Миллат бояд зери Парчами миллӣ ҷамъ ояд

№44 (3994) 20.04.2019

СуратБа вазъи ноороми олам, ки бар асари он асосан хонаи мусулмон месӯзад, назар намуда, ба ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки онҳоро Худои якка офарида, Паёмбари барҳақ ҳидоят ва китоби ягонаи осмонии «Қуръон» роҳнамоӣ кардааст. Ба назарам, онҳо ин ҳақиқатро дар ёд доранд, аммо фаромӯш кардаанд, ки ҳама фарзанди бобои Одаманд, дарду захму саодатро баробар эҳсос мекунанд ва онҳоро умумиятҳои бузурге мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид мекунад.

Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби маврид ба оромию вазъи муътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодат аст, таҷдиди назар намояд. Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз қодир аст фазои орому ободи моро таъмин созад. Ин ҳақиқати бебаҳсро асосгузори мазҳаби мо таъкид ва бузургони гузашта бо арҷгузории урфу одат, анъанаҳои миллӣ собит кардаанд. Ислом ва бузургии он дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазавот, на тундгӯию қитол, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии халқу миллатҳои гуногун дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.

Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳама давру замон ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад. Аз ин ҷиҳат, агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки онро қабул кардаанд, бингарем, дар пойдор доштани ҳувияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб, хусусан, тоҷикон, хидматҳои амалии соҳибмазҳаби мо — Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит (р) аз ҳама бештар ба назар мерасад.

Дар ибтидои асри дувуми ҳиҷрӣ (ҳаштуми мелодӣ), баъди вафоти Пайғамбар алайҳиссалом, асосан фатвои шаръӣ на ба тариқи хаттӣ, балки аз ҷониби соҳибфатвоён шифоҳӣ содир карда мешуд. Соҳибфатвоҳо дар масъалаҳои зиёд ба миллату қавмҳои дигари ғайри араб монеаҳо эҷод карда буданд. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки ­«Қуръон»-ро ба дигар забон тарҷума кардан мумкин нест ва ҳар касе ки фаҳмидани маънои онро хоҳад, бояд забони арабиро омӯзад, шарҳу таъвили «Қуръон» фақат бояд бо забони арабӣ ва тафсири он бо ояту ҳадис бошад. Ҳеҷ олиме ҳақ надорад, ки бо фаҳму заковат ва маърифат маънои онро баён кунад ва инчунин, то асри тадвин, яъне асри савуми ҳиҷрӣ, иҷозат намедоданд, ки ҳадисҳои Пайғамбар алайҳиссалом навишта шаванд ва чунин масъалаҳои мубрам зиёд буданд. Чунин ба назар мерасид, ки урфу одат, расму оин, иду ҷашнҳои миллату қавмҳои навмусулмон ба инобат гирифта намешуд, манфиати миллатҳои ғайри араб сарфи назар мегардид.

Соли 700 — уми мелодӣ Нӯъмон ибни Собит дар шаҳри Кӯфа, дар оилаи форс-тоҷик ба дунё омад ва дар назди устодони бузург улуми замон аз худ карда, дар байни халқ соҳибфатво шуданд. Барои Имоми Аъзам (р) ислоҳоти куллӣ дар ақида, мактаби фиқҳӣ ва андешаҳои миллӣ ва илмӣ пеш омад, ки кори осон набуд, аммо оқилона чорчӯбаи муқарраргардидаро шикастанд ва аз оятҳои «Қуръон»-и карим, ҳадисҳои шариф, ки арзишҳои миллиро тарғиб мекунанд, бо далелҳои раднопазир масъалаҳои шаръиро ба тариқи нав фатво доданд. Аз ҷумла, тафсир ва тарҷумаи «Қуръон»-ро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва ба шарҳу таъвили оятҳо дохил намудани фикри муфассирон, дар намоз бо забони форсӣ — тоҷикӣ ибодатро фатво доданд. Бо ин мавқеи муайян ва навовариҳо дар таълимоти дин ин фарзанди фарзонаи миллат ба мазаммату маломати баъзе аз душманони миллатҳои ғайриараб рӯ ба рӯ шуданд.

Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ ҳар вақте ки аз «Қуръон» ва ҳадис далел пайдо намешуд, бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рӯи «қиёс» масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳо, яъне миллиро, ҳамаҷониба ҳаллу фасл менамуданд.

Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани «урф» анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросими миллиро бо баёни он ки хилофи шариат нестанд, иҷозат фармуда, роҳи миллати моро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд. Ин хидматҳои Имоми Аъзам чунин маънӣ доштанд, ки арзишҳои миллӣ камтар аз динӣ ва мазҳабӣ нестанд ва онҳо дар рӯзгори инсоният нақши бориз доранд, бидуни он инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.

Бояд донем, ки миллати тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул кардааст. Фарзандони миллат, дар мисоли Имоми ­Аъзам, Имом ал — Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаи дигар, барои пойдории дини мубин ва шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузош­танд ва муваффақ ҳам шудаанд.

Аз ин хотир, ҳамчун як фарзанди миллат, ходими дин, нооромиҳои олам, хусусан суиистифода аз дини исломро дида, бо ҳисси масъулият ба мардуми Тоҷикистон ва хусусан, ба ходимони дини кишвар, муроҷиат менамоям, ки дин бояд ҳамчун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмат ба ҷо оварад. Ходимони дин дар пайравии бузургон бояд дар байни мардум чунон фаъолият намоянд, ки дар зиндагӣ ва давлатдорӣ миллат зери Парчами миллӣ ҷамъ ояд, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хидматҳои Пешвои миллат бирасем, таҳти роҳбарии одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанро обод кунем.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, сархатиби вилояти Суғд