Давои дардҳо парҳез бошад

№122 (4062) 19.09.2019

sdfdfҚулмаҳмад Нуров, духтури ғадудшиноси Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, аз зумраи табибонест, ки ба туфайли заҳматҳои кашида, илми азбарнамуда ва таҷрибаи андӯхта тавонистааст соҳиби обрӯ ва эътибор гардад. Ӯ беш аз сӣ сол мешавад, ки ба табобати беморон машғул аст ва дар ин ҷода дастовардҳои зиёдро ноил шудааст. Ҳамин аст, ки беморон барои табобат ва маслиҳат аз навоҳии Лахшу Тоҷикобод, Сангвору Нуробод низ ба назди вай меоянд. Хабарнигори махсуси рӯзнома аз ӯ хоҳиш намуд, ки оид ба ин бемории диабети қанд ва роҳҳои табобати он маълумот диҳад.

- Дар рӯи замин беш аз 60 миллион нафар гирифтори бемори қанд ба қайд гирифта шудааст. Таассуфовар аст, ки на ҳама беморони гирифтори диабети қанд дар бораи бемор буданашон сари вақт хабардор мешаванд. Онҳо нишонаҳои бемориро намедонанд, ба мутахассисон муроҷиат намекунанд ва аз дигаргунии дар вуҷудашон пайдошуда хабар намедиҳанд. Барои ин зарур аст, ки соле як-ду маротиба ҳар як фарди соҳибақл аз ташхиси мутахассисони тиб гузарад. Дар сурати муроҷиат ба  табибон, на танҳо дар бораи пайдо шудани беморӣ, балки дар бораи сиҳатии комили узвҳои баданашон огоҳӣ меёбанд.

Диабети қанд аз гурӯҳи бемориҳои мубодилавӣ аст, ки хусусияти баланд шудани қанди хунро дорад. Он дар натиҷаи ихтилолҳои офариниши инсулин, таъсири инсулин ё дар натиҷаи таъсири ин ҳар ду омил ба вуҷуд меояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки баробари огоҳӣ ёфтан аз беморӣ, бархе зуд ноумед шуда, ба андеша меафтанд. Гумон мекунанд, ки диабети қанд умри онҳоро кӯтоҳ менамояд ва табобаташ ғайриимкон аст. Аммо агар ба маслиҳати мутахассисон диққат дода, бо дастуру фармоиши онҳо барои саломатӣ чораҳои зарурӣ андешанд, шифо меёбанд ва умри дарози пур аз саодат мебинанд.

Илми тиб то ҳол якчанд навъи диабети қандро муайян намудааст, вале бештар мардум ба ду навъи он гирифтор мешаванд.

Ба бемории қанди навъи якум одатан одамон дар синни наврасӣ ва ҷавонӣ гирифтор мегарданд. Аммо солҳои охир маълум шуд, ки ба ин навъи беморӣ инсон метавонад, новобаста аз синну сол  гирифтор шавад. Диабети қанди навъи якум дар натиҷаи вайроншавӣ ё муриши бетаҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда пайдо мешавад, ки одатан ба норасоии мутлақи инсулинӣ бурда мерасонад.

Ба бемории навъи дуюми қанд бештар калонсолон гирифтор мешаванд. Ин навъи бемориро нисбатан сабук медонанд, аммо ин баҳо нодуруст аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин беморӣ низ дар ҳолати риоя накардани табобат мисли диабети қанди навъи якум барои инсон хавфнок аст.  Сабаби  пайдо шудани диабети навъи дуюм, аз як тараф, истодагарӣ карда натавонистани организм (инсулинорезистент), аз ҷониби дигар, қобилияти инсулинофарии бетаҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда мебошад.

Мувофиқи маслиҳати мутахассис, барои бемор парҳез дар ҷойи аввал меистад, вале ҷои тааҷҷуб аст, ки қисме аз беморон  фармудаҳои табибонро риоя накарда, парҳезро барои худ як тадбири хеле бад гумон мекунанд ва онро  як нишонаи ноумедӣ ба саломатӣ медонанд.   Дар асл ин тавр нест. Духтурон дар ҳама давру замон бар он ақидаанд, ки хӯрокҳои парҳезӣ (зудҳазм) истеъмол кардан, ҳатто барои одамони комилан саломат низ муфид аст. Парҳез намудан пеши роҳи пурхӯриро низ мегирад. Агар ба асарҳои бузургони гузашта ошно гардем, аксарашон одамони пурхӯр ва нопарҳезкорро накӯҳиш мекунанд. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди калонсолон ба пурхӯрӣ даст мезананд. Дар тӯй ва дигар маъракаҳо на танҳо якчанд навъи таом, балки дигар ғизоҳоро пайи ҳам истеъмол менамоянд. Бадриддин Ҳилолӣ беҳуда нафармудааст:

Ғизои кам шифоангез бошад,

Давои дардҳо парҳез бошад.

