Чаро «Дурахшон» бе иҷозатнома фаъолият кард?

№115 (4065) 26.09.2019

DSC02508Ҳар сол баъди ба таътил баромадани  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳо истироҳатгоҳҳои тобистона ба фаъолият оғоз мебахшанд. Имсол низ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 103 аз 1 марти соли 2019 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019», истироҳати тобистонаи хонандагон бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд ба роҳ монда мешуд. Ҳамчунин, истироҳатгоҳҳои тобистонаи мавсимӣ пеш аз оғози фаъолият бояд аз санҷишу назорати Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳо мегузаштанд ва баъди хулосабарорӣ кӯдакону наврасонро ба истироҳат фаро мегирифтанд.

Мутаассифона, соли ҷорӣ на ҳама истироҳатгоҳҳо барои қабул омодагии ҷиддӣ диданд. Агар истироҳатгоҳҳои тобистонаи «Барқчиён», «Файзи Истиқлол», «Гулхан», «Шарора» -и ноҳияи Варзоб ва «Ширкент»- и шаҳри Турсунзода истироҳати кӯдакону наврасонро дар сатҳи баланд, истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор ва «Ҳамсафар»- и шаҳри Ваҳдат бо камбудиҳои на чандон ҷиддии ислоҳшаванда ба роҳ монда бошанд, истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод, воқеъ дар деҳаи «Дурахшон» (собиқ Бунгакиён)-и, деҳоти «Чашмасор», дар ҳолати ҳузнангезу ғайрисанитарӣ 260 нафар хонандаи муассисаҳои таълимиро дар ду баст қабул кард.

Сардори Маркази назорати давлатии санитарию  эпидемиологии ноҳия Комил Латипов изҳор дошт, ки мутахассисони онҳо дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон» се маротиба корҳои санҷишӣ ва санитарию –эпидемиологӣ гузарониданд. Дар натиҷа, бо сабаби ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ ба фаъолияти он иҷозат дода нашуд.

DSC02492Атрофи истироҳатгоҳро хоктӯдаву хасу хошок фаро гирифтааст. Кӯли оббозӣ ҳам, ки аз оби чашмаҳои кӯҳсор, баъди убури заминҳои якчанд хоҷагии деҳқонӣ пур мешавад, чандон тоза набуд. Инчунин, чор ҳуҷраи хоби кӯдакону наврасон ба талабот ва меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуданд. Биноҳо, ки ҳамчун ҷои хоби кӯдакон пешбинӣ гардидаанд, имконияти ғунҷоишашон аз 20 то 35 нафар аст, аммо дар бинои 4-ум 55 кӯдакро ҷойгир кардаанд, ки ғайри талаботи санитарӣ аст. Ошхонаи истироҳатгоҳ нуқтаи дастшӯйӣ надошт ва ҳатто ҷои хӯрокпазию шустушӯйи косаю табақ ҳам дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт. Дар майдони баргузории ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва бегоҳирӯзӣ алафҳои бегона рӯидаанд, то ҳадде, ки ҳатто мумфарш будани он ба чашм намерасид. Тамоми ашёи майдончаи хурди варзишӣ шикаставу корношоям гардидаанд.

Сардори Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия Фирӯз Соҳибназаров иттилоъ дод, ки истироҳатгоҳ ба талабот ҷавобгӯ ҳаст, аммо бо сабаби сари вақт партохт накардани маблағ барои гирифтани хулоса, онро пешниҳод накардем.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зис­ти ноҳия Эмомалӣ Ҷомаҳмадов бошад, барои фаъолияти истироҳатгоҳ бе гузаронидани санҷиш хулоса пешниҳод кардааст. Агар ӯ ё зертобеонаш вазъи ногувори оби нӯшокӣ, кӯли оббозӣ, майдонҳои атрофи биноҳои хоб­ро бо чашми сар медиданд, ба гумон буд, ки ба фаъолияти истироҳатгоҳ иҷозат медоданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сардори Раёсати маорифи ноҳияи Файзобод Файзулло Наҷмиддинзода бо зердастонаш 260 нафар кӯдаку наврасро барои истироҳат дар ду баст омода карда, чоруми июни соли равон дари истироҳатгоҳро дар ҳузури роҳбарияти ноҳия, сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва чанд корхонаву муассисаи дигар боз карданд. Мутасаддиён бо ин амал шояд собит кардан мехостанд, ки истироҳатгоҳе бо номи «Дурахшон» фаъолият дорад.

