Иди зафар муборак!

№52 (4002) 09.05.2019

ЧАНГҶанг! Ин калима ба дилҳо тарс меорад ва хотири мардумро ошуфта мегардонад. Дар пуштманзари ин вожа, ки аз чор ҳарф иборат аст, он қадар мусибатҳои гарон меистад, ки қалам аз тасвираш оҷизӣ мекашад. Пеши рӯ шаҳру деҳи сӯхта, ҷасадҳои бешумор, гиряи тифлони бесоҳибмонда, арӯсони пурармону модарони зор, ҷавонони бедасту бепо, кару гунг ҷилвагар мегардад…

Соли 1941. Душман мехост Давлати Шӯравиро ғофилгир кунад. Дар синаи шаб, даме ки тифлакон дар хоби маст буданд, шаҳрҳои бузургу деҳу деҳкадаро ба коми оташ кашид. Дар замину осмон оташ аланга мезад. Машъалаи оташ сар ба гардун мекӯфт. Соли мор буд. Ба қавли кампири Асила, мори сол ба аждаҳои дамон табдил ёфта, хушку тарро ба комаш фурӯ мебурд. Олмон мехост як давлати бузурги сотсиалистиро мутеъ намояд. Калонҳо мегуфтанд, ки «Гитлер ва ҳамкосаҳояш давлати камбағалпарварро дидан намехоҳанд. Давлате, ки сари фармони ҳукуматаш бачаҳои коргару деҳқон менишастанд, писандашон нест».

231550900Аз понздаҳ ҷумҳурии бародар ҷавонони боору номус ба мудофиаи марзу буми кишвар бархостанд. Аз Тоҷикистон ҳам. Дар он даврони пуртаҳлука ҷавонони ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) худро канор нагирифтанд ва 1110 нафар ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар шуданд. Аз ин шумора 568 нафар кушта гардиду 542 нафар зинда ба Ватан баргашт.

Аз он рӯзҳои мудҳиш вақти зиёд сипарӣ гардид. Дигар шоҳидони фоҷиа ҳам ангуштшуморанд. Бобои Сафол Мирзоев, ки дар синни ҳаждаҳ ба майдони ҷанг рафта буд, имсол ба синни мубораки 95 қадам гузошт. Гоҳ-гоҳ он рӯзҳои пур аз дарду аламро ба ёд меорад ва ҷавононро таъкид мекунад, ки шукронаи Тоҷикистони биҳиштосо намоянд. Шукрона кунанд, ки дар сарзамин сулҳу оромӣ ҳукмфармо ва Пешвои бузургу оқил сарвар аст.

- Бисту дуюми январи соли 1924 дар деҳаи Бедаки болои ноҳияи Ғарм таваллуд шудаам, — даст ба риши сафед бурда, нигоҳашро ба нуктае дӯхта, дафтари хотираҳояшро варақгардон мекунад бобои Сафол. — Мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо хатм кардам. Соли 1942 ба сафи Армияи Шӯравӣ даъват шудам. Аз сабаби набудани автомобил он солҳо пиёда то минтақаи Оби Гарм рафтем. Аз он ҷо моро бо мошин ба шаҳри Душанбе бурда, се рӯз аз тайёрии ҳарбӣ гузаронида, бо либос таъмин намуданд. Моҳи октябр аз Душанбе ба воситаи қатора ба тарафи шаҳри Чкаловск равона шудем. Аз он ҷо ба шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) рафтем. Он солҳо Лениград дар муҳосира буд. Қатора фақат шабона роҳ мерафту рӯзона дар ягон ҷойи хилвати бешазор паноҳ мешуд. Аз истгоҳи Паша гузашта, ба Ленинград ворид шудем. Баъди вохӯрӣ бо аскарбачаҳо ва ҷобаҷокунии онҳо, лейтенанти калон Солиҳов, ки миллаташ тотор буд, мо — се тоҷик ва ду русро ба ҳайати тӯпчиҳо интихоб намуд ва манро командир (наводчик)-и тӯпи 76 мм («дивизионная пушка») таъин кард. Баъди гузаштани курси кӯтоҳмуддати ҳарбӣ ба ман рутбаи «сержант» доданд. Аз декаб­ри соли 1942 то майи соли 1943 дар набарди муҳофизати Ленинград иштирок кардам. Дертар, ҳангоми гузаштани дарёи Сивир ба ҳамшаҳриам — Назар Сайумрон вохӯрии кӯтоҳе доштам. Якдигарро ба оғӯш кашида, ашк рехтем. Тақдирро бинед, зинда баргаштему солҳои зиёд дар ноҳияи Ғарм бо ҳам дар вазифаҳои гуногун кор кардем.

Баъди озод намудани шаҳри Петрозаводски вилояти Карелия маро бо медали «За отвага» мукофотониданд. Моҳи майи соли 1943 аввалин бор Армияи Шӯравӣ аз силоҳи навтарин — «Катюша» истифода бурд. Командирони қисми ҳарбӣ моро бо тарзи истифодабарии он ошно карда, мегуфтанд, ки душман чунин силоҳ надорад. Барои фашистон он воҳимаи бузург буд.

Тобистони соли 1943 моро ба фронти дуюми Украина, ки ба он Малиновский фармондеҳӣ мекард, оварданд. Полки мо ҳамчун полки захиравӣ дар фронтҳои якум ва дуюм меҷангид. Баъди озод намудани Украина маро бо ордени «Ситораи Сурх» сарфароз гардониданд. Солҳои 1944 — 1945 тавассути Молдавия, Руминия, Чехословакия, Венгрия ва Югославия ҷангида — ҷангида ба Берлин ворид шудем. Як лаҳза ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ҳангоми озод кардани Прага душман дар як шаб то ҳафт маротиба ҳуҷум мекард. Аскарони пиёда ақибнишинӣ мекарданд. Ягона умед тӯпчиҳо буданд. Хулоса, як шабонарӯз ҷангида, мавқеамонро аз даст надодем. Рӯзи дигар қувваҳои нав пайвастанд ва душманро торумор кардем.

Ҳаштуми майи соли 1945 Германия таслим шуд. Дар шаҳри Берлин маро бо медали «Победа над Берлином» сарфароз намуданд. Хизматро дар Германия то тирамоҳи ҳамон сол давом додам. Кӯчаю хиёбонҳоро аз пасмондаҳои фашистон тоза, аз лагерҳои консентратсионӣ мардум ва аскаронро озод мекардем. Баъди содир шудани фармони Сарфармондеҳи Олӣ як қисми қувваҳо ба тарафи шаҳри Лвов, аз он ҷо ба Саратов бозгаштанд. Ҳаштуми майи соли 1947 аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шуда, ба зодгоҳам баргаштам. Моҳи майи соли 1957 бо духтари ҳамдеҳаам Гулғунча Ҳафизова оила барпо намудам, ҳоло соҳиби чор фарзанд — ду писару ду духтар, 21 набера ва шаш абера мебошам…

Ӯ то дергоҳ сукут меварзад. Халал намерасонам. Ниҳоят, дубора ба сухан медарояд:

- Бузургтарин неъмат барои инсон сулҳу оромист. Агар тинҷиву амонӣ бошад, одам метавонад ҳама орзуву ормонро амалӣ гардонад. Ман ҳамеша ба мардуми диёр дар ин бора гап мезанам. Андарз мегӯям, насиҳат мекунам. Ба қадри Ватан, сулҳу тинҷӣ расиданамон даркор. Мо акнун офтоби дами ғурубро мемонем. Шукр, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба қадри мо — ҷанговарони куҳансол мерасанд. Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипос мегӯям. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳмат. Сиёсати оқилонаи ӯст, ки моро нигоҳубин мекунанд. Ҳафтае нест, ки як ё ду нафар аз идораҳои дахлдор ба хабаргирӣ наоянд. Солҳои аввал Роҳбари давлат барои мо ҳар сол 1000 сомонӣ мефиристоданд. Порсол 2000 сомонӣ фиристоданд. Ҳар сол ду тонна ангишт низ медиҳанд. Қариб ҳар моҳ як халта орду 5 литр равған, 5 килоӣ биринҷу шакар ва аз 150 то 300 сомонӣ кумак мерасонанд. Духтурҳои бунгоҳи тиббӣ ҳар ҳафта ду маротиба аз ҳоламон хабар мегиранд. Гоҳ- гоҳе духтурҳои номии ноҳия ҳам меоянд. Боз мегӯянд, ки биёед осоишгоҳатон фиристем. Эҳ, агар пои рафтан медоштам…

Агар қуввату дармон медош­там, қатори бачамардҳо дар ободии диёр саҳм мегузош­там, — суханашро идома медиҳад ӯ. — Аз телевизион дастовардҳои мардуми кишварро мебинаму аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёбам. Илоҳо, Тоҷикистон ҳамеша тинҷ, мардумаш осуда ва ба бунёдкориву ободкорӣ машғул бошад. Аз номи мани мӯйсафед ҳамаро ба Иди зафар табрик намо. Ман ҳам субҳи барвақт сари кӯча мебароям ва ҳар роҳгузареро, ки бинам, бо овози баланд садо мекунам: «Иди зафар муборак!».

Диловари Мирзо, «Садои мардум»