Маърифати ҳуқуқӣ

Дар ҳалли ҳама баҳс бояд ба қонун такя кард

№5 (3955) 12.01.2019

Зиёданд ҳолатҳое, ки ҳангоми пош хӯрдани оила масъалаи сокин кардани собиқ ҳамсар дар хонае, ки пештар дар он зиндагии муштарак доштанд, ба вуҷуд омадааст ё ин ки барои тақсими молу мулки дар давраи зиндагии якҷоя ҷамъоварда баҳс ба вуҷуд меояд. Вобаста ба чунин ҳолатҳо қонунгузории кишвар чӣ муқаррарот дорад? 

Тибқи моддаи 304 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Моликияти умумии якҷояи зану шавҳар (ҳамсарон)» ном дорад,  молу мулке, ки қабл аз ақди никоҳ ба яке аз ҳамсарон тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки яке аз онҳо ҳангоми ақди никоҳ чун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти шахсии ӯ ба шумор меравад. Дар он, аз ҷумла, омадааст, ки: «1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давоми ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, агар қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигари низоми ин молу мулкро муайян накарда бошад, моликияти умумии якҷояи онҳо ба ҳисоб меравад. 2. Молу мулке, ки қабл аз никоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки яке аз онҳо ҳангоми никоҳ чун туҳфа ё чун мерос гирифтааст, моликияти шахсии ӯ ба шумор меравад».

Мувофиқи талаботи моддаи мазкур молу мулки истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба ғайр аз ҷавоҳирот, ҳарчанд аз маблағи умумӣ харидорӣ шудаанд, моликияти шахсе ба ҳисоб меравад, ки онро истифода бурдааст. Молу мулки ҳар як ҳамсар, агар муайян карда шавад, ки дар давоми зиндагии якҷоя аз ҳисоби умумӣ ё ҳамсари дигар маблағгузорӣ  шудааст ва арзиши онро баланд кардааст (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва ғайра), моликияти   умумии онҳо эътироф карда мешавад. Агар дар шартномаи байни зану шавҳар тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, ин талабот татбиқ намегардад.

Дар моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ моликияти муштараки  зану шавҳар муайян шудааст. Дар он, аз ҷумла, омадааст, ки: «ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт».

Моддаи 35 кодекси мазкур ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳарро муайян кардааст. Мувофиқи он ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад.

Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд  норозӣ будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист.

Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад.

Ҳамсаре, ки ризояти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшударо барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши молу мулк ба даст овардааст, дар  давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот  пардохти пули онро талаб намояд.

Мувофиқи шарҳи дар китоби «Баъзе саволу ҷавобҳо вобаста ба фаъолияти нотариалӣ»-и Р. Рашидов ва А. Эрнаев омада, намуди паҳнгаштаи аҳди беподош, дар айни замон, ин додани хонаи истиқоматӣ ба моликияти яке аз ҳамсарон дар натиҷаи хусусигардонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат барои аз соҳибӣ соқит намудани манзили истиқоматие, ки ба моликияти яке аз ҳамсарон хусусӣ гардонида шудааст,  розигии ҳамсари дигар талаб карда намешавад. Ба истиснои аз соҳибӣ соқит намудани манзили истиқоматие, ки ба моликияти яке аз ҳамсарон дар натиҷаи хусусигардонӣ аз рӯи шартномаи музднок гирифтаанд. Бояд қайд намуд, ки молу мулки зану шавҳар, ки то ақди никоҳ ба даст овардаанд ё аз рӯйи аҳди беподош гирифтаанд, моликияти умумӣ эътироф шуданаш мумкин аст, агар муқаррар шавад, ки дар давраи ақди никоҳ аз ҳисоби умумии ҳамсарон ё молу мулки аз меҳнати яке аз онҳо арзиши он зиёд шуда бошад (таъмири асосӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва ғайра). Эътироф бояд кард, ки дар баъзе ҳолат аз ин ҳолатҳо огоҳ шудани нотариуси давлатӣ ғайриимкон аст. Зеро нотариуси давлатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулоса мебарорад. Масалан, ба нотариуси давлатӣ ҳуҷҷат дар бораи ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматие, ки яке аз ҳамсарон то ақди никоҳ ба даст овардааст, пешниҳод мегардад. Вале аз ҳуҷҷатҳо дар бораи барӯйхатгирии техникӣ (иқтибос аз феҳристи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, шиносномаи техникӣ ва ғайраҳо) маълум аст, ки моликият дар давраи ақди никоҳ ҷиддӣ азнавсозӣ шудааст. Дар ин маврид талаб кардани розигии дигар ҳамсар барои аз соҳибӣ соқит намудани манзили истиқоматӣ зарур мебошад.

Моддаи 38 кодекси зикршуда тартиби тақсими моликияти муштараки зану шавҳарро муайян кардааст. Аз ҷумла, муқаррар шудааст, ки: «1. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношӯӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби  қарздиҳанда  талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз  аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад. 2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношӯӣ он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии  онҳоро ташкил медиҳад».

Қисми 3 моддаи мазкур муайян кардааст, ки молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулк    он ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад. Ҳамчунин муайян шудааст, ки зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро    талаб намоянд, агар он пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки нисбат ба талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки дар давраи заношӯияшон ҷамъ овардаанд, муҳлати сесолаи даъво муқаррар шудааст.

Моҳиятан, тақсимоти молу мулк миёни ҳамсарон як раванди бисёр нозуки ҳуқуқӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани он манфиати тарафҳо ба инобат гирифта мешавад.  Қобили зикр аст, ки қонунгузории кишвар дар ин самт меъёрҳоеро муайян намудааст, ки дар сурати амал кардан аз рӯйи онҳо, ҳалли баҳс осонтар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси солимфикрро мебояд, ки маърифати ҳуқуқиро такмил дода, барои ҳалли ҳама гуна баҳс танҳо ба қонун такя намояд.

Муҳайё  АШӮРОВА, нотариуси  давлатии Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе