Марди шуҷоъ ва фидоии миллат

№52 (4002) 09.05.2019

Хайдар КосимовҚаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов яке аз мардони шуҷоъ ва фидоии миллат буд. Вай дар  душвортарин замони таърихӣ ба муқобили фашизм ба майдони набард рафта, қаҳрамониҳои бемисл  нишон додааст. Хизматҳои ҷангӣ, далериву ҷасорати Ҳайдар Қосимовро дар муҳорибаҳо, хусусан барои озодкунии Украинаву гузаштан аз дарёи Днепр, ба назар гирифта, соли 1943 ӯро бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонданд.

Соли 1988 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 100- солагии Шӯриши Восеъ, аз 26 июл то 26 август, дар ҳайати иштирокчиёни сафар бо номи «Бо пайроҳаҳои Восеъ ва Восеътанон» маро муяссар гашт, ки бо ҳамроҳии ин марди ҷасур бисёр  корҳоро ба сомон расонем. Ҳайат 10 нафар  шахси дорои касбу кори гуногун – журналисту нависанда, омӯзгору духтур, санъаткорону наваскаронро дар бар мегирифт. Ҳадафи асосӣ амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии насли ҷавон буд. Мо дар қисмати дуюми сафар бо даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев, аз деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ва Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ба набардгоҳҳои даврони мудҳиши Ҷанги Бурзурги Ватанӣ, ки ҷавонмардони тоҷик дар он ҷойҳо қаҳрамониву шуҷоат нишон додаанд, ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина ва Назди Балтика рафта, бо кормандони даҳҳо комиссариату қисмҳои ҳарбӣ мулоқот намудем. Бо тоҷикписарони дархизматбуда вохӯрӣ гузарондем. Дар ин бора бо номи «Пайванди дилҳо» тавассути нашриёти «Эҷод» китоберо низ ба табъ расонидам.

Ана, дар ҳамон як моҳи бо ҳам  будан аз Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов бисёр  паҳлуҳои ҳаётро омӯхтам. Ӯ, дар ҳақиқат, инсони комилу фозил, ватандӯст ва фидоии миллат буд. Гарчанд дар  китоби ишорашуда доир ба хислату рафтори ибратбахши ӯ ишораҳо намуда бошам ҳам, ҳанӯз ногуфтаву нонавиштаҳои зиёд дорам.

Ҳамсафарамон — даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев пас аз хизмат таҳсилро идома дода, касби ҳарбиро пеша намуд, рутбаи лейтенанти калонро соҳиб шуд. Аммо дареғ! Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ риштаи ҳаёти ин ду тан — пиру  шогирдро барканд. Муҳибуллои ҷавону далер дар замони барқароркунии ҳукумати конститутсионӣ ҳадафи тири нохалаф гардид. Риштаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов бошад, ибтидои  соли 1993 дар Вахшонзамин – Ватани аҷдодӣ аз дасти «шӯрапуштони наҳзатӣ» ваҳшиёна канда шуд. Ин марди ҷасуру қаҳрамон аз дасти фашистони гитлерӣ не, аз дасти «фашистони навбаромад»-и ватан бераҳмона ба қатл расид.

Дар ин бора рӯзномаи  «Хатлон» бо унвони «Герой Советского Союза- воевавший против фашистов, убит террористами ТЭО ПИВТ» (27.11.2017) мақола дарҷ намуд. Афсӯсу дареғ!!!

Банда, даҳҳо расми калони суратгири «ТАСС» Сергей Жуковро, ки дар ҳамон айём гирифта буд, менигараму он рӯзҳоро ба ёд меорам ва ба дарёи  андеша ғарқ мешавам. Айнакҳои сиёҳи барои ёдоварӣ додаи Ҳайдар Қосимов ва мактубҳои  табрикиашро то ҳол ҳамчун ганҷе дар хона нигоҳ медорам…

Ҷояш ҷаннат бод!

 

Дар расм (аз чап ба рост): нависандаи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ва абераи Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ, омӯзгор Раҷабалӣ Камолов.

шаҳри Санкт — Петербург (собиқ Ленинград), соли 1988.

Амир Сайиди Мункӣнависанда