Бе донистани математика пешравӣ мушкил аст

№122 (4072) 12.10.2019

МатемДар замони муосир, ки истифодаи дастовардҳои илму техника як ҷузъи ҳаёт гардидааст, нақши донишҳои математикӣ хеле муҳим мебошад. Чунки дар хонаю кӯча, мағозаю бозор, донишгоҳу ҷойи кор бо математика сарукор дорем. Соати муайян аз ҷо мехезем, дар вақти муайян ноништа карда, маблағи заруриро гирифта, сӯи мактаб ё коргоҳ равон мешавем. Омӯзгори МТМУ №127, шаҳри Ҳисор  Абдуқодир Ҷабборов 44 сол боз ба шогирдон ин фанни душвору дақиқ ва барои ҳаёт заруриро таълим медиҳад. Ӯ соли 1975, баъди хатми Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) мувофиқи роҳхат ба мактаби №30- и ноҳияи Ёвон ба кор рафт. Омӯзгори ҷавону боғайрат ва дидадаро зуд дар мактаб обрӯ пайдо кард, аммо баъди ду соли кор маҷбур шуд, ки ба ноҳияи Ҳисор баргардад, зеро ӯ фарзанди калони оила буду падари як умр деҳқонаш ба мутакко ниёз дошт. Аз соли 1977 дар дабистонҳои рақами 11, 30 ва 51 (ҳоло 127)-и шаҳри Ҳисор ба шогирдон дарс гуфтааст. Қисме аз шогирдонаш, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба фаъолият машғуланд, ҳоло соҳибунвонанд.

Муҳаббат ба касби дӯстдошта буд, ки солҳои навадуми садаи гузашта бо вуҷуди моҳҳо нагирифтани маош, қиматии  ашёи зарурӣ ҷойи корашро тарк накард. Баръакс, ҳамкорон ва шогирдонро ба ояндаи нек дилгарму рӯҳбаланд месохт. Ҳар рӯз пас аз  кор дар замини наздиҳавлигӣ машғули обчакорӣ мешуд, зеро аз падар нозукиҳои касби деҳқониро хуб омӯхта буд. Он солҳо дар ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 75000 гектар замин ба мардум тақсим карда шуд. Иқдоми мазкур баҳри ҳал гардидани мушкилоти озуқаворӣ дар мамлакат мусоидат кард.

Хизматҳои бисёрсолаи омӯзгори дараҷаи олӣ Абдуқодир Ҷабборовро ба инобат гирифта, соли 2013 бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардониданд.

- Донистани математика, новобаста аз забону ҷойи зисту сол, барои ҳама муҳим аст. Бе математика дуруст чен кардан, баркашидан, рақам чидан, харидан ва фурӯхтан ғайриимкон аст. Математика барои сохтани иморат, киштукор, ҳатто, машғул шудан ба варзиш ба кор меояд, — мегӯяд Абдуқодир Ҷабборов.

Дар ҳақиқат, агар инсон математикаро намедонист, автомобил, ҳавопаймо, мошини либосшӯиву яхдон, телевизору компютер ва телефони мобилиро, ки ҷузъи зарурии ҳаёт гардидаанд, ихтироъ карда наметавонист. Ягон соҳае нест, ки ба математика вобаста набошад.

- Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки хонанда ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсимро ёд гирад, кифоя аст. Барои ҳалли масъа­лаҳо беҳуда майнаи кӯдакро гич кардан чӣ лозим? Аз ду сар ҳама математик намешаванд- ку? — гуфт А. Ҷабборов ва афзуд: — Ман ба ин фикр розӣ нестам. Омӯхтани математика фикрронии мантиқиро вусъат мебахшад, инсонро ба дақиқ кор кардан водор месозад, таваҷҷуҳашро ба мавзӯи асосӣ ҷалб менамояд. Хуб донистани математика барои ҳалли вазифаҳои мушкили бамиёномада кумак мерасонад. Бе донис­тани математика пешравӣ мушкил аст.

Дарвоқеъ, ихтисосҳои дар шароити кунунӣ серхаридор, аз қабили муҳосиб (бухгалтер), меъмор, муҳандис, тоҷир, иқтисодчӣ, барномасоз ва ғайра аз мутахассис хуб донистани математикаро талаб мекунанд. Бинобар ин, бояд ба кӯдакон математикаро ҳамчун фанни муҳим, шавқовар ва зарурӣ муаррифӣ кунем.

Соли равон 7 шогирди Абдуқодир Ҷабборов бинобар хуб донистани математика тавассути Маркази миллии тестӣ ба макотиби олии интихобкарда дохил шуданд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки минбаъд низ шавқи фанни барои ояндаи шогирдон муҳимро дар дили  насли наврас бедор намояд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»