МАСЪУЛИЯТУ РИСОЛАТРО БОЯД ДАРК НАМОЕМ

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Такмили пайвастаи Конститутсияро рушди устувору босуботи ҷомеа тақозо мекунад. Пазируфтани тағйиру иловаҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон баргузор мегардад, аз ворид шудани мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва комёб гардидан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодат медиҳад.

Яке аз тағйироте, ки дар матни Конститутсия бояд ба амал ояд, калимаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда мешавад, зеро он тамоми паҳлуҳои калимаи «Конститутсия»-ро дар бар гирифта наметавонад.

Як қисми тағйиру иловаҳо ба мақомоти судӣ ва судяҳо иртибот доранд, ки бамаврид ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷумла моддаи ҳаштоду панҷум дар таҳрири нав ифода гардидааст. Дар ин модда талабот нисбат ба шахсест, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин мешавад.

Аз рӯи ин муқаррарот, ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМБК, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Тавре бармеояд, меъёри нав дар ин қисм доштани танҳо шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Тағйири моддаи понздаҳум шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Тибқи он «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе маҳсуб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад».

Муқаррар гардидааст, ки барои интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ собиқаи кории касбии ҳадди ақал 7-сола зарур мебошад. Аз рӯи тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда шахси бори аввал ба ин вазифа интихобшуда дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад. Албатта, ин меъёр дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионӣ» мавҷуд буд. Хуб аст, ки бо ин тағйир савганди судяи Суди конститутсионӣ низ дар сатҳи Конститутсия муқаррар мешавад. Дар ин маврид, албатта, шинохти масъулияту рисолат бештар мегардад. Инчунин пешбинӣ гардидааст: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад». Тағйироти мазкур муҳим ва масъулиятнок будани ин вазифаро собит месозад.

Абдуллозода Ҷамолиддин абдулло,

муовини раиси Суди ноҳияи Ҳисор