Чаҳоряк аср дар раъси як рӯзнома

№29 (3979) 16.03.2019

Имсол аз таъсисёбии рӯзномаи «Набзи Деваштич»-и ноҳияи Деваштич 80 сол пур мешавад.

Нахустин шумораи он бо номи «Байрақи Ленин» соли 1939 ба табъ расидааст. Баъдан «Байрақи Октябр», «Коммунист» ва «Овози Ғончӣ» ном гирифта, аз 6 ноябри соли 2017 бо номи «Набзи Деваштич» ба чоп мерасад.

Дар ин давра 7 нафар — Ҳомид Охунов, Облоқул Абдуазизов, Пӯлодхон Маҳмудов, Норбой Йӯлдошев, Усмонҷон Икромов ва Абдуманон Малаев сармуҳарририашро ба зимма доштанд. Таи ду соли охир ин вазифаро қаламкаши ҷавон Маҳбуба Ҷамолова ба уҳда дорад.

- Аз байни ашхоси зикршуда ягона рӯзноманигори касбӣ, ки шуъбаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст, Усмонҷон Икромов мебошад, ки 25 сол сарварии рӯзномаро ба ҷо оварда, зиёда аз 40 сол аст дар ин боргоҳи маърифат фаъолият менамояд.

- Вақте моҳи январи соли 1991 Усмонҷон Икромов муҳаррири рӯзномаи «Байрақи Октябр»-и ноҳияи Ғончӣ таъин гардид, вазъи ҷумҳурӣ муташанниҷ буд. Ҳангоматалабон, гурӯҳҳои моҷароҷӯ матбуоти маҳаллиро низ барои гумроҳ намудани мардум ба минбари дасисаҳо табдил доданӣ буданд. Вазъият аз сармуҳаррири нав ва аҳли эҷод бомулоҳиза будан, дурандешона ва дақиқкорона фаъолият карданро тақозо мекард. Муроҷиатнома ва мактубҳое, ки ба дасти аҳли эҷод мерасид, баъзан ғарази ошкору ниҳонӣ доштанд. Муҳарриру мухбиронро маломат менамуданд, ки озодандешу озодбаён нестанд.

«Овози Ғончӣ» ҳукумати қонуниро пуштибонӣ карда, мавқеи устувор дошт. Ба танқисиҳои молиявию иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар душвортарин лаҳзаҳо низ аз чоп бознамонд.

Дар ин кори хайр як гурӯҳ қаламкашони шинохта, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Муртазоқул Ҳазратқулов, Нормурод Ҳоҷимуродов, бародарон Ҳайрон ва Сироҷидин Осимиҳо, Туйғунмурод Элмуродов, Абдуманон Маллаев, банда ва чанд тани дигар саҳми арзанда гузоштанд, — мегӯяд адиб ва журналист Эгамназар Соҳибназаров.

Баъди пойдор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ вазъи иқтисодии рӯзнома беҳтар гардида, шумораи обуначиён низ афзуд. Дар озмуни ба муносибати 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълоннамудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иштирок карда, соҳиби дип­лом ва мукофоти пулӣ шуд.

Усмонҷон Икромов алҳол ба эҷодкорони ҷавон маслиҳатгару мададгор мебошад. Хизматҳои ӯ муносиб қадршиносӣ шудааст. Вай узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2004 барояш фаромӯшнопазир гардид. Ба шарафи 13-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мукофотонида шуд. Усмонҷон Икромовро таърихи зиндаи матбуоти маҳаллии ноҳия мешуморем. Барояшон саломатӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно мекунем, — мегӯяд сармуҳаррири «Наб­зи Деваштич» Маҳбуба Ҷамолова.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»