Бани одам аъзои якдигаранд…

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

Лого-конференциz_навИнро бори дигар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе исбот кард

Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015)  буд, ки рӯзҳои 9-11июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор  гардид. Ин ҳамоиши бузург аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ ва дигар шарикони рушд дар мутобиқат бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 19-уми декабри соли 2014 доир ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015)  доир шуд.  Ҳадафи асосии конфронс арзёбии пешравиҳо дар дастёбӣ ба аҳдофи Даҳсола ва муайянсозии талошҳои минбаъда оид ба таъмини рушди устувори захираҳои об буд.

Дар конфронс аз 100 кишвари ҷаҳон, 80 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ 1900  намояндагони  воломақом ва сиёсатмадорон, олимон ва коршиносон ширкат намуда, барои дарёфти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об мубодилаи афкор намуданд. Беш аз 70 маърӯзаи коршиносони байналмилалӣ ва минтақавӣ роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур шунида шуд. Дар арафа ва рӯзҳои ҳамоиши бузург дар доираи конфронс вобаста ба масъалаи об чорабиниҳои гуногуни бонуфуз доир гардиданд. Намоишгоҳи байналмилалии «Об- барои ҳаёт» аз ҷумлаи ин чорабиниҳо буд, ки дар он 25 ташкилоти гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ намунаи молу маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимни нишасти матбуотие, ки ба ҷамъбасти кори конфронс бахшида шуда буд,  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукотии конфронс  Қоҳир Расулзода аз ҷумла иброз дошт: «Конфронс ба шарофати саъю кӯшиши якҷояи тамоми иштирокчиёни он бомуваффақият анҷом ёфт, ки баёнгари мақсадҳои наҷиби Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) буд».

Тавре ҷараёни конфронс нишон дод, баҳри амалӣ гаштани ин ҳадафҳо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳавасманданд, зеро масоили вобаста ба об имрӯз ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар робита ба ин, баҳри  ҳалли ин мушкилот аз ҷониби ширкаткунандагони конфронс андешарониҳои ҷолиб, фикру пешниҳодоти судманд баён гардиданд.

Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни ифтитоҳи конфронс  роҷеъ ба аҳамияти об, вазъи истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон, масоили вобаста ба он суханронӣ карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Об на танҳо барои ҳаёт аст, балки об ҳаёт аст, об саломатист,  об шаъну шараф аст, об ин ҳуқуқи инсон аст. Барои ҳастии мо об аз ҳама муҳим аст. Аз ин хотир, мо вазифадорем, ки уҳдадориҳои хешро нисбати дастрасии об ва санитария дида бароем ва нақшаи фаъолияти минбаъдаро таҳия ва амалӣ намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи маълумотнокӣ, ҷиҳати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ташаббус нишон дод. Ман ба кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати ҳалли мушкилоти об  аҳсант мегӯям.

Тӯли Даҳсолаи фавқуззикр дар доираи ин чорабинӣ пешравиҳои зиёд ба даст оварда шуд. Дастрасии аҳолӣ ба оби тоза беҳтар гардид. Ассамблеяи генералии СММ дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва беҳдошти санитарияро чун ҳуқуқи инсон муайян намуд. Мо аввалин маротиба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро эълон намудем. Ҳар сол 22 март Рӯзи байналмилалии об ҷашн гирифта мешавад. Тӯли Даҳсола дар масъалаи санитария низ пешравиҳо ба даст омад ва зиёда аз 1,9 миллион одамон ба шароитҳои беҳтари санитария дастрасӣ пайдо намуданд. Сарфи назар аз ин, мо медонем, ки ҳанӯз мушкилоти зиёди ҳалношудаи об мавҷуданд. Дар асри XXI тақрибан 2,5 миллиард одамон ба шароити зарурии санитария дастрасӣ надоранд. Дар ин қарн ҳоло ҳам  қариб 1000  кӯдаки синнаш то панҷсола ҳар рӯз аз сабаби истифодаи обҳои ғайристандартӣ, ҳолати бади санитарӣ ҳаёти худро аз даст медиҳанд. Дар ин замина давлатҳо зарарҳои зиёди иқтисодӣ низ мебинанд. Бисёр олимони сатҳи ҷаҳонӣ бар ин ақидаанд, ки буҳрони  об яке аз хатарҳои бузурги глобалиест, ки мо метавонем ба он рӯ ба рӯ шавем».

Пан Ги Мун таъкид кард, ки об бояд неруи пайвандгар бошад. Он метавонад сарчашмаи ҳамкориҳо шавад ва аз ин ҳамкориҳо самараҳои хуб ба даст овардан мумкин аст. Ин сарҷамъӣ дари сулҳу амнияти миёни халқҳоро боз мекунад. Кишварҳои минтақа бо захираҳои оби худ ба ҳам алоқаманданд. Бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ ва афзудани талабот ба об фишору таҳдидҳо зиёд мешавад. Зимни ин суханронӣ ва ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Сарвари давлати мо роҷеъ ба Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор»  баҳои баланд дод.

