Вокуниш

«Дилсӯзӣ»-и дингароёни бедин

№9 (4115) 16.01.2020

Тибқи иттилои расонаишуда, департаменти давлатии ИМА кишвари моро ба далели беасос ва хандовар — «ба таври муназзам, давомдор ва шадидан поймол кардани озодиҳои динӣ» ба қатори мамлакатҳои саркӯбгари озодиҳои динӣ дохил кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки чунин «раддабандӣ» маротибаи аввал набуда, аз соли 2016 идома дорад.  Ин рӯйхат аз ҷониби ниҳоди зикршуда бар асоси гузориши солона ва тавсияҳои Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF) тартиб дода мешавад.

Чунин ба назар мерасад, ки ашхоси озодии эътиқод  дар  мамлакатамонро зери суол мебурда аз моҳияти дин ва нақши он огоҳ нестанду аксар маврид миёни дин ва хурофот тафриқа намегузоранд.  Чунин «раддабандӣ» ба ҳеҷ ваҷҳ набояд бе посух монад. Маҳз хомӯширо ихтиёр намудани мо дар аксар маврид аз ҷониби  як идда суиис­тифода шуда истодааст. Бигзор  ашхоси  ҳавасманд дар мавриди сиёсати Ҳукумати мамлакат андешаҳои танқидомезашонро дар заминаи риояи мақаррароти мавҷуда бо пешниҳоди далелу арқоми асоснок иброз намоянд. Ин ҳаққи онҳост ва касе ба ин  «аллома»-ҳои «озодандеш» монеа эҷод намесозад. Вале бо ин тарз, ки ҳадаф  таҳмили андешаҳои муғризона маҳсуб мешавад, ҳаргиз қобили қабул нест.

Вақте усули давлатдории  кишварҳои абарқудратро амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, «махсусият»-ҳои хеле зиёд ҳувайдо мегарданд. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар заминаи таҳлили амиқу доманадор аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ низ ошкор ва бо  роҳу василаҳои гуногун ироа гардидаанд.

Онҳое, ки озодиҳои динӣ дар кишвари моро «маҳдуд» арзёбӣ кардаанд, чаро намегӯянд, ки бо кадом сабаб  ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба миён гузоштаву то ба имрӯз ба он устувор аст?

Чаро абарқудратҳо, ки гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондаи зиёди мусулмононнишин «арҷгузорӣ» менамоянд, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо  дар ҷодаи  эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд?

Бо кадом сабаб пажӯҳиши  дар давоми се соли охир анҷомдодаи нашрияи британии «The Telegraph»-ро мавриди гуфтугӯ қарор намедиҳанд, ки тибқи он сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ  баландтарин – 85 фоиз арзёбӣ шудааст?

Дар робита ба ин, савол ба миён меояд, ки оё бо мавҷудияти «маҳдудиятҳои динӣ»  чунин нишондиҳанда ҳосил мешавад?

Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки зиёд гардидани таъсири ҳизбу созмонҳои динӣ дар дилхоҳ ҷомеа боиси рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ  мегардад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав пайдо шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва зуҳуроти номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, далели возеҳи ин гуфтаҳоянд.

Ба касе пӯшида нест, ки  фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ  тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ  ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад. Ҳамрадиф бо ин, фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи он метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.

Таҳиякунандагони «раддабандӣ» нодида гирифтаанд, ки пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имкони мусоид фароҳам омад.  Ҳарчанд марҳилаи аввали ин раванд хеле душвор сипарӣ шуд, вале имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати мустақил ва иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст ва мақоми шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Табиист, ки дар ин ҷода муайян намудани мақоми дин дар ҷомеа  аз мадди назар дур набуд.

Набояд нодида гирифт, ки раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла, озодии виҷдон, боис гашт, ки шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. Эълони озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, бунёди масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ ва ғайра сабаб гардиданд, ки таваҷҷуҳи мардум ба дин тамоюли афзоишро касб намояд.

Аслан дингароие, ки «дӯс­тон»-и мо ба он майл доранд, падидаи сунъӣ буда, ба хурофот рабт дорад ва дар сурати густариш пайдо намудан паёмадҳои ногувор ба бор меоварад. Мо бояд фаромӯш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав – таври густурда тарғиб намудани бунёдгароии динӣ  маъмул буд.

Кор то ба ҷое расид, ки як олими маъруф дар радифи ба ном муллои чаласавод қадру манзалат надошт. Фурӯши гус­турдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо об мерехт.  Мутаассифона, як идда дарк кардан намехоҳанд, ки идома ёфтани ин раванд, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфтааст, танҳо бар зарари мардуми мост.

Тибқи иттилои мақоми ваколатдори соҳа, мусулмонони Тоҷикистон асосан пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатанд. Танҳо се дарсадро пайравони мазҳаби исмоилии дини ислом ташкил медиҳад. Дар кишвар беш аз 4000 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳаби гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шудааст.

Дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик ва аксар мусулмонони ҷаҳон — Имоми Аъзам (р), ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани «Қуръон»-и карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни «Қуръон», ба тас­виб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва ғайра идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб меёбанд.

Муҳимтар аз ҳама, соли гузашта бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин  қабул гардид, ки мақсаду вазифа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим менамояд. «Дилсӯзон» — и  «ислом» чаро аз он ёдовар намешаванд, ки  солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ доранд, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани  назарҳои ифротию тундравона гашт?

Бегуфтугӯ, густариши фаъолияти ҷараёну равияҳои ғайр арзишҳои мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери суол ва хатар мегузорад.

Ҷанбаи дигар дар он зоҳир мегардад, ки дар ду даҳсолаи охир фаъолияти таблиғотии (миссионерии) равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон густариш ёфта, қисме аз онҳо аз мушкилоти муваққатии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардум суиистифода намуданд.

Бояд ҳатман аз он ёдовар гардем, ки  меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумла, соҳаи дин, заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 ва 100 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бахшида шудаанд, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дар ин асос, меъёрҳои Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар самти озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мавқеи асосиро ишғол менамоянд.

Муҳим он аст, ки дар асоси талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро манъ намудааст, ки ногузирии меъёри мазкурро дар масири таърих таҷрибаи давлатдории миллии муосири тоҷикон собит намудааст. Тамоми шароит фароҳам аст, ки иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда, бо давлат дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ, инчунин, дар масъалаҳои таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифротгаройӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ҳамкории самарабахши давлат ва иттиҳодияҳои динӣ унсури муҳими таъмини субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Давлат эътироф кардааст, ки саҳми иттиҳодияҳои динӣ дар беҳбудбахшии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, бунёдкориву созандагӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Бо дарназардошти ин, давлат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун мусоидат намуда, ба тавсеа ёфтани  таассуб, хурофот ва ифротгаройӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби ниҳоди зикршуда «ба таври муназзам, давомдор ва шадидан поймол кардани озодиҳои динӣ» арзёбӣ шудани иқдомоти ба ин масъала рабтдошта комилан бепоя аст. Ҳадафи давлат аз  ибтикори амалишуда  фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳкими робита бо иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бахши озодии виҷдон, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав, ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ  дар ҷомеа мебошад.

Далер МЕРГАНОВ,  «Садои мардум»