Беҳтарин неъмат ва кафили осудаҳолии мардум

№71 (3708) 15.06.2017

imageВаҳдату иттиҳод барои ҳар миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ вобастаи ин неруи сарнавиштсоз аст.

Замоне сухан аз Ваҳдати миллӣ равад, зеҳни инсон беихтиёр вориди таърихи на чандон дури кишвар мегардад. Баъди пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ душманони миллати тоҷик бо ҳар гуна фиребу дасиса тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯзанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ҳастии миллати тоҷик зери хатар монда, барои халқи азияткашидаи тоҷик ба зиндагии шоиста умеде боқӣ намонда буд. Дар он гуна шароит танҳо сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ метавонист кишварро аз ин варта раҳо бахшад. Дар он айёми ҳассос, ки миллату давлат дар вартаи нобудӣ қарор гирифт, фарзанди покизасиришт — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида, хитоб намуд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин шиори Пешвои миллат мардумро рӯҳу тавон ва умед ба ояндаи нек бахшид.

Бо азму талошҳои пайгиронаи Роҳбари оқилу тавоно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади сарнавиштсоз барои сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардуми тоҷик замина гузошт.

Аз лиҳози моҳият Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикис­тон дар радифи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад. Агар яке Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон карда бошад, дигаре дар мамлакат сулҳу суботро пойдор намуд.

Сарвари давлат дар яке аз сухарониҳояшон таъкид намуданд: «Як нуктаро бояд тазаккур бидиҳам: то он даме ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, ба ҷойи яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кумаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад».

Инак, 20 сол аз он санаи таърихӣ сипарӣ мегардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол бо шукӯҳу фараҳи беандоза ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнро истиқбол мегиранд.  Минбаъд низ ҳар яки моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, баҳри рушди кишвар ва осудаҳолии сокинони он содиқона хизмат намоем.

 Гиёзода Мирзоусмон Қурбон,

раиси Суди шаҳри Душанбе