Ба истиқболи 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Халқ бовар дошт ва заҳмат мекашид

№53 (4159) 30.04.2020

Талхат (1)Маро ба  маҳаллаи Таги тути Калони шаҳри Хуҷанд ба хонаи профессор Шарифҷон Аҳмадов китобашон овард – «Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ (1941-1945)». Ӯ аз ҷумлаи муаррихоне ҳастанд, ки  солҳои зиёд ҳуҷҷатҳои бойгониҳоро бодиққат омӯхта, бастаи рӯзномаҳои замони ҷангро варақ зада, бо иштирокчиёни ин набард ва мардуми меҳнаткаши  ақибгоҳ вохӯрдаву гуфтаҳояшонро ёддошт намуда, дар бораи ҳақиқати муборизаи халқ барои ғалаба нақл кардаанд — тавассути корҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ  ва ҳамин китоб.

Синни муаллим ба 90 расидааст. Хотираи хубашон имкон дод, ки суҳбат ҷолибу пурмуҳтаво бошад.

- Ман бачаи солҳои ҷангам, — мегӯянд муаллим. — Соли 1941 ёздаҳсола будам. Дар мактаби маҳаллаамон таҳсил мекардам ва ба кори падари заргарам ёрӣ мерасондам. Аз қиблагоҳ ин касби авлодиамонро омӯхта будам. Бо роҳбарии муаллимонамон, ки аксар зан буданд, тобистон барои хишоваю зардолучинӣ, тирамоҳ барои пахтачинӣ ба колхозҳо мерафтем. Мисли бачаҳои аз вақт барвақттар калоншуда ба кор бо масъулияти баланд муносибат  мекардем. Дар мактаб ҳар рӯз якбурдагӣ нон медоданд, баъзан сарулибос ҳам тақдим мекарданд. Ман кафшдӯзиро ҳам ёд гирифтам ва бо ин касб низ барои пеш бурдани рӯзгорамон ёрӣ   мерасондам.

Бо бачаҳои ҳамсоя субҳи барвақт аз мағоза нон меовардем. То ба хона омадан чандин бор мехостам, ки аз як лаби нон камтарак  шикаста ба даҳонам андозам. Аммо фикри он, ки нон барои аҳли оилаамон аст, маро аз ин кор бозмедошт.

Фоҷиаи ҷанг то ба хонаи мо ҳам расид. Бародарам Муҳаммадалӣ аз ҷабҳа барнагашт, шавҳарони се хоҳари калониам  низ дар ҷанг ҳалок шуданд. Баъди солҳо, вақте ба таҳқиқи таърихи ҷанг машғул шудам, иттилоъ пайдо кардам, ки  аз шаҳри Ленинобод 10  971 нафар, яъне ҳар чорумин сокинаш ба ҷабҳа рафта будааст. Аз ин ҳисоб 5938 кас ҳалок ва бенишон шудаанд. Пайвандони ман ҳам дар ин шумор буданд.

Солҳои донишҷӯӣ дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ва баъдтар чун аспиранти Институти таърих, археология ва этно­графияи АИ Тоҷикистон оид ба таърихи саноати Тоҷикистон маълумот ҷамъоварӣ мекардам. Рисолаи номзадиамро дар мавзӯи «Фаъолияти меҳнатии синфи коргари Тоҷикистон  дар солҳои 1924-1941» навиштам. Дар он, аз ҷумла, нигоштам, ки чӣ тавр Тоҷикистон туфайли меҳнати коргарон ва аз ҷумҳуриҳои дигар расидани ёрӣ – асбобу дастгоҳҳои навтарин дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кишвари индустриалӣ табдил ёфт.

Рисолаи докториам ба мавзӯи «Мусобиқаи сотсиалистӣ дар саноати Тоҷикистон дар давраи мустаҳкамшавӣ ва тараққиёти ҷамъияти сотсиалистӣ (1941-1961)» бахшида шуда буд.

Соли 1972 директори Институти шарқшиносии АИ СССР, академик Бобоҷон Ғафуров маро қабул карда, хеле суҳбат намуданд. Розӣ шуданд, ки вазифаи мушовириро оид ба кори докториам ба уҳда гиранд. Беандоза хурсанд шудам. Таҳсил дар факултети такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии Москва ва сафарҳои дигари вобастаи кори илмиам  ба ин шаҳр имкон доданд, ки бо устод Бобоҷон Ғафуров ҳар гоҳе вохӯрда, бо маслиҳатҳои он кас пажӯҳишамро идома диҳам, дар бойгониҳо маълумот ҷамъ кунам, бо мутахассисони варзидаи таърихи синфи коргар шинос шавам. Ҳамчунин дар Донишкадаи педагогии шаҳр дарс медодам, вазифаҳои гуногунро иҷро мекардам, аз ҷумла, мудири кафедраҳои таърихи СССР, таърихи умумӣ, декани факултети таъриху филология будам.

Азбаски мавзӯям таърихи саноати Тоҷикистонро дар солҳои ҶБВ низ фаро мегирифт, дар ин бора мақолаҳои алоҳида низ навиштам. Баъди солҳо андешае пайдо шуд, ки дар бораи саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ китоб нависам.  Китобро соли 2010 ба муносибати 65-солагии ғалаба дар ҶБВ навишта, ба чоп расондам. Бо вуҷуди он ки муаррихон, журналистон, иштирокчиёни ҷанг дар бораи таъриху рафти ин набард, меҳнати халқ дар ақибгоҳ  китобу мақола ва ёддошт навиштаанд, чаро лозим донистам, ки  дар он мавзӯъ пажӯҳиш анҷом диҳам?  Зеро ки дар он асарҳо, гарчанд ҳар яке хеле ҷолиб аст, масъалаи саҳми кормандони саноати Тоҷикистон ва деҳқонон, ба вуҷуд омадани шаклҳои тозаи мусобиқаҳои меҳнатии коргарон ва коргарони инженер-техникӣ, деҳқонони колхозҳо пурраву амиқ нишон дода нашуда буданд. Дар асарҳои бачопрасида ягонагии ҷабҳаву ақибгоҳро дар ҳар давраи ҷанг  комил дарнаёфтам.  Бисёре аз он асарҳо ба забони русӣ таълиф шуда буданд. Хостам китобро ба забони тоҷикӣ оммафаҳм навишта, ҳамин холигиро то андозае пӯшонам. Албатта, даъво надорам, ки ин мавзӯи муҳим аз тарафи камина пурра инъикос гардидааст. Баъди ман ҳам дар ин бора навиштаанду менависанд.

…Китобро варақ мезанем. Се боби аввал дар бораи нигаронидани саноат ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон барои таъмин намудани фронт, тағйироти миқдорӣ ва сифатии кормандони соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ, қаҳрамонӣ дар фронт ва ривоҷи шаклҳои нави мусобиқаи меҳнатии кормандони соҳаи саноат дар давраи якуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (22 июни соли 1941-18 ноябри соли 1942) ҳикоят мекунад. Мавзӯъҳои мардонагӣ дар фронт ва меҳнати кормандони соҳаи саноат ва деҳқонони колхозҳо дар давраи гардиши бузург дар ҷанг (19 ноябри соли 1942 – декабри соли 1943), корнамоии аскарону афсарон, заҳмати синфи коргару деҳқон дар давраи ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ (баҳори соли 1944 — 9 майи соли 1945) ду боби дигарро ташкил кардаанд. Боби охир дар бораи хидмати олимону табибон,  нависандагону коркунони санъат дар он солҳост.

