Индекси шаффофияти Буҷети давлатӣ боло рафт

№17 (3811) 08.02.2018

IMG_4747Созмони Шарикии байналмилалии буҷетӣ (International Budget Partnership) ҳар ду сол як маротиба оид ба индекси шаффофияти маълумоти буҷавии 100 давлати ҷаҳон тадқиқот анҷом медиҳад. Бори нахуст шаффофияти буҷети  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ соли 2013 баҳогузорӣ гардид. Ҳамон сол Тоҷикистон аз 100 холи имконпазир 17  баллро соҳиб шуда, миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ ҷои охиринро ишғол кард. Дар тадқиқоти минбаъда, ки соли 2015 баргузор шуд, Тоҷикистон аз рӯи шаффофияти Буҷети давлатӣ чанд зина  пеш рафта, соҳиби 25 хол гардид.

Маҳфили журналис­тикаи  иқтисодии «Тавозун», ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба мавзӯи «Индекси шаффофияти буҷети Тоҷикистон: ҷараёни инкишоф, мушкилот ва дурнамо» бахшида шуд. Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова иброз дошт, ки баррасии буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию воситаҳои ахбори омма ва таъмини шаффофияти харҷи маблағҳои он аст. Ҷалб намудани доираи васеи журналистон ба масоили буҷет, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии мавзӯъ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Коршинос оид ба идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов  ширкаткунандагонро бо натиҷаҳои баррасии ҷамъиятии буҷет, ки дар ноҳияҳои водии Рашт баргузор гардид, ошно намуд. Ӯ дар хусуси марҳилаи банақшагирӣ ва таҳияи буҷет дар соли ҷорӣ, санадҳои асосии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», раванди баррасии буҷет дар  парлумони мамлакат маълумот дод.

- Дар баробари парлумони ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи мамлакат, инчунин ташкилоти ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, ассотсиатсияҳои соҳибкорон низ  иштирокчии раванди назорати шаффофияти буҷет ба ҳисоб мераванд, — гуфт Абдураҳмон Наҷмиддинов. — Мақсади асосии баррасии буҷет оммавӣ гардонидани маълумот, баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба идоракунии буҷет мебошад.

На ҳама сокинони ҷумҳурӣ дарк мекунанд, ки буҷет чӣ гуна таҳия мешавад? Иддае дар бораи ширкат варзидан дар баррасии буҷет вақт намеёбанд ва ё боварӣ надоранд, ки баррасии ҷамъиятии буҷет натиҷа медиҳад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ баргузории семинарҳо зарур аст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Уктам Ҷумъаев зикр намуд, ки тибқи хулосаи коршиносони ватанию байналмилалӣ дар мамлакат солҳои охир оид ба ворид намудани тавсияҳои Шарикии байналмилалии буҷетӣ тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтаргардонии сатҳи бохабарии ҷомеа аз ҷараёнҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки ҷамъиятӣ дар шаклгирии буҷет таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Натиҷа ин  аст, ки  мувофиқи тадқиқоти созмони Шарикии байналмилалии буҷетӣ индекси шаффофияти буҷети Тоҷикистон соли 2017 аз 100 холи имконпазир 30 холро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2013- ум 13 хол зиёд шуд.

Устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Фирӯз Қодиров зикр намуд, ки ҳарчанд соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии маҳаллӣ» қабул шуд, ҷамоатҳо то ҳол  мустақилона буҷеташонро таҳия карда наметавонанд, зеро  дар аксари онҳо мушкилоти кадрӣ вуҷуд дорад.

- Дар мавзее, ки ман зиндагӣ мекунам, раиси хоҷагӣ муаллими химияю биология ва раиси ҷамоат филолог аст, — гуфт Фирӯз Қодиров. – Ҷои дигар дастпарвари Донишкадаи санъат раиси ҷамоат мебошад. Асос­ҳои иқтисодиро надониста, раиси ҷамоат чӣ гуна буҷети ҷамоатро таҳия мекунад? Мушкилоти дигар набудани журналистони соҳаи иқтисод аст. Вақте рӯзноманигор моҳияти масъаларо нафаҳмад, ӯ чӣ хел мавзӯъро ба хонанда пешниҳод мекунад?

Устоди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Сайалӣ Холмаҳмадов пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ мониторинги вазъи таъмини кадрҳо дар ҷамоату шаҳракҳо гузаронида шавад. Ба ин восита маълум хоҳад шуд, ки то чӣ андоза мутахассисони дорои дониши иқтисодӣ дар таҳияву баррасии буҷети  маҳаллӣ саҳм гузошта метавонанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»