Боварашон наомад, ки ин ҷо Душанбе аст

№130 (3276) 06.11.2014

Якуми ноябри соли ҷорӣ замоне, ки тайёра аз шаҳри Москва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст, мусофирони бори аввал тавассути терминали нав ба пойтахт воридшуда, дар ҳайрат монданд.

-Ҳеҷ боварам намеояд, ки ин ҷо Душанбе бошад! Аҷоибот шудааст, олӣ,- гуфт бо шодию ҳаяҷон ҷавонмарде аз ноҳияи Ҳисор, ки дуюним сол боз ба Ватан наомадааст.

- Рӯзи сеюм аст, ки терминали нав амалан ба фаъолият шурӯъ кард. Тавре шумо мебинед, ин ҷо тамоми шароит барои гуселу қабули мусофирон мавҷуд аст. Дар паси ҳамаи ин навовариҳо иқдому заҳмати Роҳбари давлат, меъморону лоиҳакашон, сохтмончиён ва масъулони фурудгоҳ меистад,- гуфт зимни пазироии хабарнигорон сардори Маркази матбуоти фурудгоҳ Муҳаммадюсуфи Шодӣ.

Одил Бобоев аз рӯзи аввали сохтмони терминал то ба имрӯз дар ин ҷо ба ҳайси муҳандиси сохтмон фаъолият кардааст. Вай зимни посух ба суолҳои хабарнигорон, аз ҷумла чунин иброз намуд:

-Сохтмони терминали нави фурудгоҳ барои мусофирон  давоми ду сол идома ёфта, дар вақти муқарраршуда мавриди истифода қарор гирифт. Тавре медонед, дар арафаи Рӯзи авиатсияи гражданӣ бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ба истифода додани бинои муҳташами терминал доир гардид. Давоми беш аз як моҳ корҳои омӯзишӣ, санҷишӣ идома доштанд ва инак аз аввали моҳи ноябр он пурра ба фаъолият шурӯъ кард. Дар бунёди ин терминал 280 нафар иштирок карданд, ки 200 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва 80 нафар мутахассисони хориҷӣ буданд. Онҳо дар ҳайати пудратчии сохтмон – Ширкати «VINCI»-и Фаронса фаъолият намуданд.

Ба хабарнигорон имкон муҳайё карда шуд, ки бо фаъолияти тамоми   хадамоти терминал аз наздик шинос шаванд. Дар терминал тамоми шароит барои гусел ва қабули мусофирон муҳайё  гардидааст. Толорҳои барҳаво ва зебою озодаи он табъи ҳар бинандаро хуш мекунад. Мусофирон бо тартиби муайян нуқтаҳои хизматрасониро гузашта, тавассути долони махсус вориди  тайёра мешаванд. Толори пазироӣ оинабандӣ буда, тамоми саҳнаи майдони нишасту парвози тайёраҳо намоён аст. Дар ин ҷо маркази замонавии савдо дар хизмати мусофирон қарор дорад. Барои гаштугузор ва истифода аз нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ ба одамони имконияташон маҳдуд ва модарону кӯдакон низ тамоми шароит муҳайё мебошад.

-Терминал ва дастгоҳу механизмҳое, ки ин ҷо насб шудааст, пурра ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, аз ҷиҳати хизматрасонӣ ва бехатарии мусофирон дар ҷаҳон аз ҷумлаи беҳтаринҳо ба шумор меравад. Бо вуҷуди мушкилот, ки зимни аз кишварҳои Аврупо ба Душанбе овардани масолеҳи бинокорӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ба миён омад, корҳои сохтмонӣ ва насбу васл сари вақт ва бо сифати баланд анҷом ёфт,-гуфт менеҷери лоиҳаи сохтмони терминал Карим Элсиман.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»