Ба таваҷҷуҳи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда

Чаро барои садгузорӣ ба «фейк»-ҳо дар қонунгузорӣ муқаррарот нест?

№54 (4004) 14.05.2019

3558E822-1B01-4BFF-8E0C-E28E13F807A4_w1023_r1_sДар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Равшан аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилонаву фаврӣ истифода бурдан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Мутаассифона, дар баробари дигар навгониҳо ба ин майдон «фейкҳо» ворид шуда, аз имкониятҳои мавҷуда муғризона истифода карда истодаанд. Торафт маъмул гардидани ин раванд ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолиро зери суол мебарад.

Чанде пеш Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин як қатор қонунҳоро, ки ба ҷарима, масдуд кардани «фейк­ҳо» ё хабарҳои дурӯғин дар матбуот ва ҳамчунин беҳурматӣ ба мақомоти давлатӣ дар интернет рабт доранд, имзо кард. Тибқи муқаррароти нави қонунгузорӣ «фейкҳо» ё хабарҳои ғайриқобили эътимод, инчунин дар интернет воқеӣ ҷилва додани хабарҳоеро, ки «барои ҳаёти инсон, сиҳатии шаҳрвандон, дороии онҳо, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдид эҷод мекунанд, мамнӯъ аст.

Муҷозот барои ин амал маротибаи аввал аз 30 то 100 ҳазор рубл ва дафъаҳои баъдӣ то 300 ҳазор рубл ҷарима ё боздош­т пешбинӣ шудааст. Маблағи ҷарима барои нашри «фейкҳо» аз ҷониби шаҳрвандон 100 ҳазор рубл, мақомот то 200 ҳазор ва ашхоси ҳуқуқӣ ду миллион рубл муайян гардид. Барои таҳқири мақомот ва ниҳодҳои давлатӣ дар интернет ҷарима аз 100 ҳазор рубл ё 15 рӯзи зиндон шурӯъ шуда, дар сурати нақзи такрории қонун ҷарима то 200 ҳазор рубл меафзояд. Нашри шарҳҳое, ки моҳиятан беҳурматӣ ба мақомот аст, «авбошии кӯчак» арзёбӣ хоҳад шуд.

Тавре аз матолиби расонаҳои русӣ бармеояд, ҳангоми хониши дуюми тарҳи қонун ба он баъзе сабукӣ ворид шуда, аз ҷумла, ба васоити ахбор, ки расман сабти ном шудаанд, имкон дода мешавад, ки «хабари тақаллубӣ»-ро дарҳол ҳазф кунанд ва аз ҷарима халос шаванд.

Арзандаи арҷгузорист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 5 ноябри соли 2003 «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба тасвиб расид. Ҳамон сол дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Қонунҳои минбаъд қабулшуда — «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи имзои электронӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» маҳз ба амнияти иттилоотии давлат ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо бахшида шудаанд. Мутаассифона, дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зикршуда муқаррарот бобати хунсо намудани фейкҳо мавҷуд набуда, тавсеа ёфтани фаъолияти ин қабил ба омили мазкур рабт дорад.

Субъектони ҳуқуқэҷодкунандаи мамлакат зимни фаъолият аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии хеш истифода мекунанд. Бо дарназардошти муҳимият, пайравӣ намудани онҳоро ба иқдоми аъзои Шӯрои федератсия ва вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия бамаврид меҳисобем. Зеро вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешӣ маҳсуб шуда, бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»