Дастоварди бузург ва муқаддас

№74 (3868) 14.06.2018

DSC_7200(Чанд андеша перомуни ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Барои миллати тоҷик ҷашни Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. Бисту ҳафтуми июни соли 1997 бо шарофати хиради азалии тоҷикон дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги бародаркушӣ хотима гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон 17 июни соли 2002 зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон гуфта буданд: «27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад».

Музокирот бо мухолифон аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон идома ёфт. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо сурат гирифт, 40 санад ба имзо расид, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонд. Беш аз 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда, биною иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва идораҳои давлатӣ хароб гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдак ятим монданд.

Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар як вақт Тоҷикистон ба сулҳу субот нарасид. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки барои таъмини сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳона, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе аз қумондонҳои саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаи имзошуда, таъмини заминаи даркорӣ  барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба меҳнати вазнини шабонарӯзи шурӯъ намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлатмарди варзида, дар шароите ки тарафҳои муқобил торафт аз ҳам дур мешуданд,  мақсад гузошт, ки сулҳу созгорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барқарор карда шавад. Ин нияти неку тақдирсоз моҳи ноябри соли 1992 аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ибтидо гирифт. Таъмини ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон бо заҳматҳои Сарвари давлат, дастгирии шаҳрвандони кишвар ва кумаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба даст омад.

Қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), миёнаравии самарабахши Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси Исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои барҳам додани муноқишаи тоҷикон нақши калон бозиданд. Миллати тоҷик таҳдиди аз байн рафтани давлатро эҳсос намуда, дар атрофи фарзанди фарзона Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, давлати миллиро, ки орзуву ормонҳои ҳазорсола буд, аз хатари парокандашавӣ эмин нигоҳ доштанд.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон марҳалаи сифатан нав оғоз гардид. Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид ба миён овард. Раванди сулҳ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дигаргуниҳои мусбат ба даст оварад. Ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар соли сипаришуда ба умри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат соле зам мекунад, вале аҳамияти ин санади тақдирсоз бо гузаш­ти солҳо беш аз пеш меафзояд. Бисту як соли сипаришуда маълум  кард, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик неъмати азизтар ва бузургтар аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вуҷуд надорад. Нотавонбинӣ ва ношукрии баъзе ашхос аст, ки паҳлуҳои гуногуни Ваҳдати миллии Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Имрӯз вазъ ва авзои ҷаҳон ноором аст. Дар Сурия Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ҷангу хунрезӣ идома дорад. Ҷангу ҷидол дар ин давлатҳо боиси пайдо шудани ҳазорон гуреза гардидааст. Мо, тоҷикистониён,  ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидаем. Худо кунад, ки аз он дарси талхи таърих сабақҳои дуруст бардошта бошем.

Зеро, теъдоди  созмонҳои террористӣ ва ифротӣ рӯ ба афзоиш аст. Кӯшиши зери тасарруф даровардани  минтақаҳои нав ба нав  аз ҷониби  ниҳоди террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар кишварҳои гуногун, паҳншавии ғояҳои тундгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем,  ваҳдату суботро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ҳодисаҳои нангини 4 — 16 сентябри соли 2015 — суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи ТЭТ-и Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагон амалӣ гардонида, ба сари мардум низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва табодули иттилоот ба воситаи расонаҳои электронӣ васеъ паҳн шудааст. Ин тарзи истифодаи иттилоот ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам ҷиҳатҳои манфӣ дорад. Маҳз ана ҳамин шабакаҳои интернетӣ омили пайвастани баъзе ҷавонон ба созмонҳои ифротию террористӣ мегардад. Ҷавонон бояд донанд, ки технологияҳои иттилоотӣ воситаи паҳншавии низоъҳо шуда, боиси ба амал омадани бархӯрдҳои фоҷиабор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон  мегарданд.

Падару модаронро лозим аст, ки ба таҳсили ғайрирасмии динии фарзандон роҳ надиҳанд, барои ин гуна таҳсил фарзандонро ба хориҷи кишвар нафиристанд. Зеро  пас аз  таҳсил онҳо ба Ватан аллакай бо мафкураи бегонаи ифротӣ бармегарданд. Дар мафкураи ин гуна ҷавонон ақидаҳое ҷой дода мешаванд, ки ба воқеияти давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ рост намеоянд ва дар натиҷа, қисме аз онҳо дар зиндагӣ раҳгум мезананд ва ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд.

Таассуфовар аст, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳам унсурҳои манфӣ вуҷуд доранд ва онҳо ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии кишвар халал ворид карда метавонанд. Ришвахорӣ, маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ аз ҷумлаи мушкилоти ҷомеа мебошанд. Имрӯз миллати тоҷик вақти зиёд ё фурсати таърихӣ надорад, ки солҳои дароз ин зуҳуроти номатлубро таҳаммул намояд. Мо бояд ба дарки он расем, ки душманон метавонанд аз маҳалгароӣ суиистифода намуда, миллатро ба муқобили ҳам барангезанд.

Маълум аст, ки яке аз сабабҳои ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикис­тон поймол шудани Конститутсия ва қонунҳо, аз доираи қонун баромадани баъзе гурӯҳҳо, манфиатҳои шахсӣ, ҳизбӣ ё гурӯҳиро аз манфиатҳои миллату давлат болотар донистан ва фаъолияти нодурусти баъзе аз воситаҳои ахбори омма буд.  Агар ин гурӯҳу ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум дар анҷоми вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат ва суботу амнияти ҷомеаро дастур менамуданд, ягон идеологияи ғаразноки бегонае осудагии Тоҷикистонро халалдор карда наметавонист.

Мардуми кишвар ғояҳои ифротгароёнаи созмонҳои экстремистию террористиро қабул надоранд ва ба хотири амну субот саъю талош меварзанд. Созмонҳои экстремистӣ миёни мардум замина надоранд ва ваҳдати миллии мамлакатро халалдор карда наметавонанд.

Таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард, ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад ва ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар хоҳад буд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба ҳайси як ҷашни маъмулии тақвимӣ нест, балки фаротар аз он саҳифаи таърихест, ки ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд насиб гардидааст. Бо пофишории мухолифини майдон, ба тариқи фишор аз ҳокимият дур кардани президенти қонунии мамлакат, таъқиби вакилони халқ, навбатпойии мардум барои нон,  азобу бенизомиҳои он рӯзҳоро шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ бояд фаромӯш накунанд.

Дар он рӯзҳои мудҳиш Конститутсия ва қонунҳо амал намекарданд, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ҳама ҷо ҳукмрон буд. Зафъу ноумедӣ мардуми зиёдро ба гурезаҳои иҷборӣ табдил дод. Зиёда аз як миллион нафар тоҷикистониён тарки Ватан намуда, асосан ба Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ рахти сафар бастанд.

Таърихи башар ҷангҳои зиёди шаҳрвандиро ёд дорад, ки бо оқибатҳои даҳшатбор анҷом ёфтанд. Ҷангиёни ҳар ду ҷониб мушкилотро танҳо бо роҳи истифодаи силоҳ ҳал карданӣ мешуданд. Аммо дар шароити ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон давом додани мухолифати мусаллаҳона метавонист боиси аз байн рафтани давлат ва миллат шавад. Дар таърихи миллати тоҷик тақдири  давлати Сомониён, ки бо дасиса душманон бародаронро бо ҳам барангехтанд ва давлати мутамарказро ба нестӣ расониданд,  ҳамчун сабақи талхе сабт ёфтааст.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта таърих бори дигар тоҷиконро имтиҳон кард. Бо фитнаангезӣ душманон тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯзанд. Ба миллату давлати тоҷик тақдири талхи давлати Сомониён таҳдид мекард. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад ва давлат фурсате пайдо накард, ки аз мероси Давлати Шӯравӣ ба ҳиссаи қонунии худ соҳиб шавад.

Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ ва хиради азалии халқи тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи осоиштаи музокирот бо мухолифинро пеш гирифт ва бисту як соли сипаришуда аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дурустии роҳи интихобшударо исбот намуд. Бисёр мушкил буд ин роҳ. То он дам чунин як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Тоҷикистон дигаре иродаи  мардуми шарифи  тоҷик.

Ба душворию маҳрумиятҳо нигоҳ накарда, раванди сулҳу ризояти миллӣ барои миллат мактаби бузурги таърихие буд, ки шаҳрвандон аз он дарси фарҳанги сулҳ, дарси давлатдорӣ омӯхтанд. Ин таҷриба ва ин сабақи таърих барои садсолаҳост.

Сулҳ дастоварду арзиши миллист, маҳсули хиради волои халқ аст. Бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳибӣ ба сарватҳои табиӣ ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон рӯз ба рӯз шиддат ёфта истодааст. Ба замми ин, терроризм ва экстремизм барои давлатҳо ба манбаи нави хатару таҳдид мубаддал гаштааст.

Дар чунин шароит, ки вазъи дунё ҳар лаҳза дар ҳоли тағйирёбист, дар дохили давлат таъмин будани Ваҳдати миллӣ, суботу амнияти ҷомеа, таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ барои тинҷу осоишта кору зиндагӣ кардани мардум аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳама гуна мухолифат ва низоъ бо роҳи музокирот бояд ҳаллу фасл шавад. Таҳаммул карда тавонистани ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, гузашт ва муросо, муруввату мадоро, худдорӣ аз ҷаҳлу ҷидол аз хислатҳои неки миллати бофарҳанг ба ҳисоб мераванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 26 июни соли 2000,  аз ҷумла, гуфта буданд: «Имрӯз мехоҳам як ҳақиқати воқеиро, ки қаблан ҳам гуфта будам, бори дигар таъкид намоям. Ҳақиқат ин аст: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархос­та, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст». Сулҳ неъмати беназир аст, неъматест, ки барои ба даст овардани он миллати тоҷик ҷони садҳо ҳазор фарзанди барӯмандро ба коми аждаҳои ҷанг қурбонӣ дод. Яъне, сулҳест, ки ба ивази ҷонсупориҳо ба даст омадаву арзиши беш аз ҷон дорад. Аз ин рӯ,  барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ сулҳу сафои пойдор дар кишвар арзишест бебаҳо, баланд ва муқаддас.

Баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар талоши ҳамешагии шаҳрвандон, зиёиён, диндорон, кормандони воситаҳои ахбори омма, шоирону нависандагон, ҷавонон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон лозим аст. Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст,  андешаи ҳукмрон дар ҷомеа бояд андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рӯзгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонанд машғули заҳмату талоши  созанда бошанд.

Баъзеҳо даъвои эҷоди як ғояи умумимиллиро доранд. Мафҳумҳои Ватану ватандорӣ, истиқлолияту озодӣ ва Ваҳдати миллию якпорчагии давлат бояд ғояҳое бошанд, ки шаҳрвандонро дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам оварда,  ояндаи неки  давлати тоҷиконро кафолат диҳанд. Танҳо дар сурати муттаҳидӣ, ваҳдату сарҷамъӣ аз давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ дифоъ намуда, онро пойдору устувор нигоҳ дошта метавонем.

Умуман, бисту як соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ собит намуд, ки роҳи интихобнамудаи Пешвои миллат барои рушду пешрафти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона роҳи дуруст буда, онро шаҳрвандон дастгирӣ намуда,  барои татбиқи амалии он кӯшишу ғайрат доранд. Бисту як соли пурбаракат, ваҳдату ягонагӣ,  бунёдкориву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ, шодию фараҳ, шукргузорӣ ба сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди равшани гуфтаи болост.

Бояд дар гуфта, дар навишта, дар суханронӣ, хуллас, дар ҳама вазъу ҳолат, яъне ба гуфтору рафтору кирдор ба се арзиши олӣ: Ватан, давлат ва миллат арҷ гузорем.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,

муовини сардори Раёсати таъмини иттилоотии  Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон