Муъҷизае, ки баҳо надорад

№62 (4012) 30.05.2019

Vaksh RiverИмрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамчунин норасоии он дар баъзе аз кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Аз ин рӯ, онро бояд ҳифз намоему манбаву захираҳои беҳамтою ноёбашро оқилонаю сарфакорона истифода барем.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, дорои 8492 пирях, 1300 кӯли гуногунҳаҷм ва 220 чашмаи маъданӣ мебошад. Вазифаи асосии ҳар як тоҷикистонӣ сарфакорона ва эҳтиёткорона нигоҳ доштани ин бойигарии худодод аст. Дар шароити кунунӣ, ки теъдоди нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ торафт зиёд мешаванд, газҳои парникию партовҳо ба фазо паҳн шуда, атмосфераро ғализ мегардонанд, ки ин ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад.Аз ин лиҳоз, тозаю софу зулол нигоҳ доштани манбаву захираҳои об алалхусус, оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, истеҳсолоту хоҷагии қишлоқ ва оқилонаю сарфакорона истифода бурдани он, вазифаи ҳар як фарди солимфикр ба шумор меравад.

Об дар ташаккули ҳама гуна организм нақши муҳим дошта, маҳз ба василаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Агар ба таърихи ҳаёти гузашта бингарем, чунин ба назар мерасад, ки ниёкон обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш намуда, баъзе аз анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мегардониданд.

Дар кураи Замин зиёда аз 2,5 миллиард нафар одам ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ дорад. Ҷумҳурии мо дар ҷодаи манбаву захираҳои обҳои тозаи нӯшокӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

«Об ҳаст ободӣ ҳаст», мегӯянд дар урфият. Об аст, ки мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯ ва пояндагӣ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида  инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату  пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст.

Дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои об, ки дар шаҳри Киотои Ҷопон 18-уми марти соли 2003 доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об солҳои охир барои бақои ҳаёти инсоният аҳамияти ҷиддӣ пайдо менамоянд…».

Перомуни санадҳои қонунгузорӣ дар моддаҳои 13-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Замин сарватҳои зеризаминӣ, обу захираҳои он, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойигариҳои табиӣ» таъкид шудааст: «Сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об ба моликияти давлатӣ буда, давлат истифодаи оқилонаю самаранокии онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».

Аз нигоҳи илми зистшиносӣ муайян карда шудааст, ки ҳаёт ва нишонаҳои он аз ибтидо дар об ба вуҷуд омадааст. Об яке аз унсурҳои табиати мӯъҷизакор ва мавҷудияти организмҳои зинда мебошад. Об сарвати бузурги иқтисодист, ки тавассути он иншооти азими ҳаётан муҳим ва зарури кишвар ба мисли неругоҳҳои барқи обӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ин рӯ, онро сарфакорона ва оқилона бояд истифода намуд, то ин ки ҷумҳурӣ аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ба зудӣ раҳо ёбад.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули хушбахтии олами ҳастӣ мебошад.

Хулоса, яке аз масъалаҳои муҳими замон ҳифзи сарватҳои табиат аст. Агар обро сарфакорона мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳаёти солимро хоҳем дарёфт. Тарзи солими зиндагӣ ба маданияти баланди инсон вобаста аст. Субҳ бо нур оламро мунаввар намояд, об вуҷуди оламу одамро пок сохта, равшан менамояд. Аз ин рӯ, об манбаи рӯшноист.

Қурбоналӣ ХУДОЁРОВ, Фирдавс ШАРИФОВ, омӯзгорони кафедраи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб