Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Бо айби кӣ муаллимон маоши худро намегиранд?»

№19 (4125) 11.02.2020

Дар шумораи №14 (4120)-и «Садои мардум» (30-юми январи соли 2020), мақолаи хабарнигори рӯзнома дар минтақаи Кӯлоб Исломи Раҷабалӣ таҳти унвони «Бо айби кӣ муаллимон маоши худро намегиранд?» нашр шудааст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон мақолаи мазкурро дар маҷлиси васеи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

 Дар матлаб қайд гардидааст, ки кормандони мактабҳои рақами 1 ва 2-и ноҳияи Муъминобод, муассисаҳои таълимии деҳоти «Зиракӣ» ва «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб маоши моҳи декабри соли 2019-ро нагирифтаанд.

Ҳолати мазкур, ки воқеан ҳам, дар ноҳияи Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб моҳи декабри соли 2019 ҷой дошт, сари вақт мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон қарор ­гирифт ва моҳи январ маоши моҳи декабри омӯзгорон пардохта шуд.

Сабаби ба таъхир афтодани пардохти маоши моҳи декабрии ду муассисаи таълимии ноҳияро сардори Раёсати молияи ноҳияи Муъминобод Тоҷиддин Мирзобаротов дар сари вақт анҷом нашудани амалиёти бонкӣ дар охири ҳамон моҳ арзёбӣ кард.

Раҳмон Одинаев, сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб қазияи мазкурро шарҳ дода, қайд намуд, ки сабаби асосии сари вақт пардохт нагардидани маоши омӯзгорони деҳоти «Зиракӣ» ва «Даҳана» дар моҳи декабр иҷро нашудани нақшаи андоз дар моҳи мазкури соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Вале новобаста аз ин, Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб дар моҳи январи соли 2020 маоши онҳоро пардохт намуд.

Айни замон соҳаҳои буҷетии ноҳияи Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб аз музди меҳнат қарздор нестанд.

Б. НАЗАРЗОДА, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон