Истиқлолияти давлатӣ – заминаи амалишавии ормонҳои миллӣ

№108 (4058) 07.09.2019

Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 — уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ ноил гардид. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №392 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 9 сентябри соли 1991 рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки ба иқболи миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳури шахсияте ба саҳнаи таърих омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш муҳаббати бепоён ба сарзамину мардум, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ шуълавар буд. Дар сарҳади ҳаёту мамоти миллат ин марди худодод падид омаду хитоб кард: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам»! Ҳамин тариқ, Тоҷикистони тозаистиқлол бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураккабтарин ва сангинтарин ҷодаҳоро сипарӣ кард. Монеаҳоро барандохт, бо хайрхоҳону нохайрхоҳон ба музокира нишаст, гурезагонро ба Ватан баргардонид, парокандагонро дубора пайванд кард.

Сокинони кишвар бештар ба ду санади ҳаётан муҳиму тақдирсоз — Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон арҷ мегузоранд, ки воқеан барои миллат сарнавиштсоз мебошанд. Ба таъкиди Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агар яке мустақилият дода, соҳибихтиёрии давлатро дар арсаи ҷаҳон эълом дошта бошад, дуюмӣ халқро аз нав сарҷамъ намуда, пеши роҳи парокандашавиро гирифт ва сулҳу ваҳдату суботро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.

Бояд зикр намуд, ки ин ду ҳуҷҷати тақдирсоз барои амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати кишвар заминаи воқеӣ ва устувор гузоштанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид, поя ва рукнҳои давлатдорӣ — Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ва устувор шуданд. Инчунин, ҷумҳурӣ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ шомил ва асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуд. Сохторҳои бар асари ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, махсусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқарору ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ ва Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд. Баъди ислоҳоти ҷиддӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф, фаъолияти он ба талаботи замон ва асноди байналхалқӣ мутобиқ гардонида шуд, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам гардид. Баҳри мустақилияти судяҳо ва беҳтар намудани шароити моддию техникии онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шуд. Аз ҷумла, бори аввал бо Фармони Президенти кишвар соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судии ҳуқуқӣ» қабул гардид. Дар раванди амалигардонии он қонунгузории миллӣ такмил ва қонунҳои амалкунанда дар таҳрири нав қабул ва қисми зиёди онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Амалӣ кардани барномаи зикр­шуда ба таҳкими ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат намуд.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз муҳимтарин дастоварди давраи соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Судҳои иқтисодӣ ҳам самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошанд, ки дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба миён омаданд.

Дар ҳоли ҳозир вусъати бемисли рушди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ дар назди судҳои иқтисодӣ вазифа гузоштааст, ки вобаста ба таъмини босуботи фаъолияти низоми судӣ, баамалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани шароити моддию техникии судҳои ҷумҳурӣ ва такмил додани қонунгузории миллӣ якчанд маротиба барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ гардонида шуданд. Ҳамчунин, бо Фармони Президенти мамлакат аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» қабул гардид, ки мавриди амал қарор дорад.

Акнун чун боду ҳаво зарур аст, ки Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дош­та, сарҷамъии миллат ва пойдории сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз карда, дар рушду нумӯи кишвар аз ҳарвақта бештару беҳтар саҳми арзанда гузорем.

А. ХАЙРИДДИНЗОДА, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон