тиббӣ иҷро карданд. Бо қарори Комиссариати халқии тандурустии РСС Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1929 нуқтаи ёрии таъҷилӣ ба стансияи ёрии таъҷилӣ табдил дода, ба ихтиёри он нахустин «нақлиёт» — аспу ароба гузошта шуд. Дар ин стансия он вақт 20 нафар, аз ҷумла як духтур, се момодоя, се ҳамшираи тиббӣ, фаъолият мекарданд. Теъдоди дархостҳо рӯзе то ба 40 адад мерасид. Соли 1950 стансия аз ҳайати Беморхонаи шаҳрии клиникии №1 баромада, мустақил гардид. Дар он давра стансия дорои ҳафт автомобили ёрии таъҷилӣ буд.

Дар асоси фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 1 июни соли 1967 дар базаи стансияи ёрии таъҷилӣ Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ бунёд гардид. Дар сохтори ин беморхона шуъбаи ҷарроҳӣ дорои 80 кат ва шуъбаи токсикологӣ дорои даҳ кат мавҷуд буд.

Бинои ҳозираи беморхона солҳои 1971-1981 бунёд ёфтааст. Имрӯз Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи марказҳои бузурги тандурустии пойтахт маҳсуб меёбад ва сарварии онро доктори илмҳои тиб, профессор  Ҷамолиддин Абдуллоев бар уҳда дорад. Зимни суҳбат роҷеъ ба фаъолияти ин маркази тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ номбурда зикр кард, ки  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки айёми муноқишаҳои дохилӣ ва буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ буд, беморхона бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Табибон наметавонистанд орому осуда ба мардум хизмат расонанд. Бар замми ин, онҳо ҳамеша аз ҷониби гурӯҳҳои мухталифи силоҳбадаст мавриди фишору таҳдид қарор доштанд. Ин ва дигар омилҳо боиси паст шудани фаъолият гардид.

Шукри Худо, дар сарзаминамон сулҳу оромӣ барқарор гардид ва аз нав фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар ин замина, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи иҷтимоиёт, минҷумла ҳифзи сиҳатии омма зиёд гардид. Аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳиме, ки ба шарофати истиқлолият ва ғамхории Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаи мо ба амал омад, ин тайи солҳои 2003-2007, тибқи  ду барнома ворид ва насб гардидани таҷҳизоти зарурии табобатӣ мебошад, ки маблағи умумии онҳо 7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  Илова бар ин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи «Рушди соҳаи тандурустии пойтахт барои солҳои 2010-2015» дастгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла маҷмӯи эндоурологӣ, ворид шуда, 43 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо таҷҳизоти нави муосири хизматрасонии тиббӣ муҷаҳҳаз гардид.

Тибқи қарори ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 30 сентябри соли 2015, ташхису ҷарроҳии беморонро ба таври миниинвазӣ, яъне эндоҷарроҳӣ (буриши хурд), мегузаронем. Агар пештар баъди ҷарроҳии санги сафро бемор аз 10 то 15 рӯз дар беморхона бистарӣ мешуд,  бо гузаронидани  амалиёти эндоҷарроҳӣ, ӯ баъди ду – се шабонарӯз ба хона ҷавоб мешавад. Ин имкон медиҳад, ки харҷи бемору беморхона кам ва қобилияти кории бемор зуд барқарор шавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти беморхона расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аст. Имрӯз табибону дигар кормандони он дар ҳайати 14 бригадаи ёрии таъҷилӣ фаъолият менамоянд. Ҳангоми зарурат беморон фаврӣ бистарӣ карда мешаванд. Беморхона дорои 174 кат ва 10 зерсохтор аст. Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе ду зербунгоҳ дорем, ки ба фаъолияти шабонарӯзии амбулаторӣ машғуланд. Тавассути ин дармонгоҳҳо ба сокинони пойтахт ва гирду атрофи он дар ҳолатҳои зарурӣ хизмат расонида мешавад.

Дар беморхона қисми бештари беморон амалиёти ҷарроҳиро аз сар мегузаронанд. Тавре иттилоъ гирифтем, рӯзе  беш аз 100 нафар ба беморхона муроҷиат карда, дар як шабонарӯз  аз 20 то 30 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом меёбад. Ба гирифторони бемориҳои қанди хун, сактаи дил, саратон, шахсони синну солашон аз 80 боло ва камбизоатон ройгон хизмат расонида мешавад. Қобили зикр аст, ки баъди ба беморхона ворид гардидани дастгоҳи кастаркунонӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ табобати  бемориҳои санги сафро, кистаҳои ҷигар, ғадуди зери меъда, обсаҳои ковокии бадан ба роҳ монда шуд. Бартарии ин намуди табобат ҳангоми бемориҳои талха, декампрессия  кардани роҳҳои талхабарор, бартараф кардани норасоии кори ҷигар, беҳтар кардани ҳолати беморон пеш аз ҷарроҳӣ мебошад. Дигар бартарияти ин навъи ҷарроҳӣ он аст, ки ҳаҷми буриш кӯтоҳ, сифати хизматрасонӣ баланд, фоизи фавт ва оризаҳои баъдиҷарроҳӣ кам мегардад. Тавассути ворид гардидани технологияи нав имрӯз бемориҳо дақиқ ташхис ва муайян  шуда, амалиёти ҷарроҳӣ низ самараноктар гузаронида мешавад.

Табиист, ки таъминот бо асбобу дастгоҳҳои навтарини тиббӣ аз табибону мутахассисон дониши баланду масъулиятшиносиро талаб менамояд. Ин фикри моро Ҷамолиддин Абдуллоев тасдиқ карда, иброз дошт, ки дар ин ҷода корҳои назаррасро анҷом медиҳем.  Аз ҷумла 23 нафар корманди мо дар дохили кишвар роҷеъ ба ташхиси гелмонтозӣ, ултрасадои узвҳои ковокии шикам, эндоҷарроҳӣ ва дигар бахшҳои барои беморхонаи мо зарур аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Ду нафари дигар роҷеъ ба эндеурология курсҳои омӯзиширо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хатм карданд.

Ҳамсуҳбатам ибрози таассуф кард, ки дар ҷумҳурӣ донишгоҳ, марказ ва ё кафедрае, ки махсус мутахассисони умури ёрии таъҷилиро омода созад, мавҷуд нест. Бинобар ин, духтурону фелдшерон дар Маркази таълимӣ-тамринӣ аз курси якмоҳаи такмили ихтисос оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ дар марҳилаи тобистарикунонӣ гузашта, кормандони нав ба кор қабулгардида низ пеш аз ба фаъолият шурӯъ кардан дар марказ хонда, соҳиби сертификат мешаванд. Имрӯз дар беморхона 636 нафар кор мекунанд, ки 192 нафари онҳо духтури дорои тахассуси олӣ, 230 ҳамшираи шафқат, 145 ҳамшираи хурди шафқат, 55 корманди маъмурӣ ва 14 табиби таҷрибаомӯз мебошанд. Дар беморхона духтурони соҳибтаҷриба ва мутахассисони болаёқат бисёранд. Устоди табибони мо академик К. Қурбонов  ва даҳҳо духтури варзидаро метавон номбар кард, ки боиси ифтихори коллективанд.

- Кормандони мо баробари хизматрасонии тиббӣ, инчунин ба корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ низ машғуланд ва пайваста дониши хешро такмил медиҳанд. Тайи даҳ соли охир зиёда аз 20 нафар корманди беморхона рисолаҳои илмӣ дифоъ карданд ва ду нафар соҳиби унвони доктори илми тиб шуданд, — иброз дошт сардухтур.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