Бобҳо, аз ҷумла, иттилоъ медиҳанд, ки барои мудофиаи  Москва дивизияи 20-уми аспсаворони Тоҷикистон сафарбар шуда буданд. Ба Тоҷикистон аз Россия 30 корхонаи саноатӣ бо 22 ҳазору 800 коргараш кӯчонида шуд ва аз ҳисоби онҳо на фақат корхонаҳои ҳамсоҳавии Тоҷикис­тон васеъ гардиданд, балки истеҳсолоти нав низ бунёд шуданд. Наздики 300 корхонаи давлатӣ ва артелҳо фронтро бо лавозимоти ҳарбӣ таъмин мекарданд. Занону духтарони хонанишин ба кор дар истеҳсолот ҷалб шуда, ба онҳо касбҳои коргарӣ омӯзонда шуданд. Бригадаҳои комсомолии фронтӣ ба вуҷуд омаданд. Барои таъмини коргарон бо озуқа қитъа­ҳои замини назди 258 корхонаи саноатӣ киштукор шуданд. Садҳо зан тракторрониро ёд гирифтанд ва дар ин кор мардонро иваз намуданд. Бригадаҳои боғдории занон ташкил шуданд. Дар Комбинати абрешими Ленинобод 12 бригадаи занон барои аскарон дастпӯшаку ҷӯробҳои пашмин мебофтанд.

- Дар шароити вазнини давраи ҷанг сарфакории иқтисодӣ аҳамия­ти хеле муҳим дошт, — мехонем дар китоб. Масалан, соли 1943 коргарони заводи чармгарии шаҳри Сталинобод ба ҷои ангишт қувваи офтобро истифода бурда, 215 тонна сӯзишвориро сарфа намуданд. Қатъи назар аз мушкилии зиёд пахтакорони Тоҷикистон майдони заминҳои корамро 16,4 ҳазор гектар зиёд карданд. Кирмакпарварӣ ва аз он тайёр кардани абрешимро  барои дӯхтани парашют хоҷагиҳои кишвар  ва кормандони комбинатҳои абрешим ба уҳда дош­танд. Кормандони боғи ботаникии Помир дар баландкӯҳҳо кишт карданро озмоиш карда, ба ин кор муваффақ шуданд. Онҳо барои  хоҷагиҳои Бадахшон 30 ҳазор  ниҳол парвариш намуданд. Бо пули меҳнаткашони Тоҷикис­тон колоннаи танкӣ ва эскадрилияи самолётҳо сохта шуданд…

Албатта, маълум аст, ки омили ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла, рӯҳияи баланди ватанпарварӣ доштани мардум, дӯстии халқҳо, диловарии ҷанговарони гуногунмиллат дар ҷабҳа, меҳнати коркунони корхонаҳои саноатӣ ва  хоҷагии қишлоқ дар ақибгоҳ буд. Он солҳо иқтисодиёти ҷамъиятии Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, ки неруҳои  асосии мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон, истифода шаванд. Бо мақсади таъмини саривақтии фронт бо маҳсулоти зарурӣ ташкили мусобиқаҳои  сотсиалистӣ байни корхонаҳои ҳамсоҳа — чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ байни ҷумҳуриҳо -  низ далели ягонагии фронту ақибгоҳ аст. Халқ бовар дошт, ки ғалаба мекунад ва заҳмат мекашид, қаҳрамониҳо нишон медод – дар фронт, дар ақибгоҳ…

…Нақли муаллимро гӯш мекунаму меандешам: магар рӯбарӯям як размгари дигари ин набардро  намебинам, ки меҳнаташ солҳост ба наслҳо хидмат мекунаду хоҳад кард? Меҳнате, ки  бо диловарии нафаре дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо  корнамоии заҳматкаше дар ақибгоҳи он баробар аст… Меҳнати доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Корманди шоистаи Тоҷикистон Шарифҷон Аҳмадов…

…Бо муаллим хайрухуш мекунем. Китобро бо худ мебарам. Он ба ман ҳадя шудааст…

Талъат Нигор, рӯзноманигор