Деҳа ё маҳалла?

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

Ҳини донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шодравон Саттор Мухторов бо истинод ба муаррихи рус Бартолд дар мавриди вожаҳои қадимаи «гузар» ва «маҳалла» гуфта буд, ки «ба гузарҳо тақсимбандӣ шудани шаҳрҳои қадима нишонаи таърихи то исломӣ доштани онҳо мебошад. Мутаассифона, баъди ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия, калкаи русии «домуправление» ҳамчун «кумитаи маҳалла» тарҷума шуда, ба сифати истилоҳи тақсимоти маъмурӣ ба шаҳрҳо мансуб дониста шуд. Ин иштибоҳро баъдан дастандаркорони давлати шӯравӣ низ такрор карданд».

Шаҳри Истаравшан дар радифи шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна — Самарқанду Бухоро, Урганҷу Кӯлоб, Исфараю Панҷакент таърихи қадима дошта, аз замонҳои пеш ба гузар, кӯча, маҳалла ва деҳаҳо тақсим мешуд. Маҳаллаҳо нисбат ба деҳаҳо дар мақоми болотар қарор дошта, замини онҳо ҳосилхез буд. Табақаи доро ва миёнаҳоли шаҳр бо фарорасии баҳор ба ҳавлиҳои дар маҳаллаҳо ҷойгирбуда, ки «ҳавлии боғ» номида мешуд, мерафтанд ва бо оғози фасли зимистон бо ҳосили ғуноварда бармегаштанд.

Гузарҳои дохили шаҳр бошанд, вобаста ба мансубият ба ин ё он ҳунари мардумӣ номгузорӣ мешуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ эҳё намудани номҳои таърихӣ, бузургдошти ашхоси маъруф, иваз намудани номи маҳалҳои аҳолинишин ва муассисаҳо, бо дарназардошти анъанаву суннатҳои миллӣ ва риояи меъёри забони давлатӣ, ба ҳукми анъана даромад. Дар вилояти Суғд ҳам номи вилояту шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуда, вожаҳои «Ленинобод» ба «Суғд», «Ӯротеппа» ба «Истаравшан», «Ғончӣ» ба «Деваштич», «Нов» ба «Спитамен», «Қаробуллоқ» ба «Ориён», «Тақаллӣ» ба «Суғдиён», «Қайерма» ба «Ваҳдат», «Янгикӯчак» ба «Сомониён» табдил дода шуд.

Дар шаҳри Истаравшан номи деҳоти «Фрунзе» ба «Саврис­тон», «Ленинобод» ба «Чорбоғ», «Коммунизм» ба «Зарҳалол», «Правда» ба «Қалъачаи Калон» иваз гардид.

Илова бар ин, ба як қатор кӯчаҳо номи «Чармгарон», «Кордгарон», «Даҳбедӣ», «Кешбофон», «Олкорон» ва ғайра дода шуд, ки мантиқан нодуруст аст, зеро дар гузашта гузарҳо номи ҳунарҳоро доштанд, на кӯчаҳо.

Мутаассифона, ин иштибоҳ имрӯз ҳам идома дошта, вожаи «маҳаллаҳо» — ро ба шаҳр нисбат дода, маҳаллаҳои шаҳрҳоро ҳамчун истилоҳ аз байн бурданд ва дар натиҷа, «маҳаллаҳо» ба «деҳаҳо» табдил ёфтанд.

Бояд гуфт, ин хатои ом дар замони шӯравӣ ҳатто ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва 1969) низ роҳ ёфта, мураттибони он вожаи «деҳ», «деҳа» — ро ҳамчун «қишлоқ», «қария», «маҳалла» — ро «қитъае аз шаҳр, иборат аз якчанд кӯча» тасниф карданд, ки ғайримантиқӣ аст.

Зарур ва ногузир аст, ки баҳри ислоҳи ин вазъ донишмандон ва масъулони соҳа вазифадор карда шаванд, зеро агар ислоҳ нашавад, истилоҳи «гузар» аз байн рафта, шаҳрҳои қадимаи кишвар аз суннати деринии хеш маҳрум хоҳанд шуд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»