1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Истироҳати бофароғати кӯдакон таъмин мегардад

№75(3376) 01.06.2015

Кӯдакон ниёз ба ғамхорӣ, таваҷҷуҳ ва тарбия доранд. Баровардани ин ниёзи онҳо аз мо — калонсолон масъулияти зиёдро талаб мекунад ва ин рисолати бузургро бояд софдилонаю ғамхорона ба ҷой орем. Агар ба ин масъала бетафовут бошем, барои худу ҷомеа ояндаи ногуворе месозем. Кӯдакон қалбҳои софу беғубор доранд. Ин хислати онҳо барои калонсолон бояд ибратомӯз бошад.

 

Ҳамасола дар мавсими тобистон кӯдакону наврасон дар осоишгоҳҳо ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Бо мақсади амалӣ намудани ин самти муҳими иҷтимоӣ Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол қарори алоҳида қабул карда мешавад. Чунончӣ, ҳанӯз 2 декабри соли 2014 таҳти № 761 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2015» ба тасвиб расид, ки як иқдоми нек ва ғамхории бузург маҳсуб меёбад.

-Масъалаи истироҳату солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо, ташкили истироҳати кӯдакону наврасон, ки аз талаботи Оинномавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бармеояд, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттифоқҳои касабаро ташкил медиҳад, зеро мақому манзалати кӯдак дар Тоҷикистон хеле баланд аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳама суханрониҳои худ бо ҷавонон, аҳли зиёи кишвар ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нисбати кӯдакону наврасон ғамхории падарона зоҳир намуда, ҳамеша таъкид менамояд, ки нисбати ҳалли мушкилоти ба ин масъала рабтдошта аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Дар ин ҷода, қабл аз ҳама, таваҷҷуҳи хосаро ба дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони қобилиятнок равона сохтан амали хайр ва  қарзи инсонӣ буда, аз ҷумлаи рисолатҳои хайрхоҳонаи давлат ва ҳар як фарди солимфикри ҷомеа маҳсуб меёбад,- иброз дошт раиси Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина.

Мавсуф ҳамзамон тазаккур дод, ки ташкилотҳои аъзои иттифоқҳои касаба дар «Соли оила» вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои мутасаддӣ бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон фаъолтар бошанд. Бо мақсади дар соли 2015 самаранок ташкил намудани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таътили тобистона, барои нигоҳдории лагерҳои истироҳатӣ ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар доираи буҷети пешбинишуда ба ҳамаи ташкилотҳои аъзои иттифоқҳои касаба аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 5,1 млн.  сомонӣ пешбинӣ  шудааст. Ғайр аз ин, аз ҳисоби иттифоқҳои касаба,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату ташкилотҳо ва дигар сарчашмаҳо низ маблағи зарурӣ ҷудо мешавад.

Барои муташаккилона ва мақсаднок гузаронидани истироҳати кӯдакон ва наврасон, омода намудани лагерҳои наздимактабӣ, беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва истироҳатию меҳнатӣ, ки ба иттифоқҳои касаба марбут мебошанд, дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ситоди «Тобистон — 2015» ташкил карда шудааст, ки ҳайати он аз ҳисоби кормандони ин ташкилот, роҳбарони ташкилотҳои соҳавӣ, мутахассисон ва кормандони масъул иборат мебошад. Чунин ситод дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ созмон ёфтааст.

Умуман, соли ҷорӣ  4498 лагер, аз ҷумла 3348 лагери наздимактабӣ ва таълимӣ — фароғатӣ,  122 беруназшаҳрӣ, 422  истироҳатию  меҳнатӣ, 8 санаторию  профилакторӣ, 146  варзишию солимгардонӣ ва 451 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ ташкил карда мешавад. Тибқи маълумот дар онҳо дар ду — се ва чор баст 352775  нафар фарзандони аҳли меҳнат ба истироҳату солимгардонӣ бояд фаро гирифта шаванд.

Қабл аз оғози таътили тобистона ташкилотҳои аъзои иттифоқҳои касаба  якҷоя бо мақомоти мутасаддии давлатӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд ташкил намудани  истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон бо роҳбарони лагерҳо ва мураббиён, ташкилотчиёни беруназсинфии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои алоҳида гузаронида, тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд.

Мувофиқи нақшаи корӣ 5 июни  соли равон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки дар лагери беруназшаҳрии «Ҳамсафар», дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бо сардорон ва мутасаддиёни лагерҳои истироҳатии мактаббачагон семинари ҷумҳуриявии амалӣ гузаронида мешавад.

- Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, омодагии лагеру мавзеъҳои истироҳатии ба иттифоқҳои касаба марбутбударо таъмин намуда, истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро мақсаднок ба роҳ мемонад. Ҳамзамон масъалаҳои ҷобаҷогузорӣ ва таъмин намудани лагерҳои истироҳатиро бо кадрҳои роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, аз ҷумла сарварони лагерҳо, кадрҳои омӯзгорӣ, мураббияҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ то охири моҳи май ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст. Ҷараёни иҷрои қарори фавқуззикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати доимии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои аъзои он қарор дошта, барои татбиқи он тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд, — гуфт дар поёни суҳбат Салимзода Шерхони Одина.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»