Бозгашт ба мавзӯъ

Бечоранолӣ роҳи ҳалли мушкил нест

№130 (3924) 27.10.2018

Чаро масъулин дар раванди ифшо намудан ва ҷӯё шудани ҳалли он ба муқаррароти қонунгузорӣ камтаваҷҷуҳанд?

Цікаві_факти_про_рибалкуМавҷудияти заминаи мукаммали ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, омили асосии рушди дилхоҳ соҳа маҳсуб мешавад, ба шарте ки масъулин баҳри иҷрои муқаррароти он собитқадам бошанд. Мутаассифона, аксарият ҳангоми боз­гӯйӣ намудани мушкилоти мавҷуда ва ҷӯё шудани роҳи ҳалли онҳо талаботу муҳимияти қонунҳои марбутаро сарфи назар мекунанд. Бинобар ин, баъзе қонунҳо дар рӯи қоғаз ва аҳолӣ аз моҳияти онҳо бехабар мемонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз 13 сентябри соли 2013 мавриди амал қарор дорад. Қонуни мавриди назар, ки дар таҳрири нав қабул шудааст, масъулини соҳаро вазифадор менамояд, ки рушди соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва захираҳои моҳиро таъмин карда, ба амнияти озуқавории кишвар мусоидат намоянд. Ба таври дигар гӯем, мақсади асосӣ аз амали қонун нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумору маҳсулнокии моҳӣ, такмили сифати генетикии он, афзоиши истеҳсоли моҳии молӣ мебошад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад.

Албатта, барои рӯзнома ин мавзӯъ нав нест. Соли гузашта мусоҳибаи Н. Низомӣ бо сарвари КВД «Моҳии Тоҷикистон», ихтиолог Аҳмадҷон Ғафуров нашр шуда буд ва мавсуф дар баробари зикри мушкилоти мавҷуда гуфта буд, ки «Бо дард, бо алам нависед, ки ба дилҳо бирасад, вале касе наранҷад». Намедонам ҷаноби Ғафуров наранҷондани киро дар назар дошт, вале, ба андешаи инҷониб, ифшои мушкилот набояд дар заминаи чунин хотирбинӣ ва худсафедкунӣ сурат гирад, зеро бечоранолӣ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли мушкил набуду нест ва танҳо тадбирандешиҳои бетаъхир дар такя ба муқаррароти қонунгузорӣ метавонад онҳоро рафъ созад.

Моддаи 6-и қонуни зикршуда муқаррар намудааст, ки ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳа танзими меъёрии ҳуқуқӣ, амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ дар соҳа, ташкил ва маблағгузорӣ ба соҳа, ташкили низоми махсуси омӯзиши захираҳои моҳӣ, таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрию техникӣ ва методӣ, омодасозии тавсияҳо оид ба парвариш ва истифодаи зотҳои беҳтарини моҳӣ, беҳсозии сифати маҳсулот ва афзунгардонии маҳсулнокии соҳаи моҳипарварӣ, гирифтани иттилооти зарурӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд, андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровар ба захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, назорати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар ин соҳа фаъолиятдошта, ҳолати захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешгирии сайди ғайриқонунии моҳӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ-техникӣ ва дигар таҳқиқот дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи моҳӣ, таҳия ва тасдиқи қоидаҳои моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ғайра дохил мешаванд. Эътироф бояд кард, ки қисмати бештари ин муқаррарот умуман иҷро намешаванд. Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки сари ин масъала андеша кунанд.

Дар қисми1-уми моддаи 12-уми қонун омадааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ин соҳа метавонанд ба намудҳои бозтавлиди сунъии моҳӣ, моҳипарварии молӣ ва моҳипарварии истироҳатӣ машғул шаванд. Дар Тоҷикистон, ки ба уқёнусу баҳрҳо роҳи баромад надорад, ба роҳ мондани аквакултура — парвариши организмҳои обӣ бо мақсади зиёд кардани маҳсулнокӣ, ба монанди бо роҳи сунъӣ наслгирӣ, моҳисардиҳӣ, хӯрокдиҳӣ, ки дар бисёр давлатҳо аз ин усул васеъ истифода мебаранд, ба мақсад мувофиқ дониста шудааст.

Дар ҷумҳурии мо маъмулан барои парвариши моҳӣ ва зиёд намудани саршумори он аз кӯл, ҳавз ва обанборҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ба роҳ мондани ин тарзи парвариши моҳӣ дар деҳот ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва қабл аз ҳама, ҳифз ва зиёд гардонидани зоти моҳӣ мусоидат менамояд.

Мутахассисон эътироф менамоянд, ки қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар солҳои 2009-2015» дар моҳи июни соли 2008 ба барқарорсозии соҳа мусоидат кард. Аз он бояд ёдовар шавем, ки то қабули барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ 8 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошт, ки солона ҳамагӣ 225 тонна моҳӣ истеҳсол менамуданд. Соли 2008, баъди боздиди Пешвои миллат аз хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоҷон» ва «Гулмоҳӣ» — и шаҳри Ваҳдат ва барои хоҷагиҳои зикршуда ҷудо гардидани мутаносибан 15 ва 3 гектар замин барои парвариши хӯроки моҳӣ, марҳилаи сифатан нави рушди соҳа оғоз гардид. Ҳамон сол 16 хоҷагии моҳипарварии хурду миёна ташкил шуд ва дар ду сол ба 111 адад расид. Дар маҷмӯъ, баъди амалӣ гаштани «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015» истеҳсоли моҳӣ ба 2100 тонна расид.

