Гирифторӣ ба ВНМО маҳкумият ба марг нест

№148 (3942) 11.12.2018

7777Якуми декабри соли равон дар  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза ба бемории норасоии масуният — ВНМО (СПИД) чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Насим Олимзода дар хусуси чораҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои онҳо дар мамлакат сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки минбаъд низ сатҳи маълумотнокии аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма баланд бардошта мешавад. Ӯ ёдовар шуд, ки дар ҷумҳурӣ «Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо ВНМО барои солҳои 2017- 2020» қабул шудааст. Ҳар сол Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО таҳти  шиори хос баргузор мегардад. Имсол зери шиори «Хушҳолона зиндагӣ намо ва аз вазъи саломатии худ огоҳ шав» доир гардид.

Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо забони шевои тоҷикӣ зикр намуд, ки Ҳукумати ИМА барои чорабиниҳои вобаста ба мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД дар зарфи 15 сол 80 миллион долларро ҳамчун кумак ҷудо намудааст. Ҳарчанд дар ҷаҳон то ин дам 35 миллион нафар гирифторони ВИЧ/СПИД фавтида бошанд ҳам, гирифторӣ ба он маънои маҳкумшавӣ ба маргро надорад. Зарур аст, ки дар сурати гирифторшавӣ ба вирус мубталоён бояд зери назорати табибон доруҳои зидди вирусиро истеъмол намоянд.

Намояндаи ТҶ «Шабакаи тоҷикистонии занони бо ВНМО зиндагидошта» Таҳмина Ҳайдарова изҳор дошт, ки вақте дар ҷомеа сухан дар бораи занони гирифтори ВНМО меравад, бисёриҳо чунин мепиндоранд, ки гӯё онҳо бероҳаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки 80 фоизи занони мубталои ВНМО покдоман мебошанду бо айби шавҳарон ба беморӣ мубтало шудаанд. Ӯ пешниҳод кард, ки  дар баробари гузаронидани чорабиниҳои  пешгирикунандаи беморӣ нисбат ба ашхоси гирифтори ВНМО мардум бояд муносибати самимӣ дошта бошанд.

Дар хотима ҳунарпешагони Филармонияи давлатӣ хотири ширкаткунандагонро бо  рақсу  таронаҳои дилошӯб шод  гардониданд.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»