Дидорбинии падару модарон бо сарбозон

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

DSC00178Артиш барои ҳар як кишвар яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Биноан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсаронро беҳтару хубтар мегардонад. Аз лиҳози равонӣ дастгирӣ намудани хизматчиёнӣ ҳарбиро низ ҷузъи муҳими дастгирии артиш метавон арзёбӣ намуд. Дар робита ба ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ташаббуси нав — ташкил намудани вохӯрии волидон бо фарзандонашонро дар қисмҳои низомие, ки дар гӯшаҳои дурдас-ти мамлакатамон қарор доранд, роҳандозӣ карданд. Чанд рӯз пеш гурӯҳи аввалин ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафар карданд.

Ба ин хотир нақлиёти махсус ҷудо шуд ва гурӯҳи волидонро намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Комиссариати ҳарбӣ ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамроҳӣ менамоянд.

Падару модарон дар қисмҳои низомии мустақар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Гулистон, Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо фарзандонашон вохӯрданд. Зимни ин дидорбинӣ, ҳамчунин бо шароити хизмати сарбозон шинос шуда, аз он қаноатманд гардиданд. Иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани раванди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ амалӣ шудааст.

Ташкил кардани чунин вохӯриҳо аз чанд ҷиҳат манфиатовар мебошад. Дар навбати аввал дидорбинии падару модарон бо фарзандонашон  барои баланд бардоштани руҳияи хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат менамояд.

Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор тасмим доранд, ки давоми соли равон чунин вохӯриҳоро бо хизматчиёни дигар қисмҳои низомӣ низ ташкил намоянд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»