Хишти адли бинои бахти инсонҳо

№107 (4057) 05.09.2019

6novҲеҷ як ҷомеа бидуни қонунгузории мукаммал вуҷуд доштаву рушд карда наметавонад. Ин маънӣ дар байти «Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор, зиндагию кор мегирад барор», хеле барҷаста ва сода баён гардидааст. Ба таърихи гузаштаю имрӯзаи дилхоҳ халқияту миллат назар карда, бовар ҳосил намудан мумкин аст, ки хизмати қонун барои башарият ниҳоят арзанда мебошад. Агар ба омилҳои асосии пешрафти давлатҳои тараққикарда назар андозем, қабл аз ҳама, калиди он ҳама дастоварду муваффақиятҳоро дар арҷгузорӣ ба қонун хоҳем дарёфт. Ва, баръакс, бадбахтию нокомӣ, фоҷиаю нооромиҳо дар давлатҳои ҷангзада, ақибмонда низ аз он сарчашма мегиранд, ки дар онҳо риоя ва эҳтироми қонун дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Мутаассифона, миллату давлати тоҷик ҳам солҳои навадуми асри гузашта ба чунин як буҳрону фоҷиаи миллӣ рӯ ба рӯ шуд. Бо заиф гардидан ва ниҳоят пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ ва сар боло кардану қувват гирифтани қувваҳои иртиҷоии ба ном исломӣ, кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, дар мамлакат пояҳои давлатдорӣ суст гардиданд, қонунҳои мавҷуда таъсирашонро гум карданд, кишварро то ба ҳадде беҳокимиятӣ фаро гирифт, ки аксарият умеду бовариро ба ояндаи босубот аз даст доданд. Хисороти бузурги молию ҷоние, ки дар он давраи барои таърихи миллат нангин ба иқтисодиёту маънавиёти мамлакат расонда шуд, ҳанӯз таъсираш аз байн нарафтааст. Ягона бардошти мусбат аз ҳодисаҳои мазкур ба хотири суботу пешрафти Тоҷикистони азиз, сабақи талхи таърихист. Сабақе, ки набояд аз лавҳи хотир дур созем, балки зарур аст, аз насл ба насл аз он ёдоварӣ кунем, то такрор наёбад.

Танҳо бо истифода аз бузургӣ ва тавонмандии қонун пирӯзӣ аз болои қувваҳои аҳриманӣ насиби халқи тоҷик гардид. Он замон барои баровардани ҷумҳурӣ аз вазъи ниҳоят ташвишовар поистани фурсати муносиб, иштибоҳи бузурги дигаре шуда метавонист. Хушбахтона, новобаста аз он ки вазъ ҳамоно ба эътидол наомада буд, қувваҳои солим­фикри ҷомеа таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастанд ва ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 боз ҳам бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Бо шарофати қабули Конститутсияи кишвар, дар муддати хеле кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ ба қонунвайронкуниҳо, муҳимтар аз ин, ба бедодгарию худсариҳои шахсону гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳ хотима бахшида шуд. Мутаассифона, дар ин роҳ қурбониҳо низ кам набуданд. Махсусан, дар миёни ҳомиёни ҳифзи қонуну тартибот, сохти конститутсионӣ, ки Нурулло Ҳувайдуллоев — прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошад. Яъне, таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот кори осон набуд, он ба қимати ҷони абармардони зиёди кишвар ба даст омад. Бинобар ин, эҳтиром нагузоштан ба қонун, маънои душманӣ бо мардуму давлати худ, ҷонибдорӣ накардан аз суботи ҷомеаро дорад. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои кишвар ин эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, садоқати беандоза ба Ватан аст. Дар моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд». Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Нахустин хишти адл андар бинои бахти инсонҳо,

Ба ду дасти адаб қонун чун меъмор бигзошта.

Наргис Ҷабборова, муовини сарнотариуси Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Карим АНВАРОВ, нотариуси калони давлатӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3-и Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе