Хабарҳо аз кишвар

№148 (3449) 03.11.2015

Бинои нави таълимӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Бедаки деҳоти «Навдӣ» бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба истифода дода шуд. Бино аз ҳашт синфхона, дафтари корӣ барои роҳбари муассиса ва омӯзгорон иборат мебошад, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Барои сохтмони бино Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) 1630000 сомонӣ ҷудо намуд. Сохтмони онро ҶДММ «Равшан — хизматрасон» ба анҷом расонидааст.

Меваю сабзавот беталаф коркард мешавад

ВАНҶ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Кишоварзон ва боғдорони  ноҳия соли равон нисбати дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, 9956 сентнер мева ва 22870 сентнер сабзавот ҷамъоварӣ намуданд. Бештари  маҳсулот ба бозорҳо бароварда шуд. Як қисми он дар худи хоҷагиҳо ва сехҳои ҶДММ «Зиёратшо» коркард мешаванд. Корхонаи мазкур қодир аст, ки дар як шабонарӯз то 500 килограмм сабзавотро коркард намояд. Истеҳсоли қуттиҳои шартии сабзавоту мева бошад, дар як моҳ панҷ ҳазор ададро ташкил медиҳад. Айни замон имконияти ба фурӯш баровардани маҳсулоти истеҳсоли ҶДММ «Зиёратшо» берун аз ҳудуди ноҳия низ пайдо гардидааст.

Заминагузорӣ барои бунёди боғҳои нав

ФАЙЗОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)Бо мақсади рушди соҳаи боғдорӣ давоми соли 2016 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 1000 гектар боғи нав бунёд карда мешавад. Деҳоти «Бӯстон» дар ноҳия аввалин шуда, барои бунёд намудани боғҳои нав заминагузориро оғоз намуд. Давоми чанд рӯзи охир дар деҳоти мазкур майдони 25 гектар барои бунёди боғоти нав омода карда шуд. То оғози соли 2016 хоҷагидорони деҳот ният доранд, ки 100 гектар заминҳоро бо ин мақсад омода созанд. Боғҳои нав аз рӯи лоиҳа бунёд гардида, дар онҳо дарахтони гуногуни мевадиҳанда — себ, олу, гелос, анор, шафтолу шинонида мешаванд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР.

Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.