Дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

Ифтихор аз меҳану ватандорӣ ба фатҳи қуллаи мурод раҳнамун месозад

№81 (4031) 06.07.2019

Таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ба болоравии маърифати шаҳрвандон мусоидат намуда, дар шароите ки ҷомеаи башарро терроризму ифротгаройӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ таҳдид мекунад, басо муҳим мебошад.

Дар чунин вазъияти ҳассос масъулият ва рисолати шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатии кишварро аз паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Зеро замони муосир ниҳоят мураккаб буда, давраи зуҳури неруҳои тахрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгаройӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ва зуҳури дигари номатлуб мебошад. Аз ин рӯ, вазъияти кунунӣ водор менамояд, ки дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм аз имкониятҳои мавҷуда истифода намоем. Барои пешгирӣ намудани ҳаракатҳои экстремистӣ, монеъ шудан ба паҳн намудани варақаҳое, ки характери таблиғоти ин зуҳуротро доранд, дар тарбияи ҷомеаи солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми босазо гузорем.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (26 декабри соли 2018) аз вазъи ифротгаройӣ ва терроризм дар ҷаҳон ва минтақа бо изҳори нигаронӣ иброз доштанд: «Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Яке аз масъалаҳои дигари муҳим, ки Сарвари давлат дар Паём ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи онҳо ба ҷаҳониён мебошад. Роҷеъ ба ин масъала Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».

Воқеан, кӯшишу талошҳои Давлату Ҳукумати мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии диёр ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги табиӣ баҳри рушд ва ҳифзу эҳёи ҷашну оинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, ки асрҳо ягонагии мардуми тоҷикро таъмин мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва амсоли инҳо равона шудааст. Бо талош­ҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддӣ ворид гардиданд. Дар назар аст, ки мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба созмони зикргардида пешниҳод карда мешаванд.

Бо қарори ЮНЕСКО боз яке аз намудҳои беҳтарини ҳунари мардумӣ — чакан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо, тоҷикон, ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди баору номуси Ватан мебошад.

Пешвои миллат борҳо таъкид ­намудаанд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву со­ҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбу­бамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳиб­истиқ­лоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пеш­рафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам ба­ланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикис­тони азизамон равона кунем». Аз ин рӯ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ва фаҳмиши ба­ланди дав­лату давлатдорӣ, ватану ватандорӣ, дарк ва ҳифз кардани ман­фиатҳои миллӣ ҳалли мас­ъалаҳои дар назди Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ гузош­таро осон ме­гардонад. Рушди иқтисодиву иҷти­моии мамлакат нати­ҷаи фазои озоду суботу оромии бардавом ва устувори сиёсӣ аст. Инчунин, тинҷию оромии мамлакат, ваҳдати миллӣ, иф­тихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро ба сӯи му­заффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод пеш мебарад.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, муовини якуми раиси Суди шаҳри Ҳисор