Ба қадри оромию Ваҳдат бояд бирасем

№72 (4022) 22.06.2019

… Халқи тоҷик имтиҳони вазнин аз сар гузаронид. Рӯзҳое буданд, ки бародар бо бародар меҷангид. Падар аз фарзанд меҳаросид. Ҳатто мардум ба деҳаи наздиктарин ба ҷанозаи хешу табор рафта наметавонист. Шумораи нафароне, ки аз бемории гуногун фавтиданд, ба ҳазорҳо кас расид. Ҳама умеди зинда мондану ба рӯзҳои нек расиданро дар дил канда буданд. Кӯдакон «нон» — гуфта, гиря мекарданд. Мардум дар навбати нон соатҳо интизор мешуданд. Касе умед надошт, ки ба рӯзҳои нек мерасем ва серию пуриро мебинем. Аммо душманони миллат оромии кишварро намехостанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сарҷамъии миллат, ба хотири оромиву сулҳ аз баҳри ҷон гузаштанду ба сангарҳои пуроташ баҳри гуфтушунид рафтанд. Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ҳамчун Рӯзи Вахдати миллӣ дар саҳифаи таърих дарҷ гардидааст. Сипас, Сарвари давлат ба мардум муроҷиат намуданд, ки ҳар касе, ки ихтиёран силоҳ месупорад, новобаста аз гуноҳи содиркарда, афв мегардад. Ҳамин тариқ, силоҳ аз дасти мардум гирифта шуд. Гурезаҳо аз мулки Афғонистон баргардонида шуданд. Мутаассифона, ҳазорҳо нафари дигар дар хоки кишвари ҳамсоя дафн гардиданд…

Мо — омӯзгорон зимни ҳар як соати тарбиявӣ оид ба бархӯрдҳои сиёсие, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат сурат гирифтанд, нақл мекунем, он фарзандони фарзонаи миллатро, ки баҳри якпорчагии Меҳан ҷоннисорӣ намуданд, мисол меорем ва хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, содиқ будан ба халқу Ватан тарбия менамоем. Гаштаю баргашта мефаҳмонем, ки Давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ фарзандони сарсупурда ва қаҳрамонро, ки марзу буми Ватанро муҳофизат намудаанд, фаромӯш намекунад. Хотираю қаҳрамонии онҳо аз насл ба насл омӯзонида мешавад. Аммо мардум хоинони миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Аз ҷумлаи онҳо Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода мебошанд, ки яке дар зери ниқоби роҳбари ҲНИ ва дигаре ҷонишини вазири мудофиаи кишвар буданд. Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода яке аз саркардагони гурӯҳи мухолиф буд, ки Роҳбари давлат афви гуноҳашро намуда, ба вазифаи роҳбарикунанда таъин намуданд. Мутаассифона, боз ба Ватану миллат хиёнат намуда, сентябри соли 2015 хост табаддулоти давлатӣ гузаронад. Хушбахтона, ба мақсади нопокаш расида натавонист. Мақомоти бехатарӣ сари вақт аз нияти нопоки ӯ ва ҳаммаслаконаш огоҳ гардида, онро пешгирӣ намуданд. Нафрати халқ нисбаташон даҳчанд гардид. Чунки мардум азобу ҷанг, хунрезӣ ва гуруснагиро чашида буду дигар онро намехост.

Хушбахтона, ҳоло ҷавонони дилогоҳи кишвар аз пайи илму донишомӯзӣ буда, ба варзиш шуғл меварзанд ва дар дигар давлатҳо муаррифгару парчамбардори миллат мебошанд. Аз ин сарфароз бояд буд. Он касе, ки созанда аст, ҳеҷ гоҳ вайронкор намешавад. Ватанро ба ҳар қимате, ки бошад, аз душман ҳифз менамояд. Бинобар ин, мардум бояд ба ҳар гуна овозаҳои беасосе, ки бо ҳар гуна роҳу восита душаманони миллат паҳн мекунанд, бояд дар ҳарос набошад. Тоҷикистон қисмат намешавад. Зеро хушбахтию пешравӣ ва тараққиёт аз оромию ваҳдат аст ва ин ҳамаро дорем. Танҳо ба қадри онҳо бояд бирасем ва баҳри таҳкимашон аз як гиребон сар бароварда, кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Давлатмоҳ САФАРОВА, муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе