Мушкилот ва пешниҳод

Кай аз истифодаи бензин даст мекашем?

№88 (3882) 19.07.2018

exterior_2Қариб як моҳ боз нархи сӯзишвории нақлиётӣ дар кишвар баланд шудааст, ки он боиси болоравии нархи роҳкиро дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ гардид. Агар пеш аз қиматшавии сӯзишворӣ мошинҳои сабукрав аз пойтахти мамлакат то шаҳри Турсунзода ба ивази 8-10 сомонӣ нафареро ба манзил мерасониданд, акнун 15 сомонӣ мегиранд. Аз шаҳри Душанбе то ба ноҳияи Шаҳритуз ба ҷойи 30 сомонии пештара 45 сомонӣ талаб мекунанд.

Ҳоло мавсими фаровонии меваю сабзавот ва нархи пиёзу картошка, помидору сабзӣ аз порсол арзонтар аст. Агар нархи сӯзишворӣ баланд шудан гирад, болоравии арзиши меваю сабзавот низ аз эҳтимол дур нест.

Сабаби қиматшавии нархи газу бензин ба пойбанд будани ширкатҳои ватании воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ аз ширкатҳои Россияву Қазоқистон вобастагӣ дорад. Моҳҳои апрел — май ширкатҳои содиркунандаи нефти Россия бинобар пастравии қурби рубл нархи бензинро зина ба зина баланд карданд, то ки фарқи нархи маҳсулоти нефтӣ дар бозори дохилӣ бо нархи содиротӣ зиёд нашавад. Чанде пеш Думаи давлатии Федератсияи Россия ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда, аксиз ба бензину сӯзишвории дизелиро паст намуд. То он дам 24 фоизи нархи бензинро аксиз ташкил медод. Аз нимаи дуюми соли равон, сеяки ин рақам, яъне аз ҳар тонна бензин 3000 рубл камтар аксиз ситонида мешавад. Аз сабаби он ки нархи нефти хом дар бозори ҷаҳонӣ афзуда истодааст, коршиносон тахмин мекунанд, ки оғози соли 2019 мумкин аст боз нархи сӯзишворӣ боло равад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки захираи фаровони нефту газ ва корхонаҳои калони истеҳсоли бензин ва гази моеъ мавҷуд нест, барои то андозае паст кардани нархи сӯзишворӣ тадбирҳои фаврӣ бояд андешид. Ба андешаи ман, пеш аз ҳама, географияи воридкунии маҳсулоти сӯзишвориро васеъ намудан лозим аст. Танҳо бо Россияву Қазоқистон иктифо накарда, бо ширкатҳои нефту гази Туркманистон, Ӯзбекис­тон, Озарбойҷон ва ғайра бояд шартнома баст.

Дуюм, ҷанбаи экологии масъаларо ба инобат гирифта, тадриҷан зарурати истифодаи бензину сӯзишвории дизелиро маҳдуд намудан пеш меояд. Зеро ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллиард тонна сӯзишвории нефтӣ истифода мешавад, ки он сифати ҳаворо вайрон карда, боиси афзоиши газҳои парникӣ мегардад. Иқлимшиносон чанд сол боз беҳуда аз гармшавии иқлими сайёра бонги изтироб намезананд. Маҷаллаи тиббии британиягии «Лантсет» навиштааст, ки ифлосшавии ҳавои атрофи роҳҳо ҳар сол дар Аврупо боиси марги 40 000 нафар мешавад. Заррачаҳои заҳрноке, ки баъди истифодаи сӯзишворӣ ба ҳаво хориҷ мегарданд, ба сар задани бемориҳои музмин ва диққи нафас (астма) мусоидат мекунанд. Аз рӯйи маълумоти Вазорати тандурустии Британияи Кабир, ифлосшавии ҳаво аз газҳои ихроҷнамудаи нақлиёт боиси осебёбии системаи дилу рагҳо мегардад. Зарари ин гуна газҳо алалхусус, дар ҳавои гарму бебориши тобистон бештар мешудааст.

Агар дар ҷумҳурӣ низ вобаста ба ин мавзӯъ тадқиқот гузаронида мешуд, муайян мегардид, ки чӣ гуна ба шарофати афзоиши нақлиёт теъдоди гирифторони бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас зиёд шудааст.

Сеюм, бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳаво ва аз мамлакат берунравии арзи хориҷӣ истеҳсоли биоэтанолро дубора ба роҳ бояд монд. Соли 2007 ширкати «Фондарё» дар Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда истеҳсоли биоэтанол аз ҷуворимаккаро ба роҳ монд. Дар чор қисмати пойтахти кишвар ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаву хушсифати ватаниро мефурӯхтанд. Якҷоя бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон усули аз топинамбур (ноки заминӣ) истеҳсол намудани биоэтанол низ таҷриба шуд. Мутаассифона, иқдоми ин ширкати ташаббускор, ки роҳбариашро бонуи фаъол Садафмоҳ Абдуллоева ба зимма дорад, дастгирӣ наёфт. Агар ташаб­буси ширкати «Фондарё» аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар мақомоти марбута дастгирӣ меёфт, имрӯз аксари нақлиёт дар пойтахти кишвар чун шаҳрҳои Аврупо, Бразилия, ИМА ва Япония бо биоэтанол ҳаракат мекарданд.

Маълумоти мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷиҳати истеҳсоли биоэтанол Бразилия дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад. Ин кишвар нефт надорад, вале нисфи талаботаш бо сӯзишвориро тавассути истеҳсоли биоэтанол қонеъ мегардонад. Соли 1975 дар ин ҷо Барномаи миллии рушди биоэтанол қабул гардида буд. ҳоло истеҳсоли солонаи он зиёда аз 21 миллиард литрро ташкил медиҳад. ИМА ва Бразилия якҷо 70 фоизи биоэтаноли ҷаҳонро истеҳсол мекунанд. Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Шветсия, Филиппин, Россия, Украина ва Қазоқистон низ истеҳсоли биоэтанолро ба роҳ мондаанд.

Дар бисёр кишварҳо бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва сарфаи сӯзишвории нефтӣ ба истеҳсоли дизели биологӣ кайҳо шурӯъ кардаанд. Дизели биологӣ аз равғани маъсар (рапс), соя, нахл (палма), офтобпараст, зағер ва дигар зироатҳои равғандор истеҳсол карда мешавад.

Тибқи нақша то соли 2020 бояд истеҳсоли солонаи биодизел дар ҷаҳон ба 100 миллион тонна расад. Дар Олмон соле 5 миллион тонна биодизел истеҳсол мешавад ва дар он ҷо нархи ин сӯзишвории биологӣ аз солярка арзон аст. Ширкати «Алфакат»-и Олмон таҷҳизоти КСД — 500 истеҳсол намудааст, ки он аз зарфҳои пластикӣ дар як соат 500 литр дизели биологӣ ҳосил мекунад. Намояндаи ширкати мазкур Алимхон Бурҳонов чанд сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти мазкурро ба вазорату ширкат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муаррифӣ намуд. Мутаассифона, ягон шердиле пайдо нашуд, ки онро бо арзиши 4,5 миллион евро харидорӣ кунад. Агар дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ яктоӣ чунин таҷҳизот харидорӣ мегардид, кайҳо хароҷоташ ҷуб­рон ва ҷӯю дарё, кӯчаҳо аз зарфҳои пластикӣ тоза мешуд.

Чорум, аксар олимони соҳаи физика гидрогенро сӯзишвории автомобилии асри XXI мешуморанд. Агар истеҳсоли доимиву ба зарфҳо ҷойгир кунонидани гидроген ҳалли худро ёбад, мушкилоти харидани сӯзишворӣ ва пок нигоҳ доштани муҳити зист ҳал мешавад, зеро баъди «сӯхтан»-и гидроген об ҳосил мегардад. Олимони шинохтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва Ҳаким Аҳмадов тавассути матбуот дар хусуси дурнамои истеҳсоли гидроген дар мамлакат изҳори андеша намуда, пешниҳод карда буданд, ки усули тавассути гидролизи об ҳосил кардани гидроген аз лиҳози иқтисодӣ барои мамлакат манфиатовар мебошад. Афсӯс, ки ин пешниҳод ҳанӯз дастгирӣ наёфтааст.

