1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Душанбе: Бунёди муассисаҳои томактабӣ ривоҷ ёфтааст

№75(3376) 01.06.2015

123

Дар арафаи  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ситора Бобохонова чунин гуфт:

- Зинаи аввали таълиму тарбия раванди асосию заминасоз мебошад. Айни замон дар шаҳри Душанбе 119 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 25895 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 22044 нафар кӯдакон дар 90 муассисаҳои томактабие, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 85,1 фоизи шумораи умумии тарбиягирандагонро дар бар мегирад. Муассисаҳои томактабии хусусӣ 13 адад бо фарогирии 516 кӯдак ва муассисаҳои томактабии назди корхонаву ташкилотҳо 16 адад бо фарогирии 3696 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Мутобиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти № 127-13 аз 17 апрели соли 2008 «Барномаи рушди муассисаҳои томактабии пойтахт барои солҳои 2008 – 2015» қабул гардидааст.

Соли 2014 барои азнавсозӣ, таъмири ҷорӣ, асосӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 12,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ин сол бинои ширхоргоҳ – кӯдакистони №63 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 5,3 млн. сомонӣ аз нав бунёд ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида, мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо маблағи 1,8 млн. сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Инчунин дар ноҳияи Сино бинои бекорхобидаи мактаб – кӯдакистони №4 ба маблағи 5,1 млн. сомонӣ таъмиру барқарор гардида, аз рӯи таъиноташ ба ширхоргоҳ – кӯдакистони №98 табдил дода, шуд. Айни ҳол дар ин муассиса зиёда аз 500 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Танҳо дар соли 2014 барои тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои томактабии пойтахт аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе 9,4 млн. сомонӣ равона гардид. Бо ин васила қариб тамоми кӯдакистонҳои пойтахт бо мебелҳои зарурӣ таъмин гардиданд.

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №295 дар бораи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» дар шаҳри Душанбе таҳия гардид, ки мутобиқи он то соли 2020 таъсиси 45 кӯдакистонҳои хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин омил имкон медиҳад, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ду баробар зиёд карда шавад, .

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»