Аз таҳдиду хатарҳо ҷиҳати суботи кишварҳо пешгирӣ мебояд

№131 (4081) 31.10.2019

DSC_826928 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсози  раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назди Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД ва Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси ҳамоҳангсозӣ — раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов гузашт.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ меҳмононро ба Тоҷикистони офтобӣ хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки имрӯз хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, рӯ ба афзоиш овардааст, ки ин тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзоро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд, дар таҳияи созишномаҳои нав, таҳкими робитаҳои амалӣ оид ба ташаккул ва рушди чорабиниҳои умумии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои дар назди СААД пайдошуда саҳми арзанда дорад.

Сипас, Петр Тихоновский — муовини дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ «Дар бораи вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ дар доираи СААД», Александр Винидиктов — намояндаи Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ассамблеяи парлумонии СААД «Дар бораи ҷараёни тасвиби аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо шудаанд», Ҷӯрахон Маҷидзода — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният «Оид ба лоиҳаи Тавсияҳо ба наздик намудани қонунгузории давлатҳои аъзои СААД дар бораи мусодираи амвол ба манфиати мубориза бар зидди коррупсия, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳо», Нусратулло Мирзоев -  муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба вазъи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқобилат бар зидди таҳдиду хатарҳои нав», Асрор Латифзода — муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи таъмини амнияти ҳарбӣ» суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа, ҳамчунин, маърӯзаҳои намояндагони давлатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон — Сагин Ибраев, Арманистон — Андраник Кочарян, Тоҷикистон — муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, муовини фармондеҳи  Қӯшунҳои сарҳадӣ Шоҳиён Абдусаттор, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзодаро шуниданд.

Дар фарҷом қарорҳои тавсиявӣ қабул гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