Иқдом баҳри баландшавии фарҳанги молиявӣ

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

Аз моҳи декабри соли 2015 то охири соли 2019 Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон (DFID) ва Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» корҳоро дар робита ба тақвияти нақши шаҳрвандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар назорати раванди ташкили буҷа анҷом дод. Бахшида ба натиҷаҳои қисмати ба ВАО вобастабудаи лоиҳаи мазкур чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз доир гардид.

Директори ташкилоти зикршуда Шаҳло Акобирова зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур рушди дата — журналистика дар Тоҷикистон тавассути омӯзиши масоили буҷа ва асосҳои идоракунии молияи давлатӣ буд. Ба лоиҳа 50 коршиноси ватанию хориҷии соҳаи молия, журналистикаи телевизионӣ, чопӣ ва чандрасонаӣ ҷалб шуданд.

- Дар давраҳои омӯзишӣ зиёда аз 70 рӯзноманигори расонаҳои гуногун, хизматчиёни давлатӣ, блогерҳо ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни лоиҳа дар 16 тренинг дар соҳаи молияву буҷет, инчунин, воситаҳои чандрасонаӣ донишу малакаашонро такмил доданд, — гуфт Шаҳло Акобирова.

Коршиноси соҳа, рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо иброз намуд, ки дар гузашта нашрияҳои соҳаи иқтисод ба майдон омада буданд, вале фаъолияташон дер давом накард. Яке аз сабабҳояш дар он буд, ки хеле кам рӯзноманигорони соҳаи иқтисодӣ дорем.

- Иштирокчиёни лоиҳа дар давраҳои омӯзишӣ тайи 4 сол 500 матлабро барои телевизион, радио, рӯзнома ва чандрасонаӣ таҳия намуданд, ки зиёда аз 350- тои он дар ВАО ба нашр расида, дар блогҳои иштирокчиён ҷойгузин шуд. Мутаассифона, имрӯз на ҳама расонаҳо шуъбаи иқтисодӣ доранд. Аз ин рӯ, дар доираи лоиҳа сомона оид ба дата — журналистика фаъол шуд, ки дар он маҳсули эҷоди рӯзноманигорони дар лоиҳа ширкатнамуда вобаста ба масоили иқтисодӣ ба нашр расид,- гуфт Раҷаби Мирзо.

Яке аз тренерони асосии лоиҳа, коршиноси масоили идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов зикр намуд, ки натиҷаи фаъолияти лоиҳаи мазкур дар расонаҳо дида мешавад. Тайи чор соли охир шумораи матолиби иқтисодӣ зиёд ва  сифати онҳо беҳтар гардид.

- Хуб мешуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои рӯзноманигорони соҳаи иқтисод дастуре омода менамуд. Ин барои боз ҳам беҳтар инъикос намудани мавзӯъҳои иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард,- гуфт А. Наҷмиддинов.

Иштирокчиёни лоиҳа дар ин чорабинӣ ба амаликунандагони он барои мусоидат дар баландшавии сатҳи касбию маърифатии ҳуқуқии журналистон ва идоракунии босамари ВАО изҳори сипос карданд. Пешниҳод шуд, ки ин иқдом минбаъд низ идома ёбад, зеро он ба баландшавии саводнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад.

С. СУННАТӢ,  «Садои мардум»