Хӯшаҳои умеду армон

№93 (3887) 02.08.2018

Ҳамеша бо ёди гузашта зиндагии хешро пероста месозам. Аз жарфи хотираҳо моҳияти рӯзгори хурраму нишотангези имрӯзро ҷӯё мешавам. Ба шогирдон паём мефиристам, ки «эй насли имрӯз, хуш ба ҳолатон, то ба даврони масарратборе расидаву нафаси озоду осуда мегиред».

Гузашт он рӯзгори талх

Окибати чанг- То азоби даврони гузаштаро пеши назар наорему дар меҳвари андешаю таҳлил қарор надиҳем, ба қадру манзалати замони фараҳфизои имрӯз нахоҳем расид, — дар оғози суҳбат  ба шогирдон мефаҳмонам ман. — Ин рӯзҳои нек осон ба даст наомадаанд. Ёди он тираайём чун бори сангин бар дӯши дил овезон аст.

…Аз дари кушодаи дафтари муаллимон ду нафар бо либоси сабзфоми низомӣ, «калашников» дар даст зада медароянд. Ришҳои расида, нигоҳҳои заҳрогини бетафовут, абрувони дарҳамкашида муҳитеро ба зуҳур меоранд, ки пур аз ваҳму тарс ва навмедист. Ману директор танҳоем ва ба он ду тан салом медиҳем, вале посух намедиҳанд, бо ҷаҳлу хашм қадаме фаротар мениҳанд ва яке китоберо бо силоҳаш тела медиҳад.

- Ба фарзандони мардум фақат «туту бед» карда, сафсаттаву ҳарза меомӯзонед, — норозиёна бонг мезанад вай ва меафзояд:

- Чаро китобҳои мусулмониро сабақ намедиҳед? Қимобед? Ҳамин бачаҳо ҳарфҳои арабиро мешиносанд?

Директор аз таҳдиди ришрасидаи қадбаланд каме кебида, китоберо, ки вай бо нӯги автомат тела доданӣ буд, мекушояд.

- Ин китоби «Забони форсист», — мефаҳмонад оромона. -Мо аз рӯйи барнома ҳар ҳафта аз рӯйи он ду соат дарс мегузарем. Ҳарфи форсӣ ба арабӣ наз­дик аст. Хондану навиштанро, ки бо ин ҳарфҳо ёд гирифтанд, арабиро ҳам меомӯзанд.

Нафари дувум нобоварона китобро ба даст мегирад, варақгардон мекунад. Якбораву нохост чеҳрааш шукуфта, лабонаш дар панҷаи табассуми лотасвир дод мезанад:

- Э, рост мега, малим. Ҳарф­ҳо ҳарфҳои мусулмонияй. Нағз-ку!

- Чӣ нағз, чӣ нағз? — меғуррад қадбаланд. -Хаёлат, ки инҳо аз мусулмонӣ ҳарф мезананд? Хестӣ, ки хобат. Ин муаллимҳо мусулмониро чӣ медонанд…

- Рафтан даркор, — мегӯяд. — Супориши мо ҳоло дигар аст. Барои «разбор»-и муаллимҳо вақт меёбем.

Директор як пиёла оби сард нӯшиду пичиррос зад:

- Бо ин тафаккуру фаҳмиш инҳо то куҷо мерафта бошанд?

 Хӯшаи гандум ва талаби илм

Шогирдон сареҳан ва бо таваҷҷуҳи том ба ҳикояти воқеие, ки нақл мекунам, гӯш медиҳанд. Духтараке бо исми Зарнигор аз ҷо баланд мешавад ва суол медиҳад:

- Муаллим, рост аст, ки ҳамон айём одамон дар ҷустуҷӯи як пора нон худро ба ҳар кӯю дар мезаданд? Мардум сабӯсу кунҷораву ҷуворимаккаро орд карда хӯрданд. Бо аломати тасдиқ сар меҷунбонам ва мурғи хаёлам ба дуриҳои дур парвоз мекунад.

…Он субҳ хонандагони зиёде ба дарс ҳозир нашуданд. Директор моро ҷамъ карда, супориш дод, ки ба хонаҳои сокинони деҳа равем ва аз наздик ба мушоҳида бигирем, ки фарзандони онон – толибилмони мактаб ба чӣ кор машғуланд? Роҳи банда аз ҳавошии заминҳои гандум, ки замоне дар он пахта кишт мекарданд, мегузашт. Тирамоҳ буд, вале ҳаво бағоят гарм.

Манзараеро пеши назар мебинаму боварам намеояд. Нигоҳам хира мешавад, тад­риҷан дилам ба сӯзиш медарояд, нафасгириям душвор шуда, пеши чашмонам сиёҳ мешавад.

Зану кӯдакон чун фавҷи мӯру малах сар ҷониби замин хам карда, хӯшаҳои рехтаро ҷамъ меоранд. Хӯшаҳои вомонда дар саҳро, қисме пурраву расида, қисме шикас­таю пахшшуда. Аз андешаам мегузарад, ки шояд иддае аз шогирдони ман он ҷо ҳастанд ва баҳри ҳосил кардани қути лоямутеву зинда мондан бо қашшоқию бенавоӣ муқовимат мекунанд? Вақте гоме чанд наздиктари анбуҳи мардум мегузорам, чашмам дар радифи занону духтарон ба хонандагони мактаб меафтад. Чеҳраҳо сӯхтаву доғ, лабҳо хушкидаву парсинбаста, дар пойҳо калӯшҳои куҳнаи дарида. Куртаҳо аз таъсири арақ тар гардида. Торҳои қалбам кашиш хӯрдаву таранг шуда, ҷонам ҳавоӣ мешавад, ҷигарам ғарқоби хун…

Наметавонам сӯяшон дигар дида бидӯзам, рост ба умқи чашмонашон бингарам. Шарм мекунам, худро дар ин «қазия» гунаҳкор меҳисобам.

Маро вазифаву масъулият аст, ки ба ҳар як хонанда рӯ оварда, хитоб кунам, ки «аз фардо ба мактаб оед.

Аммо ҳарфе ба забон оварда наметавонам. Нидое аз кадом гӯшаи дилам баланд мешавад, ки он хитобаи маро пахш  мекунаду буғӣ:

«Магар бо шиками гурусна мешавад, ки по бар остонаи дабистон ниҳӣ? Шикастадилу афтодарӯҳ оҳиста-оҳиста аз марзи замини гандум дур мешавам. Мағзам карахту сарам вазнин гардида, бо ғаму алам роҳ ҷониби хона мегирам. Аз дари ҳавлӣ сар дарун карда, дидам, ки писару духтарчаам якҷо бо модарашон бо кӯбаи чӯбӣ хӯшаҳоро зада-зада майда мекунанд. Аз нигоҳи чашмони пурҳайратам ҳамсарам рамуз гирифта, ба ғарами хӯшаҳо ишора мекунад:

- Аз каллаи саҳар ба Дашти Мирон раҳсипор шудем. Хӯшаи дар замин рехта дар он мавзеъ хеле бисёр будааст. Ҳамин қадар ғун кардем. Ду — се фатир  пухтан мумкин.

Гӯшҳоям қулф ва сарам ғуввос мезананд, боди сарде дар марзҳои майнаам ба вазидан медарояд.

«Ду-се фатир». Оҳи ҷигарсӯз аз сина мекашам. Аммо дар он дам аз дуриҳо садои баланду умедворкунандаи падарам танинандоз мегардад:

- Ин рӯзҳои шуму накбатбор ҳам мегузаранд, бачем. Дилро бақувват гир, аз ирода мадад биҷӯй! Ман аз ирода ҷӯёи мадад мешавам. Ирода, ирода, ирода!!! Маро сархаму оҷиз магардон! Ман дафъатан дасти дуову ниёиш сӯйи осмон мебардорам:

- Ай Яздони пок! Ба ман саб­ру таҳаммул ва неруву тавон бахш!

 Нони хушк, вале болаззати муаллимӣ

- Мо аз мактаб бо вуҷуди  тангдастӣ дигар ҷо нарафтем, — мегӯям ба шогирдонам. — Нони муаллимӣ бас лазиз аст. Чун медонистем, ки гуруснагию бенавоиҳо мегузаранд, аммо донишу илм ва саводу тафаккури пешрафта абадан боқӣ мемонад. Зеро олам аз нури илм равшанӣ ба худ мегирад.Ҷалолу шукӯҳи шаҳру музофот ва ободию рушду сарсабзиҳо ба василаи илм асту дониш.

Дар ҳадиси набавӣ низ оварда шудааст: «Илмро биҷӯй, агарчи дар Чин бошад». Баъдтар ҷангу хонабарандозиҳо оҳиста-оҳиста поён ёфт. Рӯзҳои нек фаро расид.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳар сол 27-уми июн таҷлил мешавад.

…Занги танаффус садо медиҳад. Ман мемонаму як олам хаёлу хотираҳо. Сар ба рӯи дастонам мегузорам. Пеши чашмонам чеҳраву манзараҳо такрор ба такрор ба пайдо меоянд. Дар ин миён бароям аз ҳама манзараи дилангез хӯшачиниву дар саҳро заҳмат кашидан ва оворагиҳои зану бачагон маҳсуб меёфт.

Ман хӯшаҳои тиллоиро  аз наздик мебинам. Баъд… бӯйи нони гарми  гандумӣ ба димоғам мезанад.

Аз танӯри оташдида, ки дарунаш сафедча метобад, ҳамсарам нонҳои калон — калони суп-сурхро канда, рӯи карсон мегузорад.

Писарам, оне, ки дар синфи сеюм таҳсил мекунад, як пора нони гармро гирифта, ба ҷузвдонаш меандозад ва хушҳолу бепарво ҷониби мактаб раҳсипор мегардад.

Ин аст озодию тинҷӣ, ин аст фазои озоду орӣ аз ғубор. Ба қадри он бояд  расид!

Шодӣ РАҶАБЗОД, нависанда