Тибқи иттилои аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасшуда, чанде пеш «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2018-2022» тарҳрезӣ шудааст, ки соли равон мавриди амал қарор мегирад. Тибқи он бояд истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ аз 2240 тоннаи соли 2018 то ба 2620 тонна расонида шавад.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки соли гузашта дар кишвар 2037 тонна моҳӣ сайд ва ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба солҳои қаблӣ бештар бошад ҳам, барои таъмини аҳолии кишвар бо гӯшти моҳӣ кифоя нестанд. Олимони соҳа ба он назаранд, ки талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба моҳӣ 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки дар як сол ба ҳар сари аҳолӣ 23 кг рост меояд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 277 хоҷагии хурду калони моҳипарварӣ мавҷуд аст, дар ҳоле ки солҳои қаблӣ ҳамагӣ 7 хоҷагӣ фаъолият мекард. Масъулини соҳа миёни ин хоҷагиҳо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии «Исмоил»-и шаҳри Кӯлобро, ки дар як сол 30-35 тонна моҳӣ истеҳсол мекунад, қобили таҳсин медонанд. Ҳоло хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 6432,38 гектар доман паҳн кардааст, ки масоҳати ҳавзҳояшон 2947,15 гектарро дар бар мегирад. Хоҷагии давлатии моҳипарварии «Чӯбек», ҶСК «Суғдмоҳӣ», ҶСК «ПМХ», ҶДММ «Фирӯз», ҶСШК «Гули сурх» ва «Меҳр» низ аз зумраи хоҷагиҳои муваффақ маҳсуб шуда, солона ҳар кадом аз 15 то 160 тонна моҳӣ истеҳсол мекунанд.

Шоҳиди он ҳастем, ки моҳии ватанӣ арзон бошад ҳам, ба таври саноатӣ истеҳсол намешавад. Онҳоро аз ҳавз дошта, тағораҳоро пур карда, ба бозор мебаранд ва аксар вақт зинда мефурӯшанд. Боиси нигаронист, ки шикорчиёни инфиродӣ, аниқтараш қочоқчиён, низ дар гӯшаи бозор тӯри моҳидории худро бе риояи гигиена болои замин кушода, моҳӣ мефурӯшанд. Бисёре аз ин фурӯшандагон ҳатто чӣ навъ моҳӣ будани молашонро намедонанд. Ҳол он ки навъи моҳиҳои ба саломатии одам хавфнок низ дар кӯлу заҳбурҳои мо кам нестанд.

Шояд бисёриҳо надонанд, ки доир ба масъалаи мазкур моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» бо мақсади таъмини нигоҳдории захираҳои моҳӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо маҳдудият, аз ҷумла манъи моҳигирӣ дар ҳудуд­ҳои муайян, андоза ё вазни ҳадди ақали сайди захираҳои моҳӣ, намуд ва миқдори воситаҳои иҷозатшуда, ҳаҷм ва таркиби захираҳои моҳӣ, давраҳои моҳигирӣ дар объектҳои обиро муқаррар намудааст. Чунин маҳдудият нисбат ба сайди намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарор доштани захираҳои моҳӣ, ки ба Китоби сурх дохил шудаанд (моддаи 25 қонуни мазкур), низ муайян гардидааст. Тибқи талаботи қонун, квотаҳои сайди моҳӣ дар асоси дархости истифодабарандагон ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба намудҳои моҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ тасдиқ мешаванд. Ин квотаҳо тавассути бастани шартномаҳо бо истифодабарандагон ба муҳлати як сол тасдиқ мегарданд.

Дар моддаи 32-юми қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки ҳангоми ташкили объектҳои хоҷагидор ҷорӣ намудани раванд­ҳои нави технологӣ ва дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо бояд пешбинӣ шаванд. Фаъолияти мазкур танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ карда мешавад.

Бояд таъкид кард, ки соҳаи моҳипарварӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар ин соҳа технология, таҷҳизот, механизмҳои махсус истифода мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан моҳипарвариро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, ба рушди он монеъ мешаванд. Мутахассисони соҳа аз он нигаронӣ доранд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала саҳлангорӣ карда, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2001 «Оиди бо заминҳои обӣ таъмин намудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ» — ро сарфи назар менамоянд. Биноан, аксар кӯлҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шӯрзамин, ботлоқ ва санглох бунёд мегарданд, ки зироати дар он киштшуда ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Дар натиҷа, хоҷагиҳо аз истифодаи чунин заминҳо хӯрокаи заруриро ба даст оварда наметавонанд ва ин сабаби коҳиш ёфтани саршумори моҳӣ мегардад. Ҳамзамон, баъзан шахсони дур аз ин соҳа ва тасодуфӣ ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ роҳбарӣ менамоянд. Моҳипарварӣ заҳмат ва масъулияти зиёд­ро талаб мекунад. Баробари ташкил додани базаи мустаҳками моддӣ — техникӣ мутахассисонеро ба кор ҷалб бояд кард, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва маҳорати кордонию ташкилотчигӣ дошта бошанд. Агар ин мушкилот ҳал нагардад, ба рушди моҳипарварӣ наметавон умед баст.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки сол то сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо дорад, ки моҳӣ бештар истеҳсол карда шавад. Илова бар ин, рушди минбаъдаи соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва маҳсулоти аз моҳӣ омодашуда барои саломатии аҳолӣ нақши бориз хоҳад дошт. Ба андешаи мутахассисон, дар сурати аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода кардан ва ба рушди минбаъдаи соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани муассисаву корхонаҳои масъул метавон Тоҷикистонро аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи моҳии хушсифат табдил дод.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»