Бегонаҳо эътирофу «худӣ»-ҳо бетафовутиро ихтиёр мекунанд. Чаро?

№31 (4137) 12.03.2020

Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, иттилоърасонҳо муваззафанд, ки неруи зеҳнии хешро барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо — сулҳу ваҳдат равона намоянд.

Хоса дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфтааст ва дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Боиси таассуф аст, ки дар кишвар саҳми воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва инъикоси дастовардҳо мувофиқи мақсад нест.

Далел меорам: Чанд рӯз пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги Индекси ҷаҳонии сулҳ миёни 163 кишвар ҷойи 105 — умро ишғол кард. Дар асоси он кишвари мо дар робита ба таъмини осоиштагӣ аз Амрико, Чин ва Олмон пешсаф аст.

Дар ҳоле ки ин иттилоъ аз ҷониби расонаи хориҷӣ — «Спутник» пӯшиши хабарӣ ёфт, аксар расонаҳои кишвар бетафовутӣ зоҳир намуданд. Ҳол он ки имкон буд дар заминаи нишондиҳандаи мазкур матлаби хуби таҳлилӣ ва раҳнамунсозанда навишта, мардумро рӯҳбаланду дилпур намуд.

Аз он дар ҳайратам, ки бо кадом «асос» «аллома»-ҳое, ки аз «хулоса»-и баъзе аз созмонҳои хориҷии бар зидди кишвар дарҷшуда истиқбол намуда, онро фавран расонаӣ мекунанд, дар ин маврид хомӯшанд? Ин амалкард дар зеҳн андешаеро шакл медиҳад, ки рисолати баъзе воситаҳои ахбори омма «чирк кофтан аз зери нохун» аст, ки зимни дастоварду пешравиҳо «ба даҳон об мегиранд».

Доир ба муҳтаво ва моҳияти гузориши мавриди назар бояд зикр кард, ки дар он меъёрҳое чун амният, суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волоияти қонун ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон асосӣ маҳсуб меёбад ва дар ин замина сатҳи осоиштагии 163 мамлакат баҳогузорӣ шудааст.

Бо истинод ба далелу арқоми асоснок гузоришгарон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон баҳои баландтарин ва ба Туркманистон пасттаринро гузоштаанд. Мақоми аввалро Исландия ва ҷои охиринро Афғонистон ишғол карданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯи нишондоди мазкур аз Арманистон (118), Арабистони Саудӣ (129), Озарбойҷон (130), Эрон (139), Ҳиндустон (141), Исроил (146), Украина (150), Туркия (152) ва Покистон (153) пеш аст. Дар маҷмӯъ, коршиносон ба хулоса омадаанд, ки нишондиҳандаҳои ба сулҳ алоқаманд дар ҷаҳон соли 2019 дар қиёс ба солиёни пеш тамоюли беҳшавиро касб кардааст. Нишондиҳандаи миёна 0,09 фоиз афзуда, беҳтаршавии мавқеъ дар 86 кишвар, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, баръалост.

Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир таҳияи рейтингҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз падидаи маъмул буда, дар ин раванд, ки муқоиса омили меҳварист, беҳтаринҳо муайян ва баҳогузорӣ мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, хулосаи ин ташкилотҳо, ба истиснои созмонҳои мазҳакаофар, мунсифона буда, дар заминаи омӯзиши амиқу ҳамаҷониба рӯи кор меояд.

Ҳатман бояд аз он ёдовар шавем, ки эътирофи дастовардҳои кишвар дар заминаи рейтингҳои зикршуда маротибаи аввал ва мутмаинам, ки охир низ нест. Хурсандиовар аст, ки дар аксар рейтинг­ҳое, ки ташкилотҳои муътабар мегузаронанд, кишвари мо ҷойгоҳи хос дорад.

Се сол қабл сомонаи Ташкилоти байналмилалии «Social Progress Imperative» (ИМА) иттилоъ дода буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи имконпазир 58,87 хол гирифта, ҷойи 92-юмро ишғол намуд.

Дар он рейтинг низ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нисбат ба кишварҳои қитъаи Осиё, ба мисли Ҳиндустон (ҷойи 93-юм, 58,39 хол), Бангладеш (ҷойи 97- ум, 54,84 хол), Покис­тон (ҷойи 105- ум, 51,54 хол), Яман (ҷойи 122 -юм, 43,46 хол) пешсаф буд. Россия бо 67,17 хол зинаи 67 — ум ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бо 63,72 хол мақоми 83-юмро соҳиб шуданд Қобили зикр аст, ки фарогирии ин раддабандӣ нисбатан васеътар буду дар баробари иқтисодиёт, ҳамчунин, ҷанбаҳои иҷтимоию экологӣ, аз қабили маориф, тиб, ҳифзи муҳити зист, таҳаммулгароӣ нисбат ба ақаллиятҳоро низ дар бар мегирифт. Тибқи он, Данияи масоҳаташ хурд бо гирифтани 90,57 хол кишвари аз ҳама пешрафтаи ҷаҳон эътироф гардид. Дар даҳгонаи охир 8 кишвари африқоӣ ва ду кишвари Осиё — Афғонистон ва Яман ҷой гирифтаанд. Дар умум, 128 кишвар аз рӯи 50 категория мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, ду сол қабл аз ҷониби созмони муътабари британии «Институт Legatum» рейтинги кишварҳои олам дар робита ба шукуфоӣ гузаронида шуд. Бояд боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад, ки аз лиҳози нишондиҳандаҳо дар бахшҳои амният ва маориф ба кишвари мо мутаносибан мақомҳои 49 ва 54-умро сазовар донистанд.

Далели дигар. Чанде пеш аз ҷониби созмонҳои бонуфуз шаҳри Душанбе дар қатори пойтахти кишварҳои мутамаддин амнтарин шаҳри сайёра эътироф гардид. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби созмони дигари бонуфуз — «Форуми байналмилалии иқтисодӣ» рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд, ки дар он низ Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми қобили таваҷҷуҳро соҳиб шуд. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар зинаи 70 — ум қарор гирифт. Ба Қазоқистон ва Қирғизис­тон мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122 — юмро сазовор донистанд.

Ҳама, аз ҷумла, онҳое, ки дастовардҳои кишварамонро нодида мегиранд, хуб медонанд, ки на ба ҳама мамлакатҳо имкон даст медиҳад дар рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд.

Тибқи қавонини байналмилалӣ, эътирофи созмонҳо омили саҳлу сода набуда, далели эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои неки ин ё он мамлакат маҳсуб мешавад.

Аз ҷониби дигар, эътирофи мавриди назар далели бебаҳси он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати на чандон тӯлонӣ ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ноил шуда, дар ин ҷода азми қавӣ ва иродаи шикастнопазир доранд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»