Сатрҳои ихлос ва сипос

Баъд аз табобат дар «Ирам» аз беморӣ осоре намонд

№42 (3992) 16.04.2019

96_1280Ману шавҳарам чанд сол аз дарди сутунмуҳра (остеохондроз) ранҷ мекашидем. Борҳо ба духтур муроҷиат карда, табобат намудем, ба осоишгоҳҳо рафтем. Мутаассифона, ягон дорую дармон фоида накард. Ба замми ин, фишори хунамон тез-тез баланд мегардид. Вақте ки бори охир, моҳи июни соли гузашта ба қабули духтур рафтем, ӯ маслиҳат дод, ки каме сайру саёҳат намоем.

Ба шавҳарам гуфтам, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист». Ин иқдоми пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим ва саривақтӣ аст. Биё, ба вилояти Суғд, ба саёҳат меравем.

Бо аҳли хонавода хайрухуш карда, ба сафар баромадем. То он рӯз гумон мекардам, ки аз ағбаи Шӯрообод баландтар ағба нест. Дар шаҳри Душанбе як шаб дар хонаи писарамон хобида, саҳарии барвақт ба роҳ баромадем. Пас аз роҳҳои пурпечутоби ноҳияи Варзоб ба ноҳияи Айнӣ ворид гаштем. Ҳар қадар болотар мебаромадем, манзараҳо зеботар мегаштанд. Як ағба тамом шуду ағбаи дуюм пеш омад. Ағбаи хеле баланд. Хушбахтона, роҳ хеле хуб буд. Ағбаи дуюм ҳам тамом шуду киштзорҳои паҳновар сар шуданд. Мақсади мо то шаҳри Конибодом рафтан буд, зеро ки писарамон дар ин ноҳия афсар шуда, ба Ватани азизамон хизмат мекунад. Ман аз боғҳои бепоён чашм наканда аз шавҳарам мепурсидам, ки кай ба Конибодом мерасем. «Ҳамон вақте ки боғҳои зардолу пайдо шаванд», — ҷавоб дод ӯ. Баъди 5 соати роҳпаймоӣ боғҳои зардолу намоён шуданд. Дарахтони зардолу қатор – қатор, тарзе шинонда шуда буданд, ки гӯё бо ҷадвал хатҳои онҳоро рост карда бошанд. Онҳоро тамошо карда, худ ба худ гуфтам: «Худоё, ҳазорон бор шукронаат, ки барои мо ин қадар Ватани зебою дилрабо додаӣ!». Аз он шукрона кардам, ки Тоҷикис­тони азизи мо Роҳбари дилсӯзу меҳрубон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад. Ин марди шариф барои мардуми тоҷик тамоми шароитро муҳайё карда, ба онҳо хушбахтӣ, сулҳ, ободӣ ва сарбаландиро эҳдо намудааст.

Хулоса, ба назди фарзандонамон расидем. Писару келину набераҳо хеле хушҳол шуданд. Дар моҳи июн вилояти Суғд хеле гарм буд. Писарамон Ҳабиб ваъда кард, ки ҳамин ки бекор шавад, моро ба тамошои шаҳр мебарад. Ман шӯхӣ кардам, ки агар шаб ба тамошо мебурд, беҳтар мешуд.

- Агар ин ҷо гарм аст, шуморо ба осоишгоҳи «Ирам» мебарам. Он ҷо хеле салқин аст, — гуфт Ҳабиб.

Субҳи дигар ҷониби осоишгоҳ-фароғатгоҳи «Ирам» роҳ пеш гирифтем. Он дар як гӯшаи шаҳри Конибодом ҷойгир будааст. Зани ҳалиму меҳрубон Нортоҷӣ Абдуллоева аз соли 2013 роҳбарии осоишгоҳро ба уҳда доштааст. Масоҳати умумии осоишгоҳ зиёда аз 8 гектар буда, боғи ниҳоят калон дорад. Гулу гиёҳҳои шифобахш низ дар он шинонда шудаанд.

Онро замони шӯравӣ раиси вақти хоҷагӣ Ҳомидҷон Неъматов барои истироҳати аъзои хоҷагӣ сохта будааст.

Осоишгоҳ аз тарафи ҷамъияти саҳомии «Ирам» таҷдид гардид. Дар кушодашави он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида буданд. Он дуошёна буда, дорои утоқҳои маъмурият, ҷойҳои хобу муолиҷаи беморон, толорҳои варзишӣ – истироҳатӣ, қабулгоҳ ва дафтари кории пизишкон мебошад. Ба ғайр аз ин, фароғатгоҳи «Ирам» дорои 10 коттеҷ, ошхона, чойхона, анбор ва буғхона буда, ҳама шароит барои зист ва табобат фароҳам аст. Дар он ҷо духтурони бемориҳои занона ва дандон низ фаъолият мекунанд. Инчунин, бемориҳои гуногуни узвҳои такяву ҳаракат, системаи асаб, системаи шараёни хуни дил, системаи бавл ва таносул, безурётии мардона ва занона, систитҳо, узвҳои ҳозима, илтиҳоби музмини рӯдаҳои ғафсу борик, меъда, рӯдаи 12-ангушта, панкреатит ва ғайра табобат мешаванд.

Шоҳид будем, ки баробари шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтиёҷмандон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекис­тон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо низ истироҳат намуда, табобат мегирифт.

Аксари бемориҳо ба воситаи дастгоҳҳои барқӣ, ба мисли электрофарез, Арсонеал, Ксант, озонотеропия, УВЧ магнитомуолиҷа, ваннаи нурафшон, УФО, ултрасадо, вибромассаж ва пневмомассаж табобат карда мешавад.

Инчунин, табобат бо муми кӯҳӣ, озокрит, шамъ, оби сулфурӣ, сероводопровод, ваннаҳо, души мудаввар, души боло ва пасрав амалӣ мешавад. Сӯзанзанӣ, маҳси дастӣ ва барқӣ, кашиши хушк ва зериобии сутунмуҳра низ ба роҳ монда шудааст.

Дар осоишгоҳ – фароғатгоҳи «Ирам» нисбат ба мизоҷон бениҳоят меҳрубонанд. Онҳо як мақсад доранд: шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмононро табобат ва ба хонаҳояшон гусел намоянд.

Хулоса, бо як тир чанд нишон задем. Вилояти Суғдро тамошо кардем. Бениҳоят шод гаштем, ки он аз ҷиҳати сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ дар пояи хеле баланд қарор дорад. Бо ҳунари устоҳои гулдасти ин диёр аз наздик шинос шудем. Аз бемориамон осоре боқӣ намонд. Зимистон дар Бадахшон барфи бениҳоят зиёд борид, хунукии шадид шуд. Бо вуҷуди ин тансиҳатем. Бегуфтугӯ, ин натиҷаи заҳмати духтурони ҳозиқи осоишгоҳ-фароғатгоҳи «Ирам» аст.

О. Маҳмадҷиёновасокини ноҳияи Дарвоз