Тақвим

Моҳи ҷашну санаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ

№117 (4067) 01.10.2019

фалакОктябр пур аз ҷашнҳои бузург, санаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва  идҳои касбист. Санаҳои муҳимтарини он зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр), Фалак (10 октябр), кинои тоҷик (16 октябр), иди Меҳргон(якшанбеи сеюми моҳ) ва Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (24 октябр) аст, ки басо рамзист. Дар тақвими ҳам кишвар ва ҳам ҷаҳон октябр бо Рӯзи байналмилалии куҳансолон оғоз меёбад. Гарчанд пайдоиши ин рӯз дар тақвими ҷаҳонӣ ба ҷопониҳо марбут аст, намояндагони  миллату халқиятҳои дигар низ метавонанд онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намоянд.

ООНРӯзи дуюми моҳ Рӯзи байналмилалии бидуни зӯрӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо қарори Маҷмаи умумии СММ соли 2007 қабул гардида, дар рӯзи мавлуди пешвои роҳи мубориза барои озодиву истиқлолияти Ҳиндустон- Маҳатма Гандӣ қайд карда мешавад. Сабабгори пайдошавии ин ҷашн низ маҳз ин шахсияти бузург маҳсуб меёбад.

- Бисёр чизҳое мавҷуданд, ки ман тайёрам ба хотири онҳо бимирам, — гуфта буд М. Гандӣ, — вале чизе вуҷуд надорад, ки ба хотири он ман омода бошам бикушам.

Маҳатма Карамчанд Гандӣ ба муқобили истифодаи зӯрии ҷисмонӣ дар роҳи ба даст овардани дигаргуниҳои иҷтимоӣ баромад менамуд ва сокинони кишвар таҳти ғоя ва сарварии ин шахсияти бузург бидуни истифодаи зӯрӣ дар мубориза бар зидди империяи Британия зафар ёфтанд. Ғояҳои башардӯстонаи Маҳатма Гандӣ боис шуданд, ки рӯзи мавлудаш низ бо номи «Ганҷи Ҷаянти»   таҷлил мегардад.

Ҷашни дигари сиёсӣ Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ҳукми қатл (10 октябр) аст. Ғояи асосии ташаббускорони ҷашн дахолатнопазирии ҷони инсон аст.  — Касе ҳуқуқ надорад ҷони дигареро бигирад, — мегӯянд онҳо. Ҳоло дар аксар кишварҳои олам ҳукми қатл бекор карда шудааст.

Ҷашнҳои дигари муҳими моҳ моҳияти иҷтимоӣ доранд. Муҳимтарини онҳо Рӯзи умумиҷаҳонии манзили зист (7 октябр) аст. Ҷашн соли 1985 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ  қабул гардидааст. Ғоя ва ҳадафи он мисли яке аз барномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар бобати бо манзили зист таъмин намудани ҳар як сокини болиғи мамлакат афсонаро мемонад. Ҳадафи ташаббускорон боз бузургтар аз нақшаҳои ИҶШС буд. Онҳо то соли 2000-ум сокинони сайёраро соҳиби манзили зист дидан мехостанд. Вале ҷашн то ҳол аҳамият аз даст надодааст, зеро барои ҳар инсон манзил зарур аст ва бояд ҳуқуқ ба манзил дошта бошад.

10744Ҳадафи Рӯзи умумиҷаҳонии нон (16 октябр) ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди қашшоқӣ (17 октябр) аз номашон маълум асту ҳамдигарро пурра месозанд. Пӯшида нест, ки алҳол миллионҳо одам дар гӯшаву канори дунё гуруснагӣ мекашанд ва муҳтоҷ ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонианд. Рӯзи байналмилалии занони деҳот (15 октябр) таъкиди аҳамияти кору фаъолияти занони рустоист, ки ободии дастурхони сокинони шаҳрҳо аз меҳнати дасти онҳо аст. Рӯзҳои байналмилалии хушдоман (27 октябр) ва духтарон (11 октябр) ҳушдор менамоянд, ки наздиконро фаромӯш насозем. Як ҳарфи хуш дар ин рӯзҳо қалби онҳоро ба зиндагӣ гармтар месозад.

Рӯзи 31-уми ин моҳ тавсия мешавад, ки ба исрофкорӣ роҳ надиҳем (Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ), шаҳрамонро дӯст дорем (Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо), баъзан табассум намоем (Рӯзи умумиҷаҳонии табассум-5 октябр) ва ҳаргиз ба муқобили сухани сардор (шеф), (Рӯзи сардор -16 октябр) набароем. Он гоҳ зиндагӣ беҳтару зеботар мегардад.

Дар октябр соҳибони беш аз 10 касбро метавон бо иди касбӣ шодбош гуфт. Албатта, пеш аз ҳама, ҷашни муаллимон (Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим-5 октябр) аст. Вале дар кишвар он якшанбеи аввали моҳ таҷлил карда мешавад. Баъдан, рӯзҳои умумиҷаҳониву  байналмилалии духтурону меъморон (7 октябр), кормандони почта (9 октябр), ситорашиносон (5 октябр), анестезиологҳо (16 октябр), кормандони иттиҳодияҳои қарзӣ (17 октябр), ошпазҳо, авиадиспетчерҳо, кормандони соҳаи маҳсулоти ғизоӣ (20 октябр), китобдорони мактабҳо, офарандагони филмҳои тасвирӣ (28 октябр) қайд мегарданд.

astronomyДар ин моҳи фасли тирамоҳ тавсия мешавад, ки ба саломатӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошем, зеро бо тағйирёбии обу ҳаво ва фарорасии рӯзҳои сарду бориш аксари бемориҳо хурӯҷ хоҳанд кард. Мақсад аз қайд намудани рӯзҳои умумиҷаҳонии солимии равонӣ ва биноӣ (10 октябр), мубориза бо артрит (12 октябр), остеопороз (20 октябр),  псориаз ва сактаи мағзӣ (29 октябр) пешгирӣ аз хавфи авҷ гирифтани бемориҳои зикршуда аст. 15 октябр ҷашни аҷибе барои кӯдакон бо унвони Рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯӣ қайд мегардад.

Иду ҷашнҳои экологӣ низ дар моҳи даҳуми сол зиёданд. Муҳимтарини онҳо Рӯзи умумиҷаҳонии ҷонварон (4 октябр) аст, ки аз соли 1931, пас аз баргузории Конгресси байналмилалии тарафдорони ҳаракат барои ҳифзи табиат дар Флоренсия қайд карда мешавад. Санаи дигар Рӯзи умумиҷаҳонии кам намудани хатари офатҳо (13 октябр) мебошад, ки ҳадафи ҳар ду рӯз ҳам якест. Дар дунё теъдоди юзи сафед ва парандаҳои кӯчӣ ниҳоят кам мондааст ва ҳифзу зиёд намудани саршумори онҳо барои наслҳои оянда аз вазифаҳои муҳими айём маҳсуб меёбад. Қабули рӯзҳои умумиҷаҳонии парандаҳои кӯчӣ (12 октябр) ва юзи сафед (23 октябр) ба ҳамин мақсад аст.

Ҳамчунин, дар Англия Рӯзи себ ва дар Франсия Рӯзи кастона ( ҳар ду 21 октябр) таҷлил карда мешавад.

Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»