Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав»

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

№111 (3412) 19.08.2015

пловБеҳтарин ошпазҳои вилояти Суғд аз 18 шаҳру навоҳии вилоят, ки дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ғолиб омада буданд, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» ширкат мекунанд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи савдо ва тиҷорати Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Валиҷон Холматов ошпазҳои беҳтарини шуъбаҳои идораи мазкур низ аз шаҳру навоҳии вилоят дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии  «Оши палав» баргузор гардида буд. Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» аз рўи номинатсияҳои гуногун гузаронида шуда, дар он 40 нафар ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни беҳтарини Фестивал — озмун аз рўи бахшҳои «Оши палави беҳтарин» – 5000 сомонӣ  (ғолиби бахш Носир Ортиқов аз шаҳри Хуҷанд), «Оши чойхонаи беҳтарин» – 3000 сомонӣ  (ғолиби бахш Зокир Файзиматов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), «Ошпази касбии беҳтарин» – 3000 сомонӣ (ғолиби бахш Аюб Бурҳонов аз ноҳияи Ғончӣ), «Ошхўри беҳтарин» – 2000 сомонӣ (ғолиби бахш Абдуқаҳҳор Маҳмудов аз шаҳри Истаравшан), «Ошпази беҳтарин байни мўйсафедон» – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Баҳодур Назиров аз шаҳри Исфара), «Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол» – 1000 сомонӣ  (ғолиби бахш Шоирахон Бобоева аз ноҳияи Айнӣ), «Ошпази беҳтарин байни мардон» – 1000 сомонӣ  (ғолиби бахш Набихўҷа Ёдгоров аз ноҳияи Мастчоҳ), «Ошпази беҳтарин байни занон» – 1000 сомонӣ  (ғолиби бахш Дилрабо Раҳматова аз шаҳри Истаравшан), «Ошпази беҳтарин байни домодҳо» – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Ҳусейнҷон Турсунов аз шаҳри Хуҷанд), «Ошпази беҳтарин байни арўсон» – 1000 сомонӣ  (ғолиби бахш Заррина Раҷабова аз ноҳияи Спитамен), «Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон» – 1000 сомонӣ  (ғолиби бахш Баҳриддин Шодихўҷаев аз мактаби президентии шаҳри Чкалов), «Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон» – 1000 сомонӣ  (ғолиби бахш – Мафтуна Шарипова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов) мукофотпулиҳо ҷудо шуда,  ба соҳибонашон супорида шуд.

Ҳамзамон барои иштироки фаъол дар Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» ба Қаюм Исмонов аз шаҳри Конибодом, Абдусалом Тиллоев аз шаҳри Панҷакент, Маҳмуд Мирзоев аз шаҳри Истиқлол, Мадина Абдулфайзова аз шаҳри Қайроққум, Маҳмудҷон Назаров аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, Неъмат Ҳотамов аз ноҳияи Шаҳристон, Тўхтанисо Раҳматова аз шаҳри Чкалов ва Матлуба Ҷўраева аз ноҳияи Зафаробод тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» илова бар 40 деги иштирокчиёни озмун дар соҳили дарёи Сир боз дар 40 деги дигар оши палав омода карда шуд, ки он барои сокинон ва меҳмонон ройгон тақсим гардид.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»