Дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ҳамеша дар мадди назар аст

№54 (4004) 14.05.2019

- Дар шаҳри Истаравшан Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Маркази ёрии иҷтимоии ба номи И. Худойназаров, Хадамоти давлатии тиббӣ — ташхисӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд, — мегӯяд мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Сайфулло Файзуллоев.

Бино ба гуфти ӯ, алҳол дар шаҳри Истаравшан 9 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 3 маъюби ҳодисаҳои Венгрия ва Куба, 27 маъюби муҳорибаҳои Афғонистон, 23 маъюби садамаи НБА «Чернобил», 56 нафақагир барои хизматҳои махсус ба қайд гирифта шудаанд. Дар Маркази ёрии иҷтимоии ба номи Имомназар Худойназаров 57 нафар фаъолият мекунанд, ки ба 341 шахси яккаву танҳо хизмат мерасонанд.

Аз моҳи январи соли 2011 ба таври озмоишӣ дар шаҳр механизми нави пардохти кумаки унвонӣ ба камбизоатон ҷорӣ гардидааст, ки 7592 нафар аз он бархӯрдоранд.

Бояд гуфт, ки дастгирии табақаи ниёзманд дар мадди назари идораҳои марбута қарор дорад. Аз ҷумла, чанде пеш аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИМҲД-и шаҳр ва соҳибкорон ба 13 эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ тақдим гардид.

Соли гузашта ба 6223 нафар аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, соҳибкорон ва дигар ашхоси хайр­хоҳ ба маблағи 497199 сомонӣ кумак расонида шуд.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) қайд карданд, ки: «Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».

Кормандони самти ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Истаравшан кӯшишу ғайратро ба иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои Сарвари давлат равона намуда, барои фароҳам овардани зиндагии шоиста барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чораҳои зарурӣ меандешанд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Сайфулло Файзуллоев.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»