Аз толори суд

Беаҳамиятии ронанда сабаби марги афсари милиса ва ятим мондани се фарзанди ноболиғи ӯ гардид

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

255108Тибқи талаботи бандҳои 130 ва 131-и қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133-и ҳамин қоидаҳо муқаррар шудааст, талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи  шаффофии ҳаворо, ки ба намудоршавии роҳ таъсир мерасонад, ба эътибор гирад». Дар маҷмӯъ, суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт таъмин намояд. Вале  Ашуров Отабек Зиёдуллоевич соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ин муқарраротро ба эътибор нагирифта, гумон дошт, ки дар ҳама ҳолат аз уҳдаи идораи мошинаш – автомобили сабукрави тамғаи «Опел – Астра», рақами қайди давлатиаш 77 34 ЕА 01 мебарояд.  Аммо худбоварӣ ва бепарвогӣ сабаби рух додани ҳодисаи нохуш ва марги инсон гардид.

Номбурда 15-уми январи соли 2018, тахминан соатҳои 20 ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷ. Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи С. Шерозӣ ба самти кӯчаи Шамсӣ, рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №72-и кӯчаи А. Ғуломов, нозири калони РХР РБДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабалиро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ қарор дошт, пахш намуд. Ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи Маркази миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Марҳум оиладор ва соҳиби се нафар фарзанди ноболиғ буд.

Тафсилоти воқеа чунин аст: Камолиддин Ҳукуматзода барои манъ кардани автомашинаи сабукраве, ки  дар қатори чоруми роҳ бо суръати баланд меомад, ба байни роҳ баромада, бо ишорачӯб  мехоҳад онро боздорад. Ронандаи мошин, ки тамғаю рақамаш номаълум буд, ба ишораи нозири роҳ итоат накарда, бо ҳамон суръат аз назди ӯ мегузарад. Баъд аз ин нозири роҳ мехоҳад ба қафо, яъне ба макони мустақарбуда баргардад, вале автомобили Отабек Ашуров ӯро пахш мекунад.

Якуми майи соли ҷорӣ дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Отабек Ашуров мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Судшаванда дар мурофиа ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар ҳолати баамаломада  ҳодисаро пешгирӣ карда натавониста, корманди БДА-ро бо тарафи чапи қисми пеши мошинаш зада, аз пой афтонд. Зимни шарҳи ин воқеа Отабек Ашуров бинобар падари бемор доштан ва дар оила писари ягона будан аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин кунад.

Дар раванди санҷиш маълум гардид, ки О. Ашуров истеъмолкунандаи маводи нашъаовар аст. Ба ин хулоса мутахассисон зимни ташхиси таркиби пешоби номбурда омаданд. Шахсоне, ки доимӣ маводи нашъадори бангдонаро истеъмол мекунанд, дар муҳлати як моҳ ва зиёдтар аз он таъсираш боқӣ мемонад.

Ҳамин тариқ, баъд аз шунидани нишондоди шоҳидон ва баррасии пурраи парванда суд ба Ашуров Отабек Зиёдуллоевич бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чор сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии сукунат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати се сол ҷазо таъин кард.

Р. РАҲМОНАЛИЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе,

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»