Панҷум, барои ҷумҳурӣ, ки захираи фаровони об ва истеҳсоли неруи барқро дорост, истифода аз нақлиёти барқӣ дурнамои хуб дорад. Баъд аз буҳрони молиявии соли 1973 дар бисёр кишварҳо таваҷҷуҳ ба нақлиёти барқӣ зиёд гашт, зеро электромобилҳо ба муҳит таъсири манфӣ намерасонанд ва садои паст доранд. Мушкили нақлиёти барқӣ дар қиматии арзиши онҳо ва кам будани муҳлати ҳаракат бо неруи аккумуляторҳо буд. Баъди арзоншавии бензин ҷараёни гузаштан ба электромобил каме ба таъхир афтод, аммо дар оғози асри XXI ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, ба монанди «Ҷенерал моторс», «Тойота», «Рено», «Опел» «Тесла» ва ғайра мақсад гузоштанд, ки ба истеҳсоли электромобилҳои дорои аккумуля­торҳои замонавию пуриқтидор шурӯъ мекунанд.

Ширкати ҳиндустонии «Mahindra» панҷ сол боз арзонтарин электромобили ҷаҳонро истеҳсол мекунад. Хэтчбеки тамғаи «Reva» дорои мотори барқии иқтидораш баробари 43 қувваи асп буда, дар он аккумуляторҳои литий — иондор насб шудааст. Захираи аккумуляторҳо барои 100 километр мерасад. Суръати баландтарини ҳаракати мошини қариб беовоз 81 километр-соатро ташкил медиҳад. Тавассути розеткаи муқаррарӣ аккумулятори мошин дар 5 соат қувват мегирад. Нархи он, ки барои 4 мусофир пешбинӣ шудааст, 2700 доллари амрикоист. Ҳукумати Ҳиндус­тон барои истеҳсоли арзонтарин электромобили ҷаҳон 4,1 миллиард доллар ҷудо намуд. Электромобили ширкати «Mahindra» ғайр аз истифода дар Ҳиндус­тон ба Шри-Ланкаю Непал, Бутан, Норвегия ва Британияи Кабир низ содир мешавад.

Агар тоҷирони кишвар бо ширкати «Mahindra» дар бораи ворид намудани электромобилҳои «Reva» ва «Mahindra е 20 Plus»-и панҷдара шартнома банданд, бовар дорам, ки мошинҳои ҳиндӣ ба тезӣ мӯд мешаванд, зеро аксар мошинсаворони кишвар рӯзе 80-100 километрро барои ба ҷойи кор рафтану омадан тай мекунанд, ки қуввати электромобилҳо мерасад.

Эстония, ки сӯзишвориро аз хориҷа ворид мекунад ба иқдоми ҷолибе даст зад. Ҳукумати ин кишвар барои истифодаи мақомоти давлатӣ 500 электромобил харид. Ҳоло теъдоди электромобилҳо дар он аз 1000 адад гузаштааст. Ҳукумати Қирғизистон низ ба наздикӣ бо мақсади ривоҷ додани истифодаи электромобил воридсозии нақлиёти барқиро то 31 декабри соли 2019 пурра аз андози гумрукӣ озод намуд. Матбуоту парлумони Қирғизис­тон аз ибтидои соли равон масъалаи оммависозии электромобилро ба миён гузоштанд ва масъала зуд роҳи ҳалли худро ёфт.

Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ 5-6 сол боз ин масъала дар матбуот баррасӣ шуда истода бошад ҳам, пешравие дида намешавад. Шояд баъди чопи ин мақола масъалаи рӯ овардан ба нақлиёти барқӣ ва сӯзишвории алтернативӣ дар Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирад?!

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»