Оид ба вазъи ногувор доштану ба талабот ҷавобгӯ набудани «Дурахшон» ва бидуни хулосаи санитарию  эпидемиологӣ ва дигар ниҳодҳои назораткунанда фаъолият кардани он дар нишасти матбуотии ҷамъбасти шашмоҳаи соли равон хабарнигорони воситаҳои ахбори омма суол доданд, вале раиси ноҳия ва масъулини соҳа хомӯширо авло донистанд.

0-02-04-dfabe00a13b3520b3a34475e734dc5d625ba4fc044bc3f6f368f5c8f03766041_1c682373Барои дастрас кардани маълумоти дақиқ оид ба истироҳатгоҳ ба мудири қисми хоҷагии он Дӯстмурод Мирзоев муроҷиат намудем, вале ӯ бо ҳар баҳона аз суҳбат саркашӣ кард. Ниҳоят, розӣ шуд, ки писараш Далер Мирзоев — боғбони истироҳатгоҳро барои суҳбат равон кунад. Далер баробари ҳамсуҳбат шудан, ба таърифи шароити истироҳатгоҳ пардохт, вале умуман тасаввурот надошт, ки истироҳатгоҳ бе хулосаи санитарию эпидемиологӣ худсарона кӯдакону наврасонро қабул кардааст.

Директори истироҳатгоҳи «Дурахшон» ҳар сол аз ҳисоби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ таъин карда мешавад. Имсол ин вазифа ба дӯши Маҳмадшариф Раҳмонов афтод. Зимни суҳбат бо ӯ якчанд камбудии дигарро низ ошкор намудем. Ба қавли М. Раҳмонов, масоҳати умумии истироҳатгоҳ 5,5 гектар аст. Дар он 4 хобгоҳ, ошхона, кӯли оббозӣ, майдончаи варзишӣ, майдони баргузории ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию бегоҳирӯзӣ ва 2,5 гектар боғи мевадиҳанда ҷой гирифтааст.

Тавре М. Раҳмонов иброз дошт, имсол истироҳатгоҳ дар ду давра — давраи якум аз 4 то 14 июн бо фарогирии 140 нафар ва давраи дуюм аз 16 то 25 июн бо фарогирии 120 нафар фаъолият кардааст. Истироҳаткунандагон бо наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ, хӯриши сабуки баъди хоби нисфирӯзӣ (соати 16) ва хӯроки шом таъмин будаанд. Онҳо  аз рӯи нақша ба бозиҳои шавқовар, сурудхониву байтбарак ва қироати шеър машғул мешудаанд.

Вале, дар асл, хилофи гуфтаҳои роҳбари истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон вақти холии худро, асосан, зери сояи дарахтон мегузаронданд.

Сардори Раёсати маорифи ноҳияи Файзобод Файзулло Наҷмиддинзода иқрор шуд, ки дар ҳақиқат, ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон» аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хулосаи санҷишӣ барои фаъолият ва қабули кӯдакону наврасон дода нашуд, вале истироҳати кӯдакон дар ду баст бе ягон ҳодисаи нохуш паси сар шуд. Аммо, ӯ шояд фаромӯш кардааст, ки рио­яи талаботи қонуну қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳатмист.

Инак, моҳе аз соли хониши 2019 — 2020 паси сар мешавад. Рӯзҳои аввали таълим омӯзгорон ба хонандагон супориш медиҳанд, ки оид ба фасли тобистон, чӣ тавр гузаштани вақти таътил иншо нависанд. Албатта, яке оид ба корҳои иҷрокарда, дигаре дар хусуси китобҳои мутолианамуда, сеюмӣ дар бораи ба хонаи наздикону пайвандон ва сайру тамошо рафтан менависад, вале, хонандагоне, ки дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон» истироҳат кардаанд, чӣ навишта бошанд? Шояд доир ба фориғболии мутасаддиён, майдонҳои пур аз хасу хошок, ҳуҷраи хоби беҷевону миз…

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаҳои дахлдор дар ин бора чӣ мегуфта бошанд?

Муҳаммад ЗОКИР,  «Садои мардум»