Пешниҳоди нави Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро  дигар намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ, ки дар конфронс ширкат доштанд, аз ҷумла  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф,  Раиси иҷроияи Ҳукумати  ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Онда ва дигарон низ муҳим арзёбӣ карда, ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

- Ба шарофати конфронси имрӯза ба мо имкон даст дод, ки бори дигар атрофи ин масъалаи муҳими глобалӣ андешаронӣ намоем. Биноан, ба ташаббускори ин конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ мекунам. Дар шароити тағйирёбии иқлим, хавфи буҳрони энергетикӣ истифодаи самараноки захираҳои об хеле муҳим аст. Бинобар ин, ҳалли масъалаҳои гидроэнергетикӣ  ва истифодаи захираҳои об кӯшишҳои якҷояро тақозо мекунад. Баҳри ҳалли масъалаи энергетикӣ Ҷумҳурии Қирғизистон якчанд барномаҳоро роҳандозӣ карда, дар ҳудуди худ силсилаи неругоҳҳои барқи обиро бунёд менамояд. Кишвари мо пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» дастгирӣ менамояд ва барои амалишавии он омода аст бо дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ монад,- иброз дошт Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев.

Ҷараёни конфронс тавассути 400 журналист аз воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ сари вақт паҳн гардид. Ба ин, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои журналистон мусоидат кард. Дар рӯзҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази матбуот ташкил шуд. Бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи конфронси байналмилалӣ, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти ҷаласаҳои он, таҳияи мақолаю гузоришҳо, анҷом додани сабтҳои аудио ва видеоӣ дар маркази матбуот барои намояндагони воситаҳои ахбори омма шароити зарурӣ фароҳам шуданд. Масъулини маркази матбуот барои фаъолияти пурсамари намояндагони воситаҳои ахбори омма 162 адад компютери пайваст бо интернети баландсуръат, ду нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI), ки дар як вақт 400 нафар метавонанд ба он пайваст шаванд,  шаш адад дастгоҳи чопӣ ва нусхабардорӣ, шаш адад монитор барои тамошои намоишҳои мустақими конфронсро омода карданд.

Дар рӯзҳое, ки конфронс ҷараён дошт, мо баробари шунидани маърӯзаҳои зиёди пурмуҳтаво, ҳамзамон бо чанде аз меҳмонон суҳбат карда, таассуроташонро аз ҳамоиши Душанбе пурсидем. Ҳамаи онҳо аз сатҳи баланди ташкили чорабинӣ, пазироии гарму самимонаашон дар Тоҷикистони офтобӣ, зебоиҳои кишвари мо, бахусус ободиҳои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳарф мезаданд ва баргузории чунин конфронси баландпояро  иқдоми арзандаю  шоистаи таҳсин арзёбӣ мекарданд.

Намояндагони Африқои Ҷанубӣ бо эҳсосоти баланд аз диду шунидаҳояшон ҳарф зада, мегуфтанд, ки баъд аз ташриф ба Тоҷикистон ва ширкат дар конфронс умедашон ба ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза, ки дар кишвари онҳо боиси ташвиш гардидааст, зиёд шуд.

Абдусалом Муҳаммадсолеҳ — корманди Вазорати оби  давлати Амороти Муттаҳидаи Араб андешаҳояшро ба журналистон баён карда, аз ҷумла  гуфт: «АМА  саъю талоши ҷомеаи ҷаҳониро дар масъалаи  дастрасии мардум ба оби тозаи ошомиданӣ ва истифодаи захираҳои обӣ  дастгирӣ менамояд ва  ба ин хотир, мо ба Тоҷикистон омадем. АМА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои муштарак дошта, дар ин замина тайи даҳ соли охир ба дастовардҳои зиёд ноил гардид».

Меҳмони дигари конфронс директори   Дафтари минтақавии занони СММ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ И. Гисладоттир зикр намуд, ки дар давоми солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои зиёде нишон дод.

«Имрӯз дар раванди дастрасӣ ба оби тоза ҳалли масъалаҳои гендерӣ бисёр муҳим аст.  Сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ин масъала мубрам боқӣ мемонад. Ҳолатҳои ғайрисанитарии истифодаи об, пурра дастрас набудани об ба фаъолияти занон таъсири нохуб мерасонад.  Мо бояд барои дарёфти ҳалли ин мушкилот чораҳои нав андешем. Дар робита ба ин, ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор»  бисёр муҳим ва боиси дастгирист», — зикр намуд хонум И. Гисладоттир.

Чунин андешаю мулоҳизаҳо ва ҷонибдорӣ аз иқдомоти кишвари азизи мо хеле зиёд буданд. Аммо як нуктаи бисёр муҳими дигар боиси тазаккур аст, ки конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе бори дигар зарурати дарк ва амал кардан аз рӯи панди  мутафаккири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс Шайх Саъдиро исбот кард:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»