Риоя накардани парҳез таҳдиди  диабети қандро ба саломатии инсон зиёд менамояд. Алалхусус, навъи дуюми бемории қанд дар натиҷаи риоя накардани парҳез  сол то сол ба узвҳои дигари бадани инсон таъсир карда, касро ба пайомадҳои вазнин оварда мерасонад.

Пеши роҳи инкишофёбии навъи дуюми бемориро танҳо ғизои парҳезии бонизом ва риояи ҳамаҷонибаи он мегирад.  Ба шарте ки шахс аз андозаи муқаррарӣ зиёд вазн нагирифта, фишори хуни баланд надошта, ба сактаи дил гирифтор нашуда бошад.

Ин ҷо мехостам оид ба фарбеҳшавӣ чанд сухан бигӯям. Он низ яке аз намудҳои беморист ва ба ҳама тавсия медодам, ки аз фарбеҳшавии бадан пешгирӣ намоянд, зеро яке аз омилҳои пайдоиши бемории диабети қанд мебошад.

Инсон бояд ба таркиби хӯроке, ки истеъмол менамояд, аҳамият диҳад. Бештари одамон ба истеъмоли ғизои серравған майл доранд. Истифодаи аз ҳад зиёди равғани ҳайвонот ба ҷойи фоида ба организми инсон зарар меорад. Тавсия медодам, ки гирифторони бемории диабети қанд истеъмоли равғани ҳайвонотро кам кунанд. Истеъмоли ғизоҳое низ, ки аз биринҷ тайёр карда мешаванд, барои ин навъи беморӣ зараровар аст. Дар сурати гоҳ-гоҳ истеъмол намудани ин навъи ғизо зарур аст, ки онро чанд маротиба бо оби гарм шуста, обашро партоянд ва баъд ғизо тайёр кунанд. Истеъмоли ғизоҳои аз биринҷ тайёршуда ба адади қанди хун дар организми инсон вобастагӣ дорад.

Гирифторони бемории диабети қанд дар давоми рӯз бояд 5-6 маротиба ғизо хӯранд. Ғизо бояд обпаз, дампаз ва буғпаз бошад.

Таркиби физиологии озуқаворӣ-таносуби ҳиссаҳои асосӣ барои бемории диабети қанд аз таносуби ҳиссаҳои асосӣ барои одами солим фарқ надорад: ангиштобҳо- 60 фоиз, равғанҳо-24 фоиз, сафедаҳо- 16 фоиз.

Тавсия медиҳам, ки беморони қанд ғизоҳои зерро, ки қанди хунро баланд намекунанд, яъне, дар таркиб  сафеда ва равған доранд, вале ангиштоб надоранд ё камтар доранд,  истеъмол намоянд: ҳама навъи сабзавот (ба ғайр аз картошка) карам, бодиринг, помидор, каду, боимҷон, лӯбиёи ғилофакӣ, нахӯд, лаблабу, сабзӣ, кабудӣ, ҷаъфарӣ, садарайҳон, карафс…

Хуб аст, агар гӯшти сари синаи мурғро истифода баранд. Гӯшти мурғи марҷонро бепӯст истеъмол намудан беҳтар аст. Истифодаи гӯшти моҳӣ низ барои беморони қанд фоида дорад. Беҳтар аст, агар аз гӯшти моҳӣ шурбо ё кабоб тайёр кунанд.

Творог (равғаннокиаш 0+2 фоиз), қаймоқ (сметана)-и камравған, панири камравған. Равғаннокии маҳсулоти ширӣ ба миқдори қанди хун бевосита таъсир надорад, аммо ба миқдори холестерин таъсир мерасонад. Риоя кардани меъёр  барои беморони қанди навъи дуюм бештар муҳим аст. Бинобар ин, хуб мешуд, ки беморон маҳсулоти серравғанро умуман истифода набаранд.

Аз таҷриба медонам, бемороне, ки чунин тарзи парҳезро риоя мекунанд, саломатиашон хуб мешавад ва умри дароз мебинанд.

Солҳои охир истифодаи рустаниҳои шифобахш зиёд шудааст. Дар ин боб гуфтаниам, ки дар ҷамъ, хушк намудан ва истеъмоли онҳо маслиҳати мутахассисонро гирифтан зарур аст. Нодуруст истифода бурдани онҳо низ ба манфиати бемор нест.

Таҳияи Диловари МИРЗО, «Садои